БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЛАРИНГИТ (ВАРАМИ ҲАЛҚ) ДАР КӮДАКОН

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинии (ЛОР) 

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Нозим Шодиев

 

Ларингит ё варами ҳалқ гуфта, илтиҳоби пардаи луобии ҳалқумро меноманд. Ин бемории паҳнгардида буда, хусусан барои кӯдакон метавонад хатарнок бошад.

Ва ҳар қадар кӯдак хурдсолтар бошад, ларингит барояш хатари бештар дорад. Ларингит дар калонсолон одатан бо дард дар гулӯ ва аз даст додани овоз буруз мекунад, аммо дар кӯдакон ин беморӣ метавонад нафастангӣ ва хафақони барои ҳаёт хатарнокро эҷод кунад.

Системи асаб ва роҳҳои нафаскашии кӯдакони то 3 сола ҳанӯз дар ҳолати шаклгирӣ қарор дорад ва пешгоҳи коми кӯдакон, микроорганизмҳои патогениро (дардовар) ба ҳалқум намегузаронад ва ин боиси варами ҳалқум мегардад. Ин авомил боиси нафастангӣ, пайдоиши хир-хир дар кӯдак гардида, ҳолати тарсро дар кӯдак ва волидайнаш эҷод мекунад.     

Ларингит одатан дар кӯдакон аз сулфаи хушк ва обрезиши бинӣ оғоз мегардад. Овози кӯдакон низ тағйир ёфта, ҳарорати баданашон баланд мегардад. Хурӯҷи нафастангӣ бисёр вақт ҳангоми субҳ, вақте ҳама хобанд ва наметавонанд аксуламали шоиста ба ин ҳолати душвор нишон диҳанд, иттифоқ меуфтад. Ва маҳз ин, нафастангиро барои саломатии кӯдак хатарнок мегардонад.         

Сабабҳои асосии варами ҳалқум сирояти вирусӣ ё бактериалӣ ба шумор меравад. Инчунин сармохӯрдагӣ, аворизи бемории махмалак ё сурхакон, таъсири аллергени муайян ва инчунин истресс, ки боиси ихтилоҷи ҳалқум мегардад, метавонанд сабагори пайдоиши ларингит гарданд.         

Ҳангоми хурӯҷи беморӣ бояд ҳатман ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кард ё мустақилона кӯдакро ба бемористон интиқол дод. Кӯдакро ором карда, таскин диҳанд. Чаро ки системи асаби кӯдак ва роҳҳои нафаскашиаш бо ҳам алоқаи зич доранд ва ҳамин, ки кӯдак ором гирифт, нафаскашиаш осон мегардад. Душмани асосии кӯдак ҳангоми хуруҷи нафастангӣ ҳавои хушк мебошад, бинобар ин волидайн бояд кӯшиш кунанд ҳавои утоқро, ки кӯдаки бемор онҷо нигаҳдорӣ мешавад намнок (мартуб) гардонанд. Инчунин ба кӯдак додани моеъи ширгарм низ метавонад муфид қарор гирад. Аммо моеъро бояд кам-кам ба василаи қошуқи чойхурӣ ба кӯдак дод. 

Дар сурати хафақони нафас, бояд саъй кард кӯдакро ба қайкунӣ водор намуд. Ин амалро бо фишор овардан ба решаи забон анҷом медиҳанд. Дар баробари ин, бояд сари кӯдакро тавре нигаҳ дошт, ки ӯ бо қайи худаш гулӯгир нагрдад. Маркази қайкунӣ дар назди маркази нафаскашӣ қарор дорад ва бо дар кор андохтани он, мо равандҳои нафаскаширо низ ба кор медарорем.                                                   

Дар ҷараёни ларингит, хуруҷи нафастангӣ одатан як бор ба вуқӯъ мепайвандад ва ҳамаи волидайни кӯдакони хурдсол ин хатарро бояд бидонанд ва ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки оромӣ дар ин ҳолат нақши калидӣ дорад. Барои кӯдак, ларингит бо номаълумии худ бисёр хатарнок аст. Хуруҷи беморӣ метавонад ногаҳон ва бештар ҳангоми хоби кӯдак иттифоқ уфтад. Аммо бо вуҷуди ин, бо кумаки дурусти тахассусӣ мешавад хеле зуд,  нафастангӣ ҳангоми ларингитро бартараф кард. 

ФОТО

 

ВИДЕО