БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА (ВИДЕО)

Урологи Бемористони Ибни Сино,

Доктор Абдувоҳидов Абдусамад.

 

Простат ё худ ғадуди пешҷой яке аз узвҳои асосии мардона аст, ки дар қисми поёнии ковокии коси хурд, зери масона ҷойгир мебошад. Ин ғадуд қисми простатии найи пешобрез ва маҷроҳои манибарорҳоро иҳота мекунад.

Маъмултарин бемориҳои простат илтиҳоби ғадуди простат - яъне простатит, аденомаи простат ва саратони простат мебошанд.

Простатит илтиҳоби гадуди простат буда, бисёртар дар мардони синни фаъоли меҳнатӣ вомехӯрад. Аз руйи таснифоти қабулшуда простатит ба 4 категория тақсим мешавад.

Простатити ҳоди бактериявӣ

Простатити музмини бактериявӣ

Простатити музмини абактериявӣ

Простатити беаломат.

Зуҳуроти клиникии простатит сершумор аст. Аломатҳои простатити ҳод ҳароратбаландӣ бо табларза, дардҳо дар чатан, дар мавзеъи узвҳои ҷинсӣ ва камару чорбанд, пешобронии тез тез ва бо дарду сӯзиш, гоҳҳо бандшавии шадиди пешоб мебошанд.

Зуҳуроти асосии  простатити музмин бошад дарди кунд маъмулан дар ноҳияи чатан ва моядон, норасогии пешобкунӣ, ҳисси пурра холӣ нашудани пешобдон, сустии потенсия, мондашавии умумӣ, асабхастагӣ мебошанд, ки боиси паст шудани сифати ҳаёти мард мегардад.

Аденомаи простата ё гиперплазияи хушсифати ғадуди простата дар натиҷаи бузургшавии ғадудҳои назди мачрои пешобрез ба вучуд омада, маъмулан дар мардҳои солхӯрда вомехӯрад.

Сабаби асосии инкишофи ғадуди простата вайроншавии мувозинати ҳормонӣ мебошад.

Аденомаи простата тибқи оморҳо дар 30-40% мардҳои синну солашон аз 50 боло вомехӯрад, аммо зуҳуроти клиникии беморӣ факат дар 15% - и онҳо мушоҳида мешавад.

Ба қадри афзоиши худ аденома боиси фишурдашавӣ ва деформатсияи қисми простатии маҷрои пешоб мегардад, ки дар натиҷа аввал зуд-зуд ва баъдан бо фишор пешобкунӣ ба амал меояд. Чараёни бемориро ба се давра аз ҷихати холишавии пешобдон таксим мекунанд. Зуд-зуд пешобкунӣ, хусусан шабона, бо мушкилӣ ва фишори паст пешобронӣ, хисси пурра холӣ нашудани пешобдон, зиёд шудани ҳаҷми боқимондаи пешоб, қабзияти пешоб маризро азият мекунад. Саривақт табобат накардани беморӣ боиси бандшавии музмини пешоб гашта, метавонад ба норасогии музмини кори гурдаҳо оварад.

Ташхиси бемориро бо ултрасадо  ва ба тарзи бо ангушт  тафтиш кардани простата аз маъқад ташхис мекунанд. 

Муолиҷаи аденомаи простата дар марҳилаи аввал бо ёрии доруҳо буда, дар ҳолати натиҷаи хуб ба даст наомадан, ҷаррохӣ тавсия карда мешавад. Усули ҷаррохӣ бошад, ба таври кушода ё эндоскопӣ  гузаронида мешавад. Маъмултарин усули табобати эндоскопии аденомаи простата бо тарзи ТУР -  яъне резексияи трансуретралии простата анҷом дода мешавад.

Дар навори баъдӣ мо ба шумо дар бораи ҷарроҳии ТУР маълумот хоҳем дод.

Ташаккур барои таваҷҷӯҳ!  

https://youtu.be/SYFjLgTJE0A

ФОТО

 

ВИДЕО