БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

СОНОГРАФӢ (ВИДЕО)

Мутахассиси ташхиси дастгоҳии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Ҳақназаров Меҳроҷ.

 

Агар 25-30 сол пеш сонографӣ (ултрасадо) фақат санг ва кистро дар узвҳо муайян мекард, имрӯз қариб ягон намуди беморие нест, ки дар ташхиси он сонографӣ саҳм надошта бошад.

Сонографӣ қариб ҳамаи тағйиротҳоро дар узвҳои бадан муайян карда, метавонад дар бисёр ҳолатҳо рентгенро иваз кунад, ки инсонро аз таъсири нурҳои рентгенӣ халос мекунад.

Бо пайдо шудани дастгоҳҳои замонавии сонографӣ, ташхисҳое, ки гузарониданашон ба ҷисми инсон хатар эҷод мекард, аз байн меравад. Инчунин ба воситаи сонографӣ метавон ҳолати рагҳои хунгард, дил, гиреҳҳои лимфатикиро бе хунрезӣ муайян кард.

Таҳти назорати сонографӣ метавон баъзе аз амалиётҳои ҷарроҳиро низ анҷом дод (аз қабили кистэктомия, биопсия).

Ҳамчунин сонографӣ дар ҷараёни табобат барои муайян кардани натиҷаи табобат истифода бурда мешавад.

Нишондод барои гузаронидани сонографӣ биёртар дар вақти дард дар шикам ва камар пайдо мешавад. Аз ин сабаб роҳхат барои ташхиси сонографиро ҷарроҳ, уролог, гастроэнтеролог, гинеколог ва дигар мутахассис таъин мекунад.

Вактҳои охир бисёре аз беморон худашон аз назорати сонографӣ мегузаранд ва бо хулосаи тайёр ба назди пизишк мераванд.

Мақсади асосии ташхиси сонографӣ муайян кардани сабаб ва ҷои дард мебошад.

Мутаасифона мавҷҳои сонографӣ фақат узвҳоеро нишон медиҳанд, ки ҳаво надоранд, ё дарунашон пур аст,  ҳамчунин чарби зиёди зери пӯст боиси коҳиш ёфтани мавҷ мегардад.

Аз ин сабаб қабл аз анҷом додани сонографӣ ба беморон тавсия мешавад, ки 2-3 руз аз хӯрокҳое, ки боиси пайдошавии газ дар организм мешаванд (аз қабили хӯрокҳои бо нахӯд, лӯбиё, карам тайёр шуда) парҳез кунанд. Инчунин аз истеъмоли баъзе меваҳо мисли нок, ангур, шафтолу ва нони сиёхҳу шир ва оби газнок  худдорӣ кунанд.

Сонографӣ ташхиси пешқадами ҳозиразамон буда, метавонад саршавии илтиҳобро дар узвҳо, нуқсони рушди узвҳо, тағйир ёфтани сохтор, пайдошавии санг, кист ва омосҳоро муайян кунад. Дар баробари ҳамаи ин сонографӣ як намуди ташхиси оддӣ, безарар ва бедард мебошад.

Аз ин рӯ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳар як шахс на камтар аз як ё ду маротиба дар як сол аз ташхиси ултрасадо гузарад ва аз пайдоиши бемориҳо пешгирӣ ба амал ояд.

https://youtu.be/jbbJRgbMM3E

ФОТО

 

ВИДЕО