БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОЗМОИШГОҲ – БАХШИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО (ВИДЕО)

Мудири Озмоишгоҳи

Бемористони Ибни Сино

Набиева Хуросон.

 
Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони дараҷаи олӣ, ки дар хориҷ аз кишвар малака ва таҷрибаи кориашонро сайқал додаанд, фаъолият мекунанд.

Озмоишгоҳ дар раванди ташхис ва табобати беморӣ нақши боризе дорад. Озмоишгоҳи бемористон асосан ба таҳқиқи материалҳои биологии гуногун, ки дар муайян намудан ва табобати бемориҳо нақши муҳиме доранд,машғул мебошад. Дар озмоишгоҳи бемористон ташхису озмоишҳои гуногун аз қабили: 

- таҳлили умумии хун (CBC) 

- таҳлили умумии пешоб (UIA) 

- таҳлили умумии мадфу (SIR) 

- колограммаи хун (PT, PTT) 

- озмоиши серололгӣ (CRP, RP, Wright, ASO) 

- озмоиши бактерологӣ (UIC)

- озмоиши ҳепотитҳо (HIV, HCV, HBSАg) 

- ҳепотити А 

- гурӯҳи хун (ABO, Rh) 

- ҳормонҳо 

- биохимияи хун 

- молишакҳои занона (Popsmeor) 

- спермограмма 

- муайян кардани вирусҳои хун (ЗППП) 

- таҳлили лямбилиоз бо усули ИФА гузаронида мешаванд.

Дар озмоишгоҳ фаъолияти гурда, ҷигар, ғадуди зери меъда, санҷиши хусусиёти хун, пешоб, мадфӯъ ва дигар масолеҳи бадани одамӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд ва дар асоси ин таҳқиқотҳо тавсифи дақиқи ин ё он узв дода мешавад. 

Инчунин дар озмоишгоҳи бемористон таҳлили умумӣ ва муфассали хун, таҳлилҳои биохимиявӣ, ферментҳои гуногун, таҳлили умумии пешоб, серология, бактериология, таҳлилҳои имуноферментӣ, таҳлилҳои ҳормоналӣ ва системаи лахташави хун гузаронида мешавад. 

Таҷҳизоти замонавии озмоишгоҳ имкон медиҳад муоинаи дақиқи ин ё он мавод, ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардад. Барои мисол, чанде қабл озмоишгоҳи бемористон соҳиби якчанд дастгоҳҳои нодири ташхиси хун гардид, ки онҳо таҳлилҳои умумии хунро бо стандартҳои ҷаҳонӣ имкон медиҳанд. 

Бояд гуфт, ки дар озмоишгоҳи бемористон танҳо аз хун садҳо намуди озмоиш гирифта мешаванд. Барои мисол таҳлили умумии хун, биохимияи хун, лахташавии хун, муайян шудани вақти лахташавии хун, серология, газҳои хун ва ғайра. 

Ҳангоми супоридани баъзе аз озмоишҳо мизоҷон бояд ношто ба озмоишгоҳ ҳозир шаванд. Аз ҷумла ҳангоми муоинаи қанди хун (ABS),чарбуи хун (CH,TC, HDL,LDL) ва ҳормонҳо (T3, Т4, TSH, Proloktin, Progesteon,testosterone, PSH). Мобақии озмоишҳо мешавад бо наҳор ҳам супорид.

Инчунин мо озмоиши имунноферментию бактериологӣ, озмоишҳои нутфа, озмоишҳои таҳлили умумии пешоб, капрология ва ғайра мегузаронем. Вобаста аз теъдоди намакҳо, гази хун ва микроэлементҳои хун кори гурда, шуш, ҷигар ва дигар узвҳоро муайян мекунанд. Инчунин аз бофтаю мушакҳо ва омосҳо пораи ҳуҷайраҳои бемор (биопсия) бардошта мешавад ва хушхим ва ё бадхим будани он муайян мегардад. 

Озмоишгоҳи бемористон дорои дастгоҳи автоматии Минивойдос мебошад ва он имкон медиҳад, ташхис бо суръат ва сифати баланд ва дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад. Ин дастгоҳ қобилияти анҷоми 57 тести озмоиширо доро мебошад. 

Барои бехатарии мизоҷон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар озмоишгоҳ танҳо аз васоили якмасраф истифода мебарем.

https://youtu.be/UOD7olhfm4s

ФОТО

 

ВИДЕО