БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

РИНИТИ БОДИГАРМӢ (АЛЕРГӢ) (ВИДЕО)

Мудири бахши Гуш Гулӯ ва Бинӣ-и

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев.

 

Аз рӯи тадқиқотҳои солҳои охир муайян гардид, ки нафаскашӣ тавассути бинӣ шарти саломатии физиологии бадан ва таъмини организм ба оксиген мебошад.

Ихтилоли нафаскашӣ тавассути бинӣ ва кашидани нафас аз роҳи даҳон сабабгори бемориҳои гуногун ба монанди:

Нодуруст инкишофёбии скелети руй дар наврасон

Ихтилолоти асабӣ, заифии хотира, вайроншави мутолиакунӣ

Бемориҳои дилу рагҳои хунгард, баландшавии фишори дохили сарӣ ва дарди сар - мегардад.

Сабабҳои душвории нафаскашӣ гуногун буда, яке аз сабабҳои паҳнгашта ин ринити бодигармӣ (аллерги) мебошад. Ринити бодигармӣ - бемории илтиҳобӣ аст, ки бо ворид шудани барангезанда (аллерген) дар организм ба вуҷуд меояд.

Ринити бодигармӣ  (аллерги) ду навъ мешавад:

-Фаслӣ (интермиттирующий)

- Доимӣ (Персистирующий)

Сабабҳои беморӣ метавонанд ирсӣ, касбӣ,  доругӣ,  ҳавоӣ, ё ин ки чангу ғуборӣ бошад.

Аломатҳои беморӣ:

- Душвории нафаскашӣ тавассути бинӣ.

- Резиши оби бинӣ.

- Хилти қафои бинӣ.

- Атсазании зиёд.

- Хориши бинӣ.

- Сурхшавӣ ва хориши чашмон, варами пилки зери чашмон.

- Нороҳатии хоб дар кӯдакон мебошанд.

Пешгирии беморӣ бо бартараф намудани барангезанда (аллерген), истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар мавзеъҳои  чангу ғубордор амалӣ карда мешавад. Тоза нигоҳ доштани ковокии бинӣ ва шустани ковокии бинӣ, мӯътадил намудани намнокӣ ва тоза нигоҳ доштани ҷои зист низ ба пешгирӣ мусоидат мекунанд.

Табобати ин беморӣ ба таври консервативӣ гузаронида шуда, дар холати каҷ будани миёндевории бинӣ ва мавҷуд будани салилаҳо (полип) амали ҷаррохӣ тавсия дода мешавад.

Ҳангоми дуруст ва сари вақт табобат накардани бемории мазкур ба оризаҳои гуногун ба монанди диқи нафас (бронхиальная астма), салилаҳои ковокии бинӣ (полип) ва ғайраҳо оварда мерасонад.

https://youtu.be/YffUnef159M

ФОТО

 

ВИДЕО