БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

 1. Сурхрӯда. Ин узви дастгоҳи гувориш вазифаи расонидани хӯрок ба меъдаро иҷро мекунад. Аммо хусусиёти ҷойгиршавии ин узв сабаб мегардад, ки ҳар иллат ё илтиҳоби девораҳои он дар ҳолат шуш ва дил мунъакас гардида, барои ин ду узв метавонад пасомадҳои басо вазнин ба бор орад. 

2. Меъда. Ин узв беваосита дар ҳазми хӯрок ширкат мекунад. халалдор гаштани кори меъда дар тамоми организм ва мхусусан узвҳои ҳамсоя таъсиргузор хоҳад буд. Сабаби халалдор гаштани кори ин узв, метавонанд бемориҳои гуногун аз қабили, гострит (илтиҳоби меъда), диспепсӣ, гастродиоденит, ва захми меъда гарданд.   

3. Ғадуди зери меъда. Ин узв гарчанде чандон бузург нест, аммо аҳамияти вежа дорад. Ин ғадуд ҳормонҳо ва онзимҳои (фермент) барои ҳазми хурок зарурӣ ва барои фаъолияти кулли бадан муҳимро коркард мекунад. Халал дар кори ин ғадуд ба бемории панкреатит мунҷар мегардад ва он дар навбати худ, қодир аст инсонро ба диабети қанд мубтало гардонад.                       

4. Ҷигар. Ин узви бениҳоят муҳим танҳо дар 12 солагии инсон комилан шакл мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир ба кӯдакон тавсия мегардад, аз хурдани ғизоҳои равғанин парҳез кунанд. Вазоифи ҷигар бениҳоят зиёд аст. Ғайр аз тавлиди онзимҳои зарурӣ, ҷигар баданро аз маводи самъи поккорӣ мекунад. Тамоми маводи доруӣ, алкул ва дигар моддаҳои хатарнок маҳз аз тариқи ҷигар вориди бадан мегарданд ва ин ба ин узв таъсири манфии зиёд мерасонад. Ҷигар метавонад ба ҳепотит, сероз ва дигар бемориҳои хатарнок мубтало гардад ва ин ба тамоми бадан таъсиргузор хоҳад буд.   

5. Заҳрадон (кисаи сафроӣ). Вазифаи асосии ин узв коркарди онземҳои барои ҳазми хӯрок зарурӣ ба шумор меравад. Ин узв метавонад мубтало ба бемории холецестит  гардад ва дар ин сурат, норасоии онземҳо ба халал дар ҳазми моддаҳои ғизоӣ оварда мерасонад ва инсон гирифтори норасоии витаминҳо, халал хӯрокҳазмкунӣ, пастшавии нерӯи дифоии бадан ва ғ. мегардад.                               

6. Рӯда. Маҳз дар ин узв, ҷазби тамоми моддаҳои ғизоӣ иттифоқ меуфтад. Ҳатто бемории соддае монанди дисбактериоз, ки рӯда ба он мубтало мегардад, метавонад  боиси паст гардидани миқдори витаминҳо ва моддаҳои дигари муфид дар бадан гардад.     

Аммо агар бемориҳои зикр гардида, бисёр вақт дар шакли музмин ҷараён пайдо кунанд, ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки боиси бистари гардидани бемор мешаванд ва метавонанд аворизи хатарноке барояш дошта бошанд. Маъмултарини онҳо аппендицит ба шумор меравад. Имрӯз ин иллат ҳатто дар кӯдакони навзод ҳам вомехӯрад. Дар ҷои дуввум чурра қарор дорад. Аммо аворизи аз ҳама хатарнок перитонит (варами пардаи рӯи ҳикам) ба шумор меравад. Ин иллат ҳамеша тариқи амали ҷарроҳӣ табобат мешавад. Перитонитро ҳамаи бемориҳои дар боло зикр гардида ва инчунин ҷароҳатҳо метавонанд ба бор оранд.       

Бемориҳои дастгоҳи гувориш ҳамеша бо аломатҳои мушаххас ҷараён меёбанд. Дар бештари маврид ин аломатҳо иборатанд  аз: дилбеҳузурӣ, дард дар қисмати шикам, зардаҷӯш, қайкунӣ ва дарунравӣ. Ҳангоми ҷараёни шадиди ин бемориҳо инсон метавонад мубало ба асцит ва зардпарвин гардад. Барои пешгирии ин аворизи су муроҷиаи сариҷақти ба мутахассис нақши вежа дорад ва табибон аз рӯи ин аломатҳо бемориҳои дастгоҳи гуворишро зуд ва дақиқ ташхис медиҳанд.                                                                  

ФОТО

 

ВИДЕО