БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАРИЕС ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН (ВИДЕО)

Дандонпизишки Бемористони Ибни Сино,

доктор Тошматов Ҷамшед

 

Кариес асоситарин сабаби муроҷиати афрод ба дандонпизишк ба шумор меравад. Агар зидди ин беморӣ чораандешӣ нашавад, раванди кариозӣ ба дохили дандон ва бофтаҳо ворид мешавад.

Дар натиҷа дар дандон ковокиҳо ба вуҷуд омада аз даст додани он имконпазир мегардад.

Тибқи омори Ташкилоти Ҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ) 92 дарсади аҳолии курраи Замин дандонҳои худро нодуруст тоза мекунанд ва ин ба рушди бемории кариес мусоидат мекунад. Имрӯз аз байн рафтани бофтаҳои сахти дандон, бо сабаби таъсири бактерияҳо дар саросари ҷаҳон дар ҳоли рушд қарор дорад ва дар натиҷа бемории кариес сабаби асосии аз даст додани дандон шинохта шудааст. Бемории мазкур аз синну сол ва ҷинсият вобастагӣ надорад.

Барои пешгирии пайдоиши кариес, бояд ба тозагии (гигиенаи) ковокии даҳон диққати аввалиндараҷа дод. Хусусан ба техникаи нигоҳубинӣ дандонҳо тавваҷӯҳ зоҳир намуд.

Дандонҳоро дар зарфи 2-3 дақиқа бояд тоза кард ва аз ҷойҳои душворгузар - решаи дандонҳои болоӣ оғоз намуд. Дар марҳилаи баъдӣ бояд дандонҳои дигарро низ ба ҳамин равиш мисвок зад.

Дандонҳо бояд аввал ба сурати ҳаракати давраӣ ва сипас аз боло ба поин тоза карда шаванд. Сифат ва ҳаҷми тозакунӣ ба гигиенаи ковокии даҳон таъсири зиёд дорад. Ҳар қадар ки дандон бо сифат тоза гардад, ҳамон миқдор бактерияҳои заррарсон маҳв гардида, дандон ва милки он солим мемонанд.

Инчунин тавсия мешавад истеъмоли қандро кам карда, дар реҷаи хӯрокӣ миқдори микроэлементҳо зиёд намуда шавад.

Корҳои пешгирикунандаи доимӣ хатари ба вуҷуд омадани кариесро камтар мегардонад. Умуман пешгири кардани кариес аз табобати он осонтар мебошад.Ҳар нафар бояд дар шаш моҳ як маротиба аз муоинаи дандонпизишк гузарад.

Агар Шумо ниёзманди муоинаи дандон ё ковокии даҳон ҳастед, метавонед ба бемористони мо муроҷиат намоед. Дар бемористон бахши стоматологӣ фаъолият мекунад, ки бо таҷҳизоти муосир ва масолеҳи бо сифати стоматологӣ таъмин гардонида шудааст.

Раҳмат ба диққататон ва то вохӯриҳои дигар!

https://youtu.be/zoBA0r2cJyY

ФОТО

 

ВИДЕО