БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҶОЙГУЗИНИ ТАБИИ ҚАНД

Хурдани ширинии зиёд ба саломатии инсон метавонад зараровар бошад. Ин як ҳақиқатест, ки имрӯз тақрибан ҳама аз он огоҳӣ доранд. Ин мавзӯъ хусусан барои афроде, ки аз бемории қанд азият мекашанд ё ба ин беморӣ тамоюл доранд аҳамияти вежа дорад.

Дар айёми ҷавонӣ ғадуди зеъри меъдаи инсон ба миқдори кофӣ инсулин тавлид мекунад ва ин инсулин қодир аст, тамоми карбогидратҳо ва гулукзро (қанд) дар бадан ҳазм ва аз худ кунад. Аммо бо гузашти синну сол вазъияти бадани мо низ тағйир мекунад ва ғадуди зери меъда дигар наметавонад қанди зиёдеро коркард намояд. Ҳамаи ин боиси фарбеҳӣ ва дар натиҷа боиси сар задани бемориҳои зиёд мегарданд.

Хушбахтона маводи табие вуҷуд дорад, ки метавонад барои афроди ширинихӯр ҷойгузини маҳсулоти зараровари қаннодӣ гардад. Ин маводи табии хурмо ба шумор меравад. Хурмо фавоиди зиёде дорад ва аз мапводи гуногуни фоидаовар бой мебошад. 

Дар таркиби ин маҳсул витаминҳо, хусусан витаминҳои гурӯҳи "В"; монанди кислотаи фолий, ки сатҳи ҳемоглабин ва нерӯи тавлиди мисли инсон (фуксияи репродуктивӣ) ро баланд мебардорад; рибофловин, ки нерӯи биноии инсонро тақвият мебахшад; тиамин, пантотенат ва пиридоксин, ки системи асаби инсонро тақвият мебахшанд фаровон вуҷуд доранд. 

Хурмо аз минералҳои барои бадан фоидаовар низ бой мебошад. Дар таркиби он: оҳан; калтсий; калий; магний; селен; фосфор; манган ва мис вуҷуд доранд. Дар таркиби хурмо  ғоз (клетчатка) ҳам ба миқдори зиёд вуҷуд дорад. Ғоз (клетчатка) барои ҳазми хӯрок кумак мекунад ва системи ҳозимаи инсонро тақвият мебахшад. Яке аз фавоиди дигари хурмо, вуҷуди онтиоксидантҳо дар таркибаш ба шумор меравад. Дар ин маҳсул миқдори зиёди онтиоксидонтҳои фенолӣ, ки бадани одамиро аз саратон муҳофизат мекунанд вуҷуд доранд. Маҳз ба хотири ин таркиби зебо, хурмо на фақат хӯрокаи боллазат, балки маводи фоидаовар низ маҳсуб меёбад.

Ҳоло чи фоидае хурмо барои саломатии мо метавонад дошта бошад? 

1. Барои афроди гирифтор ба бемориҳои дилу-раг, хурмо кумак мекунад бо атеросклерози рагҳо мубориза баранд ва фишори артериалиашонро боло баранд. 

2. Барои афроди ба саратон тамоюл дошта, ин маҳсул кумак мекунад бемории саратонро пешгирӣ кунанд ва радиколҳои озодро аз миён бардоранд.

3. Барои афрдои гирифтор ба бемории камхунӣ (онемиё) хурмо сатҳи ҳемоглабинро боло мебарад.   

4. Барои занони бордор ва модарони ширдеҳ истеъмоли хурмо ба таври ҳатмӣ тавсия мегардад, чаро ки ин маҳсул ба рушди беҳтари ҷанин ва пайдоиши шири солим мусоидат мекунад.   

5. Хурмо инчунин хастагии баданро бартараф намуда, нерӯи ҷинсӣ ва дифоъии бадани инсонро боло мебаранд.

Мутахассисон дар истеъмоли хурмо, танҳо миқдори онро маҳдуд кардаанд. Он ҳам ба хотири колоринокии он. Дар 100 громм хурмои хушк ҳудуди 270 килло калорӣ мавҷуд аст. Як дона хурмо ҳудуи 23 килло калорӣ дорад. Ба ҳамин хоир мутахассисон хурдани 5 то 10 дона хурморо дар рӯз тавсия мекунанд. Ин миқдор хурмо, ба пурраги бадани инсонро бо тамоми маводи фоидаовар ғанӣ гардонида, ҳисси гуруснагиро низ аз байн мебарад.

ФОТО

 

ВИДЕО