БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАБОБАТИ МУОСИРИ ҲЕПОТИТ (ВИДЕО)

Ассистенти бахши гастроэнтерологии

Бемористони Ибни Сино,                                             

доктор Қосимов Маҳмадсабур.

 

Ҳепотит ба маънои илтиҳоб ва варами ҷигар мебошад, ки ба он “зардпарвин” низ мегӯянд. Муҳимтарин сабаби пайдошавии ин беморӣ вирусхо ҳастанд.

Вирусҳо ҳангоми ворид шудан ба организми одам ба таври хеле зуд дар муддати чанд соат инкишоф меёбанд.

То ба имрӯз шаш навъи вирусҳои ҳепотит шинохта шудаанд : А; В; С;D;E;G;

Сироятёбӣ бо вируси ҳепотит имрӯз як мушкилии муҳими беҳдоштӣ дар саросари ҷахон аст. Имрӯз ин беморӣ ба унвони як душворӣ ёд мешавад, вале агар иқдомоти лозимӣ дар пешгирӣ ва контроли ин беморӣ сурат нагирад дар оянда як фоҷиа хоҳад буд. Ба таври тақрибӣ тахмин зада мешавад, ки 200млн нафар дар ҷаҳон гирифтори ҳепотити С ҳастанд.  Ва 2млрд нафар гирифтори ҳепотити В ҳастанд.

Аксарияти беморони гирифтори ҳепотити вируси аломати хосе надоранд ва танҳо бо озмоиш мушаххас мешаванд. Дар баъзе беморон аломати шадиди ин беморӣ ба монанди сармохӯрдагӣ, ГРИПП, беиштиҳоӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, хиррашавӣ ранги пешоб, камрангшавии ранги наҷосат ва зарди шадиди пӯст ва пардаҳои луобӣ зуҳур мекунад. Ин аломатҳо хоси як навъи ҳепотит набуда, дар ҳамаи намуди ҳепотитҳо дида мешавад. Дар 95% ҳолатҳо бемории шадиди ҳепотит ва аломатҳои он ба таври худ ба худи дар давоми 4-6 ҳафта бартараф гашта, вирус аз бадан нест мегардад.

Агар ин беморӣ ва аломатҳои он  камтар аз шаш моҳ тӯл кашад, гепатити шадид ва муддати он аз шаш моҳ бештар бошад, ба он ҳепотити музмин мегӯянд. 

Аз миёни вирусҳои шиносоӣ шуда вирусҳои ҳепотити В ва С бемории асосии музмини ҷигар ҳастанд, ки сабаби норасогии кори ҷигар, серрози ҷигар ва саратони ҷигар мегарданд. Аз ин сабаб онҳоро бояд контрол кард. Сараввал дар бораи ҳепотити С ва дар оянда дар бораи ҳепотити В бароятон маълумот хоҳем дод.

Вируси ҳепотити С як вирус аз гурӯхи фловидвирусҳо ҳаст, ки ба ҳуҷайраҳои ҷигар осеб мерасонад. Бар асоси мутолиоти генетикӣ вирус дорои 11 гуна (генотип) аст. 

Шоеътарин генотипҳо дар Точикистон  генотипи 1а, 1b, ва 3a мебошад.

Навъи генотипи вирус  дар пешгӯӣ, навъ, муддати дармон  ва  инчунин ба  интихоби навъи доруҳо матн муҳим аст. 

Вируси ҳепотити С дар муҳити хориҷ аз бадан  ва дар хуни хушкшуда низ  то 3 моҳ зинда мемонад, вале бо ҷӯшонидан дар 100 дараҷа дар давоми 5 дақиқа аз байн меравад.

Вируси ҳепотити С дар сурати расидан бо хуни шахси олуда ба шахси солим интиқол   ёбад. 

Ба аъзоёни хонавода  ин беморӣ аз тариқи васоили шахсӣ мисли мисвок, риштарош,  нохунгир, шонаи махсгар ва дастмол сироят карда метавонад, аз ин сабаб онҳоро бояд ҷудо кард. Вале бояд донист, ки  ҷудосозии  васоили зиндагӣ мисли қошуқ ва табақ зарурӣ нест,  набояд дар ҳоли риояи тавсияҳои мазкур нисбат ба хатари  интиқоли беморӣ  ҳасосияти шадид нишон дод ва эҳсоси гуноҳ дошт.

Издивоҷ ва ташкили хонавода  барои мубталоён ба ҳепотити С монеа нест.  Хатари  интиқоли ҳепотити С дар зиндагии  заношуӣ  кам аст.

Хатари  интиқоли ҳепотити С аз модари бордор  ба фарзанд низ бисёр нодир аст. Мизони хатари интиқол ба навзодон хангоми таваллуд  камтар аз 1 то 3 дарсад аст.

Хушбахтона  ширдиҳӣ ба беморони ҳепотит манъ нест, вале бояд донист, ки  ҳангоми захмӣ шудани  пистони модар  хатари интиқол вуҷуд дорад.

Ашёхое, ки дар тиб ва барои сӯрох кардани гӯш, тиббӣ сузан ва ё дандонпизишкӣ  ба кор мераванд  метавонад ба вируси ҳепотити С олуда шуда, шахси солимро олуда кунанд.

Мутаассифона то ба имрӯз  Вакцина ва ё ба истилох эмкунӣ зидди вируси ҳепотити  С вучуд надорад.

Ҳалли мушкилоти ҳепотит огоҳ кардани  мардум ва боло бурдани  дониши ҳамаи  шахсони ҷомеа,  оиди беморӣ, роҳҳои гузариш ва пешгирии он мебошад.

Гирифторони  ҳепотит  бояд аз сигоркашӣ, нӯшидани машруботи спиртӣ, фарбеҳшавӣ ва истеъмоли маҳсулоти чарбӣ парҳез кунанд.

Ташхиси беморӣ дар асоси озмоиши хун  барои муайян кардани вирус, озмоиши  хун барои фаъолияти кори чигар, таҳлили умуми хун, сонографии ҷигар ва фиброскани ҷигар  мушаххас мегардад.

Хушбахтона тибби муосир қодир аст ин бемориро то 98 дарсад табобат намояд.  

Ташхис ва табобати беморӣ дар бемористон дуруст ба роҳ монда шудааст ва зери назорати профессор Мансурӣ карор мегирад.

Инчунин  китоби ҳепотити В, ҳепотити С ва сиррози ҷигар (Роҳнамои ҷомеъ барои умум) бо забони тоҷикӣ  бо ҳарфҳои кириллӣ ва форсӣ ба нашр расидаанд, ки дастраси мизоҷон мебошад. 

ФОТО

 

ВИДЕО