БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЧАРО КӮДАКОН ХУРРОК МЕКАШАНД?

Мутахассиси бахши Гӯшу Гулую ва Бинии (ЛОР)

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев.

 

Одатан хуррок кашидан дар хоб хосси одамони калонсол аст. Ин амал албатта сахт нороҳаткунанда аст, аммо билохира маъмулист ва зиёд ҳам ба назар мерасад.

Аммо вақте кӯдакон хуррок мекашанд, ин воқеъан нигаронкунанда аст, чун амали ғайримаъмулист. Тибқи оморҳои тиббӣ, наздики 5 % и  кӯдакони синнашон аз 1 то 7 сола, дар хобашон хуррок мекашанд.

Албатта на ҳар ҳолати хуррокашӣ нишонаи ин ё он беморӣ мебошад, аммо хурроккашии кӯдак бояд волидайнро нигарон кунад, то сабаби аслии ин падидаро ҷустӯҷу кунанд. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки хурроккашӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакон падидаи зараровар мебошад. Бо сабаби он мағзи сар ҳангоми хоб, миқдории зарурии оксигенро дарёфт намекунад ва ин боиси хастагии музмин, бадрафтори дар рӯз ва ақибмондагӣ дар рушди фикрӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Чун миқдори асосии ҳормони рушд (сомототропӣ, ки ба рушди кӯдакон ҷавобгӯст), маҳз шаб истеҳсол мегардад. Ва агар хоби кӯдак ноором бошад, дар бадани ӯ камбуди ин ҳоромон мушоҳида мегардад ва рушдаш ба таъхир меуфтад.       

Хурроккашӣ ба нафаскашии кӯдак ҳам таъсири манфӣ мерасонад ва хуруҷи шадиди хурроккашӣ дар хоб,  метавонад  ба қатъи нафаскашиаш мунҷар гардад. Ба андешаи мутахассисон сабабҳои асосии хурроккашии кӯдакон иборатанд аз:         

- вуҷуди ашёи беруна дар пешгоҳи коми кӯдак. Ин ҳолат ба ҳаёти кӯдак хатар дорад, чаро ки монеъи дастрасии озоди ҳаво ба пешгоҳи ком мегардад;   

- вазни изофӣ. Ин падида, яке аз сабабҳои паҳнгаштаи хурроккашӣ ҳам дар кӯдакон ва ҳам дар калонсолон ба шумор меравад. Одатан киллоҳои изофӣ дар ҷойҳои ба чашм ноаён ҷамъ мешаванд  ва маҳз вазни изофӣ боиси танг гардидани роҳҳои нафаскашӣ, хусусан роҳи биниву ҳалқ мегардад. Ин ҳолат сабаб мегардад, ки ҳангоми хоб ҳаво номунтазам ба кӯдак бирасад ва нафаскашиаш душвор гардида, ӯ хуррок мекашад;

- васеъ шудани аденоидҳо (бодомакҳои бинӣ, балъум). Ин ҳолат низ яке аз сабабҳои асосии хурроккашии кӯдакон ба шумор меравад. Аденоидҳо дар пешгоҳи коми кӯдак ҷойгир гардидаанд ва дар калонсолон  вуҷуд надоранд. Агар бодомакҳои бинӣ васеъ гарданд, ба нафаскашии озоди кӯдак халал мерасонанд ва ӯ ба хурроккашӣ медарояд. Одатан бодомакҳои бинӣ баъди  7 солагӣ хурд гардида, оҳиста оҳиста аз байн мераванд. Аммо гоҳе авқот, кӯдакро сахт азият мекунанд ва чораи ягона, бо усули ҷарроҳӣ дур кардани онҳо ба шумор меравад. Бодомакҳои бинии васеъшуда, на танҳо сабаби хурроккашӣ, балки боиси отитҳои (варами гӯш) доимӣ, халалдоргаштани нафаскашӣ ва ғ. мегарданд;           

- варами пешгоҳи ком бо сабаби зуком. Агар кӯдак дар вақти бемории зуком, вақте биниаш баста шудааст хуррок кашад, набояд нигарон шуд. Баъди сиҳҳат шудан ин хурроккашӣ аз байн меравад;             

 - ринити аллегикӣ. Ин беморӣ низ метавонад сабаби хурроккашии кӯдак гардад. Ва чун ренити аллергикӣ бемории музмин аст, хурроккашии кӯдак ҳам тӯлонӣ мегардад. Ба ҳамин хотир аввал бояд аллергияро табобат кард.       

Инчунин сабаби хурроккашии кӯдак, хусусиёти сохтори пешгоҳи комаш метавонад бошад. Як қатор хусусиёти анатомӣ метавонад боиси хурроккашии кӯдак гарданд ва танҳо муоъинаи мутахассис метавонад ин хусусиётро ошкор кунад. Хурроккашии кӯдаконро табиби ЛОР муолиҷа мекунад. Волидайн бояд дар хотир дошта бошанд, ки бо сабаби хурроккашӣ, мағзи сари кӯдак дар хоб азият мекашад. Умуман дастрасии миқдори зарурии оксиген ба мағзи кӯдак дар хобу бедорӣ аҳамияти вежа дорад, чун норасоии он, метавонад боиси бемориҳои гуногуни асабӣ ва ақибмондагӣ дар рушди ақлонӣ ва ҷисмонии кӯдак гардад.                   

ФОТО

 

ВИДЕО