БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЛТИҲОБИ ГУРДА (ПИЕЛОНЕФРИТ)

Мутахассиси бахши урологии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Мубин Аминов

 

Илтиҳоби гурда  ё пиелонефрит дар радифи бемориҳои гурда яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Сабаби асосии ин беморӣ, бактерияҳо мебошанд ва метавонанд як ё ҳар ду гурдаро мубтало кунанд.

Илтиҳоби гурда шадид ва музмин мешавад ва дар сурати сари вақт табобат нашуданаш ба пасомадҳои бисёр вазнин оварда мерасонад.  Маҳз ба хотири аворизи суъаш, ин беморӣ ташхис ва табобати фавриро тақозо мекунад.   

Аз ҳама бештар ба пиелонефрит ё ҳамон илтиҳоби гурда, занони ҷавони аз 18 то 30 сола ва мардони солхурда мубтало мегарданд. Дар бештари маврид илтиҳоби гурда, бо сабаби ба организм ворид гардидани бакретияҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Ин бактерияҳо ба маҷрои пешобдон (уретра) ворид гардида, аз он ҷо ба масона ҳаракат мекунанд ва билохира ба гурда мерасанд. Ва занҳо ба хотири хусусиёти анатомии баданашон дар ин раванд, дар гурӯҳи риск қарор доранд.                       

Илтиҳоби гурда аломатҳои зиёд дорад, ки иборатанд аз: болоравии ҳарорати бадан (аз 38°С боло); варами рӯй; ларзиши бадан; дард дар қисмати поинии миён; хастагӣ; дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ. Бисёр вақт илтиҳоби гурда, аломатҳои ҳамроҳи сирияти масонаро низ дорад. Ин аломатҳо иборатанд аз: ранги тира ва торики пешоб, баъзан омехта бо хун; пешобкунии зуд зуд; ва сӯзиш ҳангоми пешобкунӣ.     

Илтиҳоби гурда метавонад ба абсцесси (варами фасоднок) гурда, варами онҳо, ба норасоии кори гурдаҳо ва заҳролудшавии хун мунҷар гардад. Ғайр аз ин, ҳангоми пиелонефрит бемор гирифтори дарди шадид мегардад, ки тоқат карданаш бисёр душвор аст. Маҳз ба ҳамин хотир илтиҳоби гурда табобати сареъ ва дурустро талаб мекунад. 

Барои ташхиси беморӣ ҳатман таҳлили пешоб гузаронида мешавад. Инчунин таҳлили хун ва муоинаи рентгенӣ (барои муайян кардани вуҷуди санг дар гурда ва масона) низ гузаронида мешавад.             

Илтиҳоби гурдаро бештар ба василаи антибиотикҳо табобат мекунанд, чаро ки сабабаш сирояти бактериалӣ ба шумор меравад. Инчунин аз васоили зиддиилтиҳобӣ низ истифода мебаранд. Барои рафъи эҳсосоти дардӣ бошад, ба мариз доруҳои таскиндиҳандаи дард таъин карда мешаванд. Агар баъди 2 рӯзи табобат вазъи бемор беҳтар нагардад ва чун пештара боқӣ монад ё баръакс бадтар гардад, бояд ду бора ба табиб муроҷиат намуд.         

Табобати илтиҳоби гурда, инчунин риояи реҷаи махсуси хӯрокиро тақозо менамояд. Ҳангоми ин беморӣ нӯшидани бештари моеъ тависия мегардад. Ба беморон истеъмоли гӯшт ва моҳии камравған, шӯрбои сабзавотӣ, тухми нимпаз, равғани офтобпараст ва маҳсулоти ширӣ иҷозат дода шудааст. Аммо истеъмоли хомшӯрбоҳо (чи гӯштӣ ва чи моҳигӣ) ва маҳсулоти дуд додашуда қатъиян манъ аст. Истеъмоли шириниҳоро низ бояд кам кард.                                                                     

Яке аз омилҳои таҳрик диҳандаи рушди илтиҳоби гурда, бордорӣ ба шумор меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ аз 6 то 12% занони бордор, ба бемории илтиҳоби гурда гирифтор мегарданд. Ҳангоми бордорӣ илтиҳоби гурдаро ҳатман бояд табобат намуд, вагарна ҷанин метавонад осеби ҷиддӣ дида, ҳомиладорӣ қатъ карда шавад. Барои табобати илтиҳоби гурда дар занони бордор, табибон аз антибиотикҳои махсус истифода мекунанд. Ин дорӯҳо ба ҷанин осеб намерасонанд ва исеъмолашон ҳангоми бордорӣ иҷозат дода шудааст.

Дар хотима бори дигар таъкид мекунем, ки илтиҳоби гурда бемории бисёр хатарнок буда, дар ҳолати мушоҳида кардани аломатҳои он, ҳатман ба табибон муроҷиат кунед.                                        

ФОТО

 

ВИДЕО