БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЛЕЙКОТСИТҲО - "ПУЛИСИ" БАДАН

Мутахассиси бахши озмоишгоҳи

Бемористони Ибни Сино,

доктор Хуросон Набиева.

 

Ба андешаи мутахассисон дар дохили бадани мо, ҳар лаҳза муборизаи ноаён миёни ҳуҷайраҳои бадан ва нерӯҳои "ишғолгар"  (боктериҳои бегона, ҳуҷайраҳои саратонӣ ва вирусҳо), барои ба даст овардани энержӣ ва моддаҳои ғизоӣ ҷараён дорад. Ин муҳориба дар хун, лимфа, пӯст ва бофтаҳои организм ҷараён мегирад.

Дар ин набард, бадани одамӣ як навъ "пулиси" худро дорад, ки нақши онро дар организм ҳуҷайраҳои сафеди хун - лейкотситҳо бозӣ мекунанд. Маҳз лейкотситҳо ҳуҷайраҳои бегонаро аз "худӣ" ҷудо мекунанд. 

Ҳар ҳуҷайраи бадан, дар худ аломати фарқкунандаи себуъдӣ аз сафедаҳои махсусро доро мебошад, ки онро истилоҳан зиддиген (антиген) меноманд.  Вуҷуди зиддиген дар ҳуҷайра, ки хосси ҳуҷайраҳои организми мазкур мебошад,  ҳуҷайраи "худиро" аз таъсири лейкотситҳои "пулис" дар амон нигаҳ медорад. Аммо агар ҳуҷайра дорои зиддиген набошад ё ин зиддиген таҳти таъсири ягон омил (масалн ҳангоми ревмотизм) тағйир ёфта бошад, қисмати он аллакай ҳал шуда аст ва лейкотситҳои полис онро нобуд мекунанд.           

Як навъи ҳуҷайраҳои сафеди хунӣ, фаготсит (аз лотинӣ ғаламуси ҳуҷайраҳо) ном доранд. Фаготситҳо доиман дар хун шино мекунанд ва моддаҳои хатарноки ғайриорганикиро фурӯ мебаранд. Агар фоготсит ҳуҷайраеро бо зиддигенҳои бегона вохӯрад, пойҳои худро ҷониби "душман" равон намуда, онро ба даруни худ фурӯ мебарад ва ҳуҷайраи бегонаро тавассути ферменти (онзими) - протеолиз ҳазм мекунад. Баъд аз ин, фаоготситҳо зиддигени бегонаро барои ҳамаи ҳуҷайраҳо ба намоиш мегузоранд ва ба ҳаммаслакони худ бонги хатар ирсол мекунанд.   

Дар баробари фаготситҳо, Т-лимфотситҳо ҳам аз хатар огоҳ мегарданд. Т-лимфотситҳо - лейкотситҳое мебошанд, ки аз ғадуди тимосӣ гузашта, дар онҷо қобилияти баланди шиносоии зидигенҳои бегонаро касб кардаанд. Т-лимфотситҳо метавонанд миллионҳо зиддигенро аз якдигар ҷудо кунанд. Баъди дарёфти бонги хатар, дастаи аввали Т-лимфотситҳои ёрдамчӣ (хелперҳо) ба хун ворид шуда, "душманонро" пайдо мекунанд.  Як гурӯҳи Т-лимфотситҳо зуд ба ёрии фаготситҳо расида, гурӯҳи дигарашон ба василаи пайвастҳои махсуси химиявӣ ба гиреҳҳои лимфавӣ ва испурч бонги хатар ирсол мекунанд ва ёрӣ мепурсанд. Дар ҷавоб, аз гиреҳҳои лимфавӣ ва испурч Т-лимфотситҳои "қотил" берун меоянд, ки қодиранд бевосита ва ба танҳои "душманро" нобуд кунанд. Онҳо ба василаи пайвандҳои махсуси химиявӣ, ҳуҷайраи сироятшударо, мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд. Дар натиҷа ҳуҷайра таркида, "худиҳову" "бегонаҳо" ба ҳалокат мерасанд.

Гурӯҳи саввуми Т- ҳуҷайраҳо низ вуҷуд дорад. Ин Т-ҳуҷайраҳо дар ғадуди тимсосӣ таълим надидаанд. аммо бо вуҷуди ин қобилияти шинохти ҳуҷайраҳои бегона ва нобуд кардани оҳоро доранд. Ин  Т- ҳуҷайраҳо хусусан алайҳи вирусҳое, ки боиси омосҳои гуногун мегарданд, фаъол мебошанд. Ҳамин тариқ, Т- ҳуҷайраҳо аз ҳама сареъ ба сироят аксуламал нишон медиҳанд.                         

Инчунин, баъди дарёфти бонги хатар аз ҷониби Т-хелперҳо дар гиреҳҳои лимфавӣ ва испурч, В-лимфатситҳо синтез мегарданд. Ин ҳуҷайраҳо дар муддати як ду шабонарӯз ба ҷои сироятёфтаи бадан мерасанд. Дар ин муддат В-лимфатситҳо, ҷисмҳои бегонаеро месозанд, ки сохти химиявиашон ба малекулаи сафеда шабоҳат дорад. Ин ҷисмҳои бегона, дақиқан ба зидигенҳои микроорганизмҳои хориҷӣ баробар меоянд. Вақте  В -лимфатситҳо ба "душман" наздик мешаванд, ба онҳо ҳуҷум намекунанд , балки ҷисмҳои бегонаи истеҳсол кардаашонро дар сатҳи ҳуҷайраи хориҷӣ ҷойгир мекунанд. Ин дар навбати худ, навъи дигари ҳуҷайраҳои ҷанговари бадан - "комплементҳоро", ки аз 9 гурӯҳи сафедаҳо иборатанд фаъол мекунад. "Комплемент"  сироятро аз чаҳор тараф иҳота намуда, онро нобуд мекунад. Баъди нобудии сироят, навъи чоруми Т- ҳуҷайраҳо -  "испурҳои фавқулъодда" вориди майдон мегарданд ва ба гируҳҳои лимфавӣ ва испурч хабар медиҳанд, ки истеҳсоли Т-қотилҳо ва В-лимфотситҳоро қатъ кунанд.   

Бофтаҳои ҳуҷайраҳо ва лейкотситҳои  аз сирояти ҳалок шударо, фаготситҳо дар худ фурӯ бурда, бад ин васила хунро тоза мекунад.                                                     

Умуман дар натиҷаи ин задухӯрд, аз ҳур ду ҷониб миллионҳо ҳуҷайра ба ҳалокат мерасанд. Т-ҳуҷайраҳои баъди ғалаба бар сироят боқӣ монда, аллакай қобилияти муқовиматии бештаре касб мекунанд ва дар ҳолати сирояти дубора, организм зудтар бар алайҳи он муқовимат мекунад. Ва ҳар қадар Т-ҳуҷайраҳо маълумот оиди зиддигени бегонаро дар худ нигаҳ доранд, ҳамон андоза бадани одамӣ нисбати он беморӣ нерӯи дифоиашро ҳифз мекунад.      

 

ФОТО

 

ВИДЕО