БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КОРДИОПАТӢ ДАР КӮДАКОН (НАВЪҲО, ТАШХИС ВА ТАБОБАТ)

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,                                                                

доктор Мунира Нӯъмонова

 

Кордиопотия бемории миокорд буда, дар натиҷаи он мушаки дил гирифтори равандҳои гуногуни илтиҳобӣ мегардад.

Ин беморӣ аз ҳама бештар миёни кӯдакон дида мешавад. Кардиопотӣ метавонад ҳам модарзодӣ ва ҳам касбкарда бошад.   

Дар ҳоли бузург шудан бадани кӯдак, гоҳе авқот дучори халалҳои ҷидии ҳормонӣ мегардад. Ин халал, мӯъҷиби хасташавии зиёди кӯдак гардида, мубодилаи моддаҳои фоидаоварро дар бадани ӯ суст мекунад. Ва ин ҳолат билохира кӯдакро ба норасоии кори дил оварда мерасонад. Яке аз пасомадҳои паҳнгаштаи ин беморӣ - халали якбораи вазни бадан ба шумор меравад. Инчунин дар кӯдакони гирифтор ба кордиопатӣ, нафастангӣ (ҳатто дар вақти оҳиста роҳ рафтан) низ метавонад пайдо шавад.           

Ҳангоми мушоҳидаи кучактарин асари кордиопатӣ, бояд дар ҳол ба табибон муроҷиат кард. Бемории мазкур барои саломатии кӯдакон хатари ҷиддӣ дорад ва метавонад мушкилоти зиёдеро аз қабили: васеъ гардидани девораҳои миёни меъдачаҳои дил; рушди нодурусти меъдачаҳо; анастомез; тангии нафас (стеноз);  ва хурд гардидани даричаҳои дил ба бор орад. Ҳар як аз ин мушкилот ба алоҳидагӣ дер ё зуд ба халал дар кори дил мунҷар магарданд.   

Чанд навъи кордиопатӣ вуҷуд дорад, ки бештари онҳо дар синни кӯдакӣ пайдо мешаванд. Аз ҳама навъҳои паҳнгаштаи ин беморӣ: кордиопатии модарзодӣ; дуюмдараҷа (сонавия); фуксионалӣ ва дисплостикӣ ба шумор мераванд. Миёни инҳо, кордиопатии фуксионалӣ ҷои махсусро ишғол мекунад. Ин навъи кориопатӣ аз ҳама бештар дар кӯдакон ва наврасон дида мешавад.         

Хусусиёти ин навъи кордиопатӣ, дарди сим-сим (нолишкунанада) дар қисмати дил буда, эҳсоси дар метавонад зуд аз байн биравад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо, дард муддати тӯлонӣ (ҳатто чанд шабонарӯз) аз байн намеравад. Кордиопатии фуксионалӣ, ҷавоби организми кӯдак ба фаъолияти аз ҳад зиёди ҷисмонӣ мебошад. Барои мисол, ин навъи кордиопатӣ миёни наврасоне, ки ба онҳо дарси тарбияи ҷисмонии дуруст намедиҳанд, зиёд ба назар мерасад.             

Кӯдакони гирифтор ба тарбод (ревматизм) бошанд, метавонад  ба кордиопатии диспластикӣ мубтало гарданд. Ин ваъи кордиопатӣ бофтаҳои дилро хароб мекунад ва ин бофтаҳо баъдан бо бофтаҳои нави нопойдор ҷойгузин мегарданд. Ва чун бофтаи харобшуда наметавонад вазоифи асосии худро дар вақташ иҷро кунад, ин падида ба норасоии кори дил мунҷар мегардад.         

Навъи дигари кордиопатӣ - кордиопатии дуюмдараҷа (сонавия) ба шумор меравад. Ин навъи кордиопатӣ, натиҷаи бемории тӯлонии сармохурдагӣ ба шумор меравад. Ва дар ҳолати дар бадан вуҷуд доштани илтиҳоби музмин, ин навъи кардиопатӣ  бо суръат руш мекунад. Дар натиҷа бемории ҳар узви бадан, метавонад ба кардиопатии дуюмдараҷа оварда расонад.             

Аломатҳо кордиопатӣ бошанд, дар ҷойҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун буруз мекунанд. Ин аломатҳо иборатанд аз: хастагии зуд; дард дар қисмати дил; набзи аз ҳад зиёд сареъ; ва рангпаридагии пӯст. Агар қисматҳои рости дил иллатдоршуда бошанд, норасоии шушӣ, арақкунии зиёд, нафастангӣ; варам; сулфаи бесабаб; вазнини дар қисмати дил низ пайдо мешаванд.                         

Кордиопатиро асосан бо ёрии эхокордиографӣ (ЭхоКг) ташхис медиҳанд. Табобати беморӣ бошад, аз навъи кордиопатӣ вобастагӣ дорад. Барои мисол ҳангоми кордиопатии функсионалӣ, аз усули тадохулдармонӣ (интерферестеропӣ) истифода мебаранд.  Ин усул ба василаи дастгоҳи АИТ анҷом мегирад ва одатан бо он наврасонӣ аз 10 то 14 соларо табобат мекунанд. Аммо бештар усули доругии табобат мавриди истифода қарор мегирад.                                                                                                           

ФОТО

 

ВИДЕО