БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АҶОИБОТИ БАДАНИ ОДАМӢ

1. Ба андешаи мутахассисон, чашми одамӣ дар як рӯз камаш аз 1 то 4 миллилитр ашк ҷорӣ мекунад. Дар ҳолати гиря кардан миқдори ашки ҷоришуда боз ҳам афзоиш меёбад. Ин миқдор ашк ҳамарӯза барои тар кардани чашмони мо зарур аст.

Дар акси ҳол узви биноӣ беоб меагардад. Инчунин олимон муаян кардаанд, ки занон аз мардон дида, 4 маротиба бештар гиря мекунанд.                 

2. Дар тамоми ҳаёти худ одам тақрибан 33 тонн моеъ ва наздики 20 тонн ғизо истеъмол мекунад. Энержие, ки дар натиҷаи ҳазми ин миқдор ғизо ба вуҷуд меояд, барои гарм кардани хонаи масоҳаташ 100 метри муррабаъ,  дар муддати 10 сол басандагӣ мекунад.                                    

3. Мутахассисон мегӯянд, ки ҳатто баъди шустани дақиқи дастон, дар онҳо тақрибан 100 организми хурд  дар сантиметри муррабаъ боқӣ мемонанд. Дар шароити феълӣ, ҳеҷ восита ва васоили зиддиуфунатие вуҷуд надорад, ки пӯстро ба пуррагӣ тоза намояд.         Бо фишурдани кафи дасти одами дигар, мо дар якҷоягӣ бо 15 миллион организми хурд ҷудо мегардем ва ҳамин миқдорро аз кафи дасти бегона дарёфт мекунем. Дар вақти бӯсидан бошад, мубодилаи наздики 40 миллион микроб ба вуқӯъ мепайвандад.             

4. Бадани оламӣ, ду давраи рушди бошиддатро доро мебошад. Давраи аввал - дар соли аввали ҳаёт ба вуқӯъ мепайванд. Ин ҳангом, бадани одамӣ то 30-35 сантиметр дароз мегардад. давраи дувум ба ҳангоми балоғат рост меояд. Дар ин давра бадани инсон дар 2-3 сол то 15-25 сантиметр дароз мешавад. Агар суръати миёнаи рушди бадано аз замони таваллуд то анҷоми синни балоғат ҳисоб кунанд, суръати ин рушд 8 сантиметр дар солро ташкил медиҳад. Агар инсон тамоми умр бо ин суръат рушд мекард, қадди ӯ дар охири умраш 6-6,5 метрро ташкил медод.                                                                               

5. Дар ҳолати фаъолияти оддии ҷисмонӣ, инсони дар арзҳои шимолӣ маскун, тариқи пуст тақрибан 700 мл. арақ ҷудо мекунад. Аммо сокинони арзҳои тропикӣ бошанд, дар рӯз то 4 литр арақ  ҷудо мекунанд.  Сабаби ин тафовут, суръати баланди мубодилаи моддаҳо дар шароити иқлими гарм ба шумор меравад. Дар тамои ҳаёти худ мардон то 18 ва занон т о 20 тонна арақ ҷудо мекунанд! Сабаби зиёд арақ кардани занҳоро бошад тӯлони будани умрашон қаламдод кардаанд.

ФОТО

 

ВИДЕО