БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИШИАС - ИЛТИҲОБИ АСАБИ ДАРОЗТАРИН!

Мутахассиси бахши ортопедии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Қурбоналӣ Мирзобеков

 

Дар тибби муосир ишиас гуфта, илтиҳоби асаби сурунӣ (сиостик) - ро меноманд. Ин беморӣ метавонад домангири ҳар нафар гардад ва барои инсон аломатҳои бисёр ногувор ба бор орад.

Асаби сурунӣ (сиостик) дарозтарин асаби бадани инсон ба шумор рафта,аз назди тахтапушт оғоз мегардад ва сипас аз думғоза, устухони кос, пойҳо гузашта, то ба панҷаҳои пой мерасад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳангоми илтиҳоби ин асаб, на фақат миён, балки пойҳо низ азият мекашанд.             

Авомили зиёд боиси пайдоиши бемории ишиас мегарданд, ки асоситаринашон иборатанд аз: зер кардани асаби сурунӣ бо сабаби аз ҷой беҷо шудани мӯҳраҳои байнисутунмӯҳраӣ; ғуррӣ дар сутунмӯҳра; ҷароҳат ё кори аз ҳад сахти ҷисмонӣ; сармохӯрдагӣ; сироят ё раванди илтиҳобӣ дар бадан ва инчунин омосҳо (чи бадхим ва чи хушхим) дар сутунмӯҳра.             

Аммо чаро ишиасро мушкили ҷиддӣ медонанд? Пеш аз ҳама ба хотири дардовар будани ин беморӣ. Дард ҳангоми ишиас бисёр шадид буда, дар қисматҳои гуногуни асаби сурунӣ (аз тахтапушт гирифта то пойҳо) буруз мекунад. Бештар як тарафи бадан дард карда, тарафи дигар бошад, шахшуда сӯзиш мекунад. Дард ҳангоми ҳаракат, сулфа, ханда ва атса задан шиддати бештар мегирад. Аз ҳама дарди сахт бошад  шабонгоҳон пайдо мешавад. Дар баъзе маворид, одами бемор ба ишиас аз шиддати дард, ҳатто ҷунбидан наметавонад.       

Дар ҳолати пайдоиши аломатҳои ишиас монанди: баланд гардидани ҳарорати бадан, пайдоиши варам ё сурхшавии пӯст дар қисмати камар, шахшудани пойҳо ва камар ва эҳсоси сӯзиш ҳангоми пешобкунӣ, бояд фавран ба мутахассис муроҷиат кард.   

Табобати ишиас комплексӣ (ҷомеъ) буда, як қатор чорабиниҳоро дар бар мегирад. То бартараф кардани раванди илтиҳобӣ, бемор бояд бистарӣ карда шавад.   

Табобати ишиас асосан доруӣ буда, ба бемор дорӯҳи зиддиилтиҳобӣ ва витамин таъин мекунанд. Инчунин марҳам ва гелҳои махсус низ метавонанд хуруҷи дардро ҳангоми ин беморӣ бартараф намоянд. Баъди бартараф намудани илтиҳоби шадид, ба бемор масҳ тавсия мегардад. Масҳ нерӯи интиқолии асаби сурунӣ ва гардиши хунро дар он беҳтар мегардонад.       

Аммо баъзан илтиҳоби асаби сурунӣ хусусиёти музмин мегирад ва метавонад кори узвҳои устухони косро халалдор гардонад. Дар ин ҳолат табибон бемориро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Барои пешгирии бемории ишиас бошад, ба саломатии сутунмӯҳра бояд диққати ҷиддӣ дод ва ин узви муҳимро эҳтиёт кард.     

ФОТО

 

ВИДЕО