БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЗАНОН ВА САРДАРД

Mутахассиси бахши амрози занона (гинекологии)

Бемористони Ибни Сино,                    

доктор Ситора Қодирова

 

Дарди сар маъмулан ба мардону занон яксон таъсир мерасонад ва намояндагони ҳар ду ҷинс ба он гирифтор мегарданд. Аммо сардардҳое ҳам вуҷуд доранд, ки ба онҳо танҳо занон мубтало мегарданд.

Тибқи оморҳои тибби низ занон аз мардон дида, бештар гирифтори сардард мегарданд. Ба андешаи пизишкон сабаби ин ҳолат хусусиёти организми занон ба шумор меравад.                               

Аз ҳама сабаби паҳнгардидаи сардард - халалҳои рагӣ унвон гардидаанд. Ин халалҳо рагҳоро дар дохил ё хориҷи мағзи сар васеъ ва танг намуда, боиси пайдошавии сардард мегарданд. Сардарди шадид, ки бе ҳеҷ сабаб худ аз худ пайдо мешавад, одатан дарди нимсара (мигрен) мебошад. Ба дарди нимсара ҳам, занон аз мардон дида бештар тамоюл доранд.                   

Инчунин сабабҳои зиёди дигар монанди: ҳарорати баланд, исстрес, афсурдагӣ, хастагӣ, болоравии фишори хун, таранг гардидани мушакҳои гардан ва тахтапушт ва ғ. метавонанд сабабгори сар задани сардард гарданд. Сардард ҳатто бо сабаби тағзияи нодуруст ва гуруснагӣ ҳам метавонад пайдо шавад. Аммо бар хилофи мардон, дар сардарди занона, ҳолати ҳормонӣ таъсири зиёд дорад. Ва чун ҳолати ҳормонии бадани занон доиман дар тағйир аст, зиёдтар гирифтори сардард мегарданд.   

Бештар аз нисфи сардардҳои занона, ба одати моҳонаи онҳо вобастагӣ дорад. Дар ин айём, миқдори эстероген ва прогестерон (ду ҳормони муҳим) дар организми зан тағйир меёбанд. Ба ҳисоби миёна, як ҳафта қабл аз одати моҳона, сатҳи ҳормонҳо дар организми зан якбора поин меравад ва ин поинравӣ ба рагҳои мағзи сар таъсир мерасонад. Дар натиҷа зан гирифтори сардард мегардад. Мутахассисон ин навъи сардардро "нимсараи (мигрени) моҳонаӣ" меноманд.   

Истеъмоли доруҳои зидди ҳомиладорӣ ва табобати ҳормоналӣ низ метавонанд боиси сар задани сардард гарданд. Агар ингуна дарди сар чандон шадид набошад, табибон онро як ҳолати табии бадан қаламдод мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳангоми сардард ба занон тавсия мекунад, доруҳои таскиндиҳандаи сардардро истеъмол намоянд. Хусусан ҳангоми нимсараи шадид.       

Аммо сардардҳои ҳамроҳ бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва ихтилоҷӣ шадид, метавонанд нишонгари бемориҳои гуногун бошанд ва дар ин ҳолат бояд фавран ба табиб муроҷиат кард. Баъзан сабаби сардард тарзи ҳаёти зан мегардад. Барои поин бурдани хуруҷи сардард бояд як ҳафта қабл аз одати моҳона истеъмоли намакро дар хӯрок кам кард ва аз маҳсулоти дардисаровар монанди: қаҳва, шоколад, маҳсулоти намакин ва дудхӯрда даст кашид. Истеъмоли витаминҳо ва аносури муфидро бошад дар тағзия зиёд намуда, бештар истироҳат кунанд ва аз ҳолатҳои исстреси худро дур кунанд.                                       

ФОТО

 

ВИДЕО