БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АРТРИТ : БЕМОРИИ БУҒУМҲО

Мутахассиси бахши шикастабандии (ортопедӣ)

Бемористони Ибни Сино,                        

доктор Қурбонали Мирзобеков

 

Артрит бемории илтиҳобии банду буғумҳо буда, дар радифи бемориҳои ревмотологӣ (тарбодӣ) бисёр паҳнгашта мебошад. Ин беморӣ бештар хосси одамони калонсол аст, аммо солҳои охир ашхоси нисбатан ҷавон ҳам ба артрит мубтало мегарданд.

Маҳз ба ҳамин хотир, донистани сабабҳои он ва роҳҳои пешгирии артрит аҳамияти вежа пайдо мекунанд. Хатари асосии тамоми бемориҳои банду буғумҳо дар он нуҳуфта гардидааст, ки онҳо бисёр вақт инсонро ба маъюби гирифтор мекунанд. Бемории артрит низ дар ин радиф истисно нест. Агар артрит дуруст ва сари вақти табобат нагардад, ба артроз мубаддал мегардад, ки дар натиҷаи он бофтаҳои банду буғумҳо бадҷинс ва корношоям мегарданд.       

Ба рушди артрит омилҳои зиёд сабаб мешаванд. Ба ин омилҳо бемориҳои сироятӣ, сармохӯрдагӣ, исстресҳо, халалдоргаштани мубодилаи моддаҳо (метаболизм) дар бадан, ҷароҳатҳо, кори сахти ҷисмонӣ, одатҳои бад ва ғ. шомил мегарданд. Инчунин ниқрис (дарди мафосил ё подагра - бемории банду буғумҳо, ки ҳангоми он дар ковокии буғумҳо намаки кислотаи карбомид ҷамъ мегардад) метавонад ба артрит оварда расонад.

Артрит ба навъҳои гуногун тақсимбандӣ гардидааст. Ин навъҳо иборатанд аз: артрити сироятӣ, артрити ҷароҳатӣ, артрити ревматоидӣ ва ғ. Дар кӯдакони то 16 сола бошад, гоҳе авқот навъи артрите буруз мекунад, ки сабабҳояшро то ба ҳол ошкор накардаанд. Ин навъи бемориро - артрити ювеналии ревмотоидӣ меноманд.

Артрит ҳам дар шакли шадид ва ҳам дар шакли музмин ҷараён меёбад. Артрити шадиди метавонад боиси дарди шадиди гардад ва инсонро дар зарфи ду се рӯз аз пой дароварад. Артрити музмин бошад, метавонад солҳо тӯл кашад ва нишонаҳои беморӣ гоҳ пайдо мешаванд ва гоҳ нопадид мегарданд.         

Нишонаҳои асосии артрит ва бештари бемориҳои банду буғумҳо, аз дард дар банду буғумҳо ва карахтшавии онҳо ибратанд. Дард  дар бештари маврид хусусияти беқароркунанда ё нолишӣ дорад ва гирди буғумро варам мекунонад. Сабаби варамӣ,  ҷоришавии моъеи изофии молиданӣ ба буғум (дар ҷавоб ба ҷараёни илтиҳобӣ) ва пайдоиши "гиреҳҳои" устухонӣ ба шумор меравад. Варамиҳои буғумӣ, бештар дар занони аз 40 сола боло ба вуҷуд меоянд.                       

Барои табобати самараноки артрит ва дигар бемориҳои банду буғумӣ, ошкоркардани саривақтии онҳо нақши вежа дорад. Ба ҳамин хотир, ҳангоми пайдошудани дард дар банду буғумҳо ё карахтшавии онҳо, бояд ҳар чи зудтар ба мутахассис муроҷиат кард. Барои ошкор кардани сабаби аслии артрит беморон аз рентген, УЗИ гузашта, таҳлили хун месупоранд. Табобати беморӣ ҳам бо усули доругӣ ва ҳам бо усули ҷарроҳӣ ба роҳ монда мешавад. Барои пешгирии беморӣ бошад, тарки одатҳои бад, тағзияи муносиб, фаъолияти ҷисмонӣ, истироҳати самаранок ва дурӣ аз истресҳо тавсия мешаванд.    

ФОТО

 

ВИДЕО