БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЦИСТИТИ (ВАРАМИ МАСОНА) ЗИМИСТОНА

Мутахассиси бахши гинекологии

Бемористони Ибни Сино

доктор Ситора Қодирова.

 

Дар илми тибб, раванди илтиҳобӣ дар масонаро цистит (варами масона) меноманд. Варами масона бемории паҳнгардида буда, дар бештари маврид сабаби сар задани он бактерияҳои зараровар ба шумор мераванд.

Циститро бемории занона унвон мекунанд, чун ин беморӣ дар 80% ҳолатҳо маҳз дар занон ба чашм мехурад. Тибқи оморҳои тиббӣ 25% занон бемории циститро аз сар гузаронидаанд ва дар ҳар зани 10-ум шакли музмини варами масона ташхис дода шудааст.       

Хатари гирифтор шудан ба варами масона дар фасли сармо зиёд мегардад, чаро ки хунукӣ ва сармохӯрдагиҳои зиёд боиси паҳншавии бактерия ва вирусҳои гуногун мегарданд. Ба ҳамин хотир  цистити зимистона дар таҷрибаи клиникии генекологӣ бештар вомехӯрад. Омилҳои асосии ворид шудани сироят ба масона иборатанд аз:

-  сармохӯрдагӣ ё заъфи нерӯи дифоъии бадан (иммунитет). Ҳангоми ин ҳолат сирояте, ки дар дохили бадан ҳузур дорад аз гурда, рӯдаҳо ва аҳёнан ба василаи хун ба масона ворид мешавад. Барои мисол, бо ин роҳ сироят метавонад аз ғадуди бодомшакли сироятгардида ё ҳатто аз дандони гирифтор ба кариес вориди масона гардад. Инчунин микробҳо аз тариқи лимфа низ ба масона ворид мегарданд;

- муносибати бетартибонаи ҷинсӣ. Сироятҳо ҷинсӣ низ метавонанд боиси илтиҳоби масона гашта, инсонро мубтало ба цистит гадонанд; 

- бемориҳои гурда, рӯдаҳо ва қабзи меъда. Бемориҳои мазкур ба фаъол гаштани бактерияҳои зараровар мусоидат мекунанд ва ин бактерияҳ ба масона ворид гашта, боиси илтиҳоби он мегарданд; 

- либоси синтетикӣ. Зимистон одамони зиёд ва хусусан занҳо ба хотири гарм шудан либоси синтетикӣ ба бар мекунанд. Агар либоси синтетикӣ аз ҳад зиёд танг бошад, боиси инкишофи бактерияҳо дар ҷойҳои муаяни бадан гардида, ба сар задани цистит мусоидат мекунад.       

Дар бештари маворид, цистит бо пешобкунии дардовар ва сӯзанда буруз мекунад. Ин аломат аз хусусияти сироятии беморӣ дарак медиҳад. Яке аз аломатҳои дигари варами масона дард дар қисмати поёнии шикам ва ҷатан ба шумор меравад. Дард метавонад ҳам шадид ва ҳам чандон сахт набошад. Цистит инчунин тамоман бе дард, танҳо бо як каме нороҳати дар қисмати масона низ ҷараён меёбад. Вуҷуди хун дар пешоб низ метавонад яке аз аломатҳои цистит буда, аз табиати вирусии беморӣ дарак медиҳад.   

Дар ҳолати мушоҳидаи аломатҳои зикршуда, бояд ҳатман ба табиб муроҷиат намуд. Ҳангоми цистити шадид бемор бояд бистарӣ гардад ва аз хурдани таомҳои шӯр, тунд ва консервҳо худдорӣ намояд. Ҳангоми цистит нӯшидани моеъи зиёд тавсия шудааст.

Маҳз тавассути нӯшокиҳо бактерия ва вирусҳои зарароварро мешавад аз бадан дафъ кард. Миқдори моеъи истеъмолиро бошад табиб, бо назардоштӣ вазни бадан ва сабабҳои беморӣ муаян мекунад.  Дар ҳолати вуҷуд доштани сироят бошад варами масонаро бо усули доруӣ табобат мекунанд.                              

ФОТО

 

ВИДЕО