БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТОНЗИЛЛИТ(АНГИНА) (ВИДЕО)

Духтури Гӯш, Гулӯ ва Бинии

Бемористони Ибни Сино,

Нозим Шодиев.

 

Тонзиллит бемории илтиҳобӣ-аллергии бодомакҳои лимфоидии балъум мебошад. Зиёдтар бодомаки ком (1-2юм) ва бодомаки бинии балъум(3юм) гирифтори илтиҳоб мешаванд.

Дар бинии балъум ва даҳони балъум (носоглотка и рота глотка) куллан 6 то бодомак вуҷуд дорад, ки дар сохти имунии бадан, хунофарӣ ва қобилияти муҳофизати бадан иштирок менамоянд.
Ду навъи тонзиллит вуҷуд дорад:

- Тонзиллити шадид

- Тонзиллити музмин

Сабабҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ гуногун буда, яке аз омилҳои асосии он сироят аз шахси бемор мебошад. Шахси ба ин касалӣ гирифторшуда, то даҳ рӯз омили сироят мемонад.

Аломатҳои тонзиллити шадид: 

- дарди сахт дар гулӯ, 

- ҳарорати то 39,0-40,0 дараҷа, 

- беҳолӣ, 

- дардмандии тамоми бадан мебошанд.

Аломатҳои тонзиллити музмин дар кудакони хурдсол:

- хурроккаши ҳангоми хоб, 

- пешобкунии гайри ихтиёри хангоми хоб

- ҳарорати субфибрилӣ то 37 дарача, 

- вайроншавии ғизохӯрӣ, 

- беҳолӣ, 

- бемадорӣ, 

- бӯи бад аз даҳон ба ҳисоб мераванд.

Дар кӯдакон ва бузургсолон 

-бӯи бад аз даҳон, 

- ихроҷи зарраҳои сафеди бадбӯй аз даҳон, 

- дарди буғум, 

- дарди гурдаҳо,

- гоҳ-гоҳ сих задании дил аломатҳои ин бемориянд. 

Инчунин дар баъзе беморон 

-вайроншавии қобилияти корӣ, 

-хастагии умумӣ, 

- камқувватии бадан низ мушоҳида мешавад.

Пешгирӣ аз ин бемори бо роҳҳои барқарор намудани қобилияти иммунии бадан тавассути варзиш, истифодаи ғизоӣ аз витаминҳо бой, гаштугузор дар ҳавои тоза, шустани меваҳо қабл аз истеъмол, истифода аз ниқобҳои тиббӣ (медицинские маски) дар назди шахси бемор амалӣ карда мешавад. 

Табобати бемор дар холати тонзиллити шадид пеш аз ҳама (ангина) бо тариқи консервативӣ аз тарафи пизишкони Гӯшу Гулӯ ва Бинӣ гузаронида мешавад. 

Дар ҳолати ба шакли музмин гузаштан ба бемор амали ҷарроҳии тонзиллэктомӣ тавсия дода мешавад.

Мехостам ба якчанд саволҳои доимии беморон ҷавоб диҳам:

Оё гирифтани бодомакҳои 1-2 ва 3 ба беморон зарар дорад?

Аз рӯи мушохидаҳои тӯлонии беморони пас аз амали тонзиллэктомия аз тарафи олимони ин соҳа оризаҳои назаррас мушохида нашудааст. Баръакс дар тамоми беморон беҳбудии куллӣ ба назар мерасад.

Пас аз гирифтани бодомакҳои 1-2 ва 3 қобилияти имунии бадан паст мешавад?

Бодомакҳои 1-2 ва 3 дар қобилияти муқовиматии бадан саҳми худро доранд, аммо ба ғайр аз бодомакхои 1-2 ва 3 бодомакҳои 4-5, 6 ва инчунин дигар узвҳои бадан саҳми муҳими худро дар қобилияти иммунӣ доранд. Бодомакхо ҳамагӣ дар организм 0,01 % нақши муҳофизӣ доранд. Бинобар, ин пас аз амали чаррохӣ тағйироти назаррас дар қобилияти имуннӣ мушоҳида намешавад.

Пас аз ҷарроҳӣ имкони такроран ба беморӣ гирифтор шудан ҳаст?

Пас аз тонзиллэктомия рушди такрории бодомакҳо мушоҳида намешавад ва бинобар ин имкони мубталои такрори ба ин беморӣ вуҷуд надорад.

Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!

https://youtu.be/ldt97W7ZmJ8

ФОТО

 

ВИДЕО