БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИСТРЕСС ВА ТАЪСИРИ ОН БА САЛОМАТИИ ИНСОН.

Асабшиноси Бемористони Ибни Сино,

Доктор Шерали Саидалиев.

 

Дар давраи тараққиёти босуръати технологии ҳаёти имрӯза, одамонро доиман ҳолатҳои истрессӣ таҳдид мекунанд. Истресс ба кори майнаи сар низ таъсири зиёди манфӣ мерасонад  ва ин дар навбати худ, кори тамоми узвҳои бадани инсонро халалдор мегардонад.

Ҳангоми вайроншавии фуксияҳои асосии майнаи сар, қобилиятҳои дифоъии бадан (иммунитет), гомеостаз ( худтанзимкунӣ, қобилияти организм барои ҳамеша нигоҳ доштани муҳиту ҳолати дарунаи худ тавассути аксуламалҳои танзимкунанда, ки барои ҳимояи доимияти танзими муҳити дохила равона шудаанд) ва назорати майнаи сар аз болои функсияҳои дигари бадан, ниҳоят суст гардида, боиси инкишофёбии бемориҳои гуногун мегардад.   

Вале зери ин маҳфум чӣ пинҳон аст?         

Ҳоло ҳаргуна ҳолатҳои таасуроти манфии эмоционалӣ расонанда, ташвишҳои дардовар, ғаму андуҳ ва орзуҳои амалӣ нагаштаро ҳолатҳои истрессӣ номидан мумкин аст.  Дар хаёти имруза одамон дар бисёр ҷойхо ба мисли кӯчаю бозор, дар дохили воситаҳои нақлиёт, дар корхонаҳо бо ҳамкорону сардорон, дар оила ва ғайра ба ҳолатҳои истрессӣ дучор гардидан мумкин аст.

Вале бо мафҳуми илми тиб, на ҳамаи ҳисси тарс, дард, ва нохушиҳоро истресс меноманд. На ҳар шахси ба буҳронҳои отифӣ дучоршуда, дилшикаста гардида,  дар худ беғайратӣ, дилсардӣ аз ҳаёт ҳис намуда, гирифтори ҳолатҳои депрессивӣ ё дигар бемориҳо мешавад. 

Ҳамзамон истрессҳои ҳақиқӣ хусусиятҳо ва қувваи баланди зарардиҳанда дошта, ба ҳаёти одамӣ хатари ҷиддиро таҳдид мекунанд.  Аз ин лиҳоз сари вақт дарки он ва шӯруъ намудан ба табобат шарти зарурурӣ аст. Инак фарқияти истрессро аз сербории асабӣ ва кодом оқибатҳо доштани ин ҳолатро дида мебароем. 

Истресс ( аз  англ. stress «пурборӣ, серборӣ; ин ҳолатҳои сербории баланд») - ҷамъи аксуламалҳои ғайрихусусии мутобиқшавии (меъёрӣ) организм ба таъасуроти ҳархелаи омилҳои нописанд (физикӣ ё равонӣ), ки гомеостаз ва ҳолати меъёрии системаи марказии асаби инсон ва организми онро ба пуррагӣ халалдор мекунанд, дониста мешавад. Дар илми тибб, физиология ва психиология истрессҳоро ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд:  истрессҳои мусбӣ (эустресс аз калимаи Римӣ εὖ- «хуб,) ва манфӣ (дистресс аз калимаи Римии δυσ «манфӣ»). Аз рӯи хусусият намудҳои асабӣ-равонӣ, ҳароратӣ (гармӣ ё хунукӣ), ранг, гуруснагӣ ва дигар намудҳои (шуоӣ, ва ғ.).истрессҳоро фарқ мекунанд. Истресс чӣ хеле, ки набошад, «манфӣ» ё«мусбӣ», отифӣ ё физиоложӣ( ва ё якчанд намуди он якҷоя), таасуроти он ба организм хусусияти умумии ғайри хусусӣ дорад. 

Алоими мутобиқшавии умумӣ (АМУ) – (ОАС - Общий адаптационный синдром).   Бори аввалин истресси физиоложӣ  аз тарафи олими чех Ганс Селе ҳамчун алоими мутобиқшавии умумӣ шарҳ дода шудааст ва аз ин лиҳоз ӯ асосгузори мафҳуми истресс дониста мешавад. Ганс Селе соли 1936  дар раванди таҳқиқотҳои худ ба хулосае омадааст, ки аксуламалҳои ғайрихусусии дифоъии организмро ба омилҳои нофораме, ки  осудагии онро халалдор месозанд истресс номидан мумкин аст. Маънои техникии ин мафҳум  «фишооварӣ», «шиддат» мебошанд. Баъдан ӯ мафҳуми «истресс»-ро истифода намудааст.

Намудҳои истрессорҳо: 

Физиоложӣ (дарди ниҳояд сахт, ғавғои барзиёд, таъсири ҳарорати пасту баланд,  истеъмоли  як қатор маводҳои доруворӣ, ба мисли кофеин ё амфетаминҳо; 

Равонӣ (ҳолатҳои шиддатёбии асабҳо мисли сербории информационӣ, мусобиқа, имтиҳон, таҳдиди мавқеи иҷтимоӣ ва ғайраҳо.) 

Шаклҳои истрессорҳо: Тарсу ваҳм, гуруснагӣ, хастагӣ, маҳдудият ва ғайраҳо. 

Истресс чӣ оқибатҳо дорад ва чӣ хел бо он мубориза бурдан лозим аст. 

Истресс ба организми инсон метавонад ҳам таъсири мусбӣ ва ҳам таъсири манфӣ расонад. Ба таасуроти мусбӣ истрессҳои начандон сахт ва кӯтоҳмуддат метавонанд сабабгор шаванд. Аммо агар таъсири истресс пуршиддату дарозмудддат бошад, он гоҳ он оқибатҳои зарарнокро ба миён меоварад. Барои мустақилона ҷуброн намудани ғайриқаноатмандии авҷгирандаи дохилии худ одамон моддаҳои спиртдор, асабтаскиндиҳанда ва нашъаоварро  истеъмол карда, аксаран рафторҳои бефикрона намуда, бештар ба олами бозиҳои шавқовар худро гирифтор мекунанд. 

Чунин рафторҳо нороҳатии дохилии онҳоро бештар намуда, мушкилотҳои нав ба навро ба вуҷуд меоранд. Дар ҳолатҳое, ки истресс ба инсон таъсири манфӣ мерасонад, мумкин аст, ки бисёри нишондодҳо аз он ҷумла носолимии вазъи ҷисмонӣ ва саломатии одамон, тағирёбии доираи муносибаташон бо дигарон,  муносибатҳои ҷинсӣ бо ҳамсаронашон ва  муваффақиятнокиашон дар амали намудани нақшаҳо ва фаъолиятҳои касбӣ коҳиш ёбад.   

Таъсири истресс ба саломатии инсон. 

Истресс назми одатии ҳаёти одамро халалдор намуда, пеш аз ҳама ба системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима ва системаи эндокринӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таъсири истресс ба организми одам метавонад якбора набуда, бо мурури вақт ба пайдош ва инкишофёбии бемориҳои зиёди, баъзан ба саломатии онҳо хатарнок оварда расонад. Бо ҳамин маънӣ духтурон бештар таъкид месозанд, ки ҳамаи бемориҳо тавассути асабҳо  сар мезананд.         

Аломатҳои стресс:

Пастшавии ҳофиза (хотирот, хофиза, ухудшение памяти),

Ноимконпазии ҳамоҳангшавӣ бо муҳит,     

Эҳсосии хастагии доимӣ,           

Хатокунии барзиёд,                         

Зуд ангезишёбӣ,         

Нутқи босуръат,     

Изтироби баланд,       

Қаноатбахш нашудан аз кору рафтори худ, 

Гум кардани эҳсоси ҳазл, (потерья чувство юмора)   

Дилсузӣ ба ҳоли аҳволи худ, 

Якравии барзиёд,         

Бехобӣ,

Майл намудан ба майзадагӣ,   

Эҳсоси гуруснагии зиёд ё басташавии иштиҳо,         

Пастшавии назми фаъолиятнокӣ. 

Дар натиҷа инкишофёбии чунин бемориҳо мумкин аст: 

Стенокардия,

Баландшавии қанди хун( диабети канд), 

Фишорбаландии шараёнӣ, сактаҳои дил ва майнаи сар,           

Гастрит, 

Бехобӣ, 

Бемории захми меъда, 

Неврозҳо, 

Колити музмин, 

Бемории санги сафро, 

Афсурдагӣ – депрессия, 

Такрорёбии тез-тези бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳамчун оқибати пастшавии иммунитет ва ғайраҳо. 

Чӣ гуна бояд аз оқибатҳои манфии истресс худро дар канор гирифт. Табибон батакрор хотирнишон месозанд, ки пурзурии шахсият на дар қобилияти худро аз стресс дар канор нигоҳ доштан, балки дар тавоноии ҳолати худро дар лаҳзаҳои ногуворо  назотат карда тавонистан мебошад. Айнан ин қобилият билохир вуҷуди инсонро аз оқибатҳои ҳолатҳои стрессӣ ҳимоя месозад. Якчанд методҳои барқарорсозии ҳолатҳои равонӣ-эмотсионалӣ вуҷуд доранд: 

Доимияти муҳити дохили вуҷудро (гомеостаз)  иҷроиши гимнастикаи нафаскашӣ хело хуб барқарор месозад, чунки алоқаи нафаскашӣ ва ҳолати инсон ба одамон кайҳо боз  маълум аст.Масалан ҳангоми тарсу ваҳм нафасгиршавӣ мушоҳида мешавад. Бо барқарорсозии на мавзунияти нафаскашӣ ҳолати эҳсосотӣ ва эмотсионалиро ро ба танзим даровардан имконпазир мегардад.  Якчанд усули чунин гимнастика вуҷуд доранд. Барои оромиши умумӣ бояд бо бини нафас кашида, каме нафасро нигоҳ ошта онро баъди 1-2 дақиқа бо даҳон сар додан дуруст аст. Чунин машқро бо якҷоягӣ бо сусткунии шиддати қисмати узвҳо ва мушакҳои бадану чеҳра иҷро кардан дуруст ва фоиданок аст. 

Барои барканорсозии оқибатҳои стресс фаъолияти ҷисмонӣ кумаки назаррас дорад. Ин гуна машқхоро дар залҳои спортӣ ё дар хона мустаъқилона иҷро кардан мумкин аст.Ба ин метавонед иҷрои корҳои одии ҳоҷагиро илова намоед. Инчунин ин машқҳо  ва кори мушакҳо баданро  аз маҳсули зараровари стресс ,ки дар ҳуҷайраву бофтаҳои бадан ҷамъ мегарданд,тоза гардонад ва андешаи одамро аз фикри оқибатҳои стресс дур намоянд. 

Барои бартарафсозии оқибатхи нофорами стресс дастгирӣ намудани бемор аз тарафи наздикону пайвандони у низ роли арзанда мебозад.  Имкони бо наздикони худ хамрозӣ намуда, берун намудани фикрхои дардовари дар сар чамъшуда, ва хамфикрию таскиндихии пайвандону наздикон барои бартарафсозӣ ва табобати осебхои равонӣ имконият фарохам меоваранд. 

Шустушуи бадан дар хаммоми нагз (русская баня) барои бартарафсозии  хормонхои стресс аз вуҷуди инсон ёрии хуб мерасонад.

Таваччуҳ ба санъат ба мисли навохтани асбобҳои мусиқӣ ва ё гуш кардани оҳангҳои дилнишиш, рақс ва тамошои дигар хел барномаҳои дилписанд низ ба эмотсияҳо таасуроти мусбӣмебаТабобати стресс ва оқибатҳои он.   

Табобатҳои ғайримаводӣ - ин пеш аз ҳама мубориза бурдан бар зиддӣ стресс мебошад.  Ба он табобатҳои ғайримаводӣ мансубанд: 

Равондармонӣ. Психотерапевт, ё невролог стресс-фактор, сатҳи андозаи он ва  захираи қобилияти муқобилистодагарии организми беморро ба ҳолати баамаломада  муайян карда,  бо беморон суҳбатҳои боварибахш гузаронида, усулҳои гуногунро дар якҷоягӣ истифода мекунад. Гузаронидани сеансҳои гипноз ҳам бо ин усул мансуб мебошад. 

Фаъолияти ҷисмонӣ. Фаъолияти ҷисмонӣ барои паст намудани сатҳи барзиёди адреналин имкон медиҳад. Ҳангоми машқҳои ҷисмонии бештар аз ним соат дар организми инсон истеҳсоли эндорфинҳо    («ҳормонҳои фараҳбахш», «гормоны радости» шуруъ мешаванд, ки барои барои барои мубориза бар зидди стресс заруранд. Намудҳои машғулиятҳои спортӣ барои ҳар шахс бо тарзи инфиродӣ аз тарафи духтурон тавсия дода мешаванд. Он аз сайру гашти оддӣ дар ҳавои тоза то машқҳои фаъолро дар залҳои тренажёрӣ иборат мебошад.

Бурдани тарзи ҳаёти солим. Ин шарти зарурии саломати буда, аз истеъмоли  маводҳои хурокаи табии, кам кардани истеъмоли машруботи спиртдор, мубориза бурдан бар зиддӣ фарбеҳӣ, ва реҷаи дурусти корӣ иборат мебошад.

Табобати доругӣ.  Интихоби маводҳои доруворӣ ҳангоми табобати стрессҳои сахт амали ниҳоят маъсулиятнок мебошад. Духтурониасабшинос ва психиатр бо назардошти сину сол, ҷинс, сатҳи вазнинии беморӣ ҳасосиятнокӣ ба компонетҳои таркибии доруҳо ва як қатор омилҳои дигари дахлдор нақшаи табобатиро тартиб дода онро зери назорат мегиранд, зеро дар аксари ҳолатҳои стрессӣ табобати дуру дароз лозим аст. Шумораи гуруҳҳои маводҳои доругӣ, ки барои пурра муолиҷа намудани стресс ва оқибатҳои он заруранд зиёд аст.

ФОТО

 

ВИДЕО