БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

доктор Саидалиев Шерали.

  

Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Системаи вестибюларӣ бо системи равишӣ (вегитивӣ) сахт алоқаманд аст, бинобар ин, ҳангоми сарчархзании вестибюларӣ, иллатҳо хусусиёти равишӣ ва равонӣ дошта низ иттифоқ меуфтанд.                               

Ба ҳамин хотир, ҳангоми сарчархзанӣ бисёр вақт одамро ҳиссиёти тарс, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, рангапирадигии пӯст, аррақкунии зиёд ва ҳолати изтироб фаро мегирад. Аммо сарчархзанӣ новобаста аз пайдоиши ҳиссиёти тарс, ба худии худ хатаре надорад, чун танҳо аломати ягон беморист. Ва бояд ҳар чи зудтар сабаби аслии чарх задани сарро муаян кард. Чаро, ки сарчархзанӣ метавонад аломати бемориҳои хутарноке монанди инсулт, ташкилаҳои омосии мағзи сар, фаромӯшхотирии парешон (рассеяный склрероз) ва ғ. бошад.                             

Ба андешаи мутахассисон, сарчархзаниҳои зуд-зуд метавонанд  дар ҳолатҳои зерин ба вуқуъ пайванданд: 

1. ҳангоми ҷараёни илтиҳобӣ дар гӯши миёна;         

2. илтиҳоби асабии (неврит) вестибюларӣ ё синдроми Менйер - беморие, ки ҳангоми он миқдори моеъ дар ҳафраи (ковокии) гӯши миёна якбора зиёд мегардад. Ҳангоми ин ҳолат инсонро ғайр аз сарчархзанӣ, инчунин овоз дар гӯшҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ азият медиҳанд;             

3. ҳангоми иллатдор шудани яктарафаи шунавоӣ;           

4. ҳангоми халалдор гаштани гардиши хун дар мағзи сар;             

5. ҳангоми бемориҳои сутунмӯҳра, хусусан дар қисмати гардан.  Дар ин ҳолат ғайр аз сарчархзанӣ инсон эҳсоси дард дар қисмати гардан мекунад;   

6. дар натиҷаи ҷароҳати куҳнаи сутунмӯҳра ё сар;           

7. ҳангоми нимсара (мигрен).       

Инчунин сарчархзанӣ метавонад ҳангоми якбора тағйир додани ҳолати бадан, масалаен ҳангоми якбора баланд шудан ба вуҷуд ояд. Ин навъи сарчархзанӣ барои саломатӣ хатар надорад (онро сарчархзании хушсифати мавқеъиятӣ меноманд).  Гоҳе авқот ҳангоми сафар дар нақлиёти шаҳрӣ ва ғ. инсон дучори сарчархзанӣ мегардад, гоҳе сабаби чарх задани сар истеъмоли антибиотикҳо мегардад. Дар ин ҳолат истеъмоли оҳоро бояд кам ё пурра қатъ кард.       

Аммо сабаби аслии сарчархзаниро танҳо мутахассиси ҳирфаӣ метавонад муаян намояд.     

Ва агар хуруҷи сарчархзанӣ бо ихтилоли гуфторӣ, беҳолии якбора, шахшавии дасту пой ва дугунагӣ дар чашмон ҳамроҳ бошад, ҳатман бояд ёрии таъҷилиро даъват кард ва инсонро ба бемористон иинтиқол дод. 

ФОТО

 

ВИДЕО