БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АРТРОЗИ БУҒУМИ ЗОНУ (ВИДЕО)

Мудири бахши ортопедии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Мирзобеков Қурбоналӣ

 

Аз рӯи омори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар дунё шахсони аз синну соли 40-сола боло то 60 дарсад ба бемории артрози буғумҳои калон (буғумҳои косу рон ва зону) гирифтор мешаванд.

 

Артрози буғуми зону  ин бемории вайроншавии трофикаи буғум мебошад,ки ба вайроншавии сатҳи буғум ва тағояки он оварда мерасонад.

Сабабҳои артроз инҳо мебошанд:

- Осеби буғум

- Вайроншавии мубодилаи моддаҳо

- Зиёд шудани вазни бемор

- Камқувватии бандакҳои буғум

- Бемориҳои буғум

- Фишори зиёд ба зону 

Дар тибби муосир аз ҷумла дар марказҳои тиббӣ барои муайян кардани ташхиси артроз ва табобати он шароит муҳайё шудааст. Барои ташхиси артроз ва марҳилаҳои он табибон аз таҷҳизотҳои муосир: рентгени рақамӣ, Томографияи компютерӣ, МРТ  ва озмоишҳои лабораторӣ истифода  мекунанд.

Артроз аз  4-марҳила иборат аст:

Марҳилаи  1-ум.  Дардмандӣ дар вақти роҳ рафтан, ки дар оромӣ нест мешавад. Каме карахтӣ ҳангоми  саҳар. Дар акси рентгенӣ тағйиротҳо намоён намешаванд.

Марҳилаи  2-юм.  Карахтӣ зиёд мешавад, дардхо дар вақти роҳ рафтан  ё вазн бардоштан  пайдо мегардад, сурхшавии пӯст  ва варами буғум мушоҳида мешавад, ки аломатҳои илтиҳоб мебошанд.  Дар акси рентгенӣ тангшавии роғи буғум ва пайдошавии остеофитҳо дар канорҳои буғуми зонуҳо маълум мегарданд.

Марҳилаи 3-юм. Ҳангоми ҳаракат  дардҳои буғум хеле зиёд мешаванд. Дардҳо ҳангоми оромӣ ҳам кам намешаванд. Маҳдудияти ҳаракат дар буғумхо пайдо мешавад.

Марҳилаи 4-ум. Вайроншавии тағояки буғумҳо, часпиши байни буғумхо ва каҷшавии дағали онҳо, инчунин дардҳои шадиди зонуҳо мушохида мешаванд.

Табобати Артроз.  Табобат дар марҳалаи аввал зидди дард ва илтиҳоб тавсия дода мешавад.

Дар марҳалаи дуюм табобати устухон ва сатҳи буғум, ки аз табобат бо Ca ва хондропротекторҳо иборат аст тавсия мешавад.

Дар марҳалаи сеюм дар сурати  лозимӣ препаратҳои кислотаи гиалурон, ки дохили буғум ворид карда мешаванд, тавсия дода мешавад.

Инчунин дар рафти ин табобат Физиотерапия ва варзиш барои тақвияти  мушакҳои зону таъин карда мешавад.

Дар марҳилаи ниҳоӣ, агар табобати дар боло зикршуда натиҷаи дилхоҳ надиҳад, намудҳои ҷарроҳии остеотомия ва эндопротез тавсия дода мешавад. 

https://youtu.be/924zZuZHceI

ФОТО

 

ВИДЕО