БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОЛУСЧАШМӢ ВА ТАЪСИРИ ОН(ВИДЕО)

Чашмпизишки Бемористони Ибни Сино,

Доктор Бобоҷонова Шаҳло.

 

Олусии чашм гуфта, вайроншавии мавқеи мардумаки чашмро мегӯянд. Як ё ҳарду чашми инсон метавонанд ба ин касалӣ гирифтор бошанд.

Дар ҳолати табобат наёфтан, олусчашмӣ метавонад ба сустшавии биноӣ биёрад ва дар натиҷа инсон наметавонад вазифа ё касбашро аз қабили чаррох,ронанда ва ғайра ба таври лозим анҷом диҳад, ки ба ҳолати рӯҳии инсон низ метавонад таъсири манфӣ расонад.

Олусчашмӣ модарзодӣ шуда метавонад, ки аксаран дар асари издивоҷи хешутаборӣ дар фарзанд зуҳур мекунад.

Инчунин бемориҳои дурбинӣ, наздикбинӣ, осебҳо, бемориҳои системаи марказии асаб,нодуруст инкишоф ёфтани мушакҳои чашм, фалаҷшавии онҳо,пастшавии биноиши як чашм,бемориҳои сироятӣ ва соматикӣ сабаби олусчашмӣ шуда метавонад.

Аломатҳои ин касалии чашм метавонан ддоимӣ ё муваққатӣ зуҳур кунанд. Каҷии чашм метавонад яктарафа ё дутарафа бошад.Ҷойгиршави нодурусти чашм ба навъи ба марказ,ба тарафхои муқобил, ба боло ва поён ё омехта ҷойгиршавии мардумаки чашм мушоҳид амешавад.

Ташхис

Зинаи асосии муваффақият дар дармони олусчашмӣ - ташхиси комплексӣ барои муайян намудани намуди олусчашмӣ мебошад. Ҳангоми муоинаи биомикроскопӣ, авторефроктометрӣ ва визометрӣ сабаб ва дараҷаи бемории олусчашмӣ ташхис карда мешавад. 

Муолиҷаи олусчашмӣ.

Олусчашмӣ муолиҷаи давомнок ва комплексиро талаб менамояд. Коррексияи саривақтии биноӣ, гирифтани айнак ва ё линза мебошад, ки ба баланд бардоштани биноии ҳарду чашм кӯмак расонда, боиси аз байн бурдани олусчашмӣ мегардад.

Дар ҳолати дар муддати зиёда аз як сол натиҷа надодани табобати мазкур ба бемор амали ҷарроҳӣ тавсия дода мешавад. Баъди амали ҷарроҳӣ бемор дар муддати як сол таҳти назорати чашмпизишк қарор мегирад ва ба пуррагӣ рафъ шудани касалии олусчашмӣ дар назар дошта мешавад.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!

https://youtu.be/Qgj7_aUQseE

ФОТО

 

ВИДЕО