БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ УЗВҲОИ АШКӢ

Чашмпизишки Бемористони Ибни Сино,

Бобоҷонова Шаҳло.

 

Узвҳои ашк гуфта, дар илми тибб маҷмӯъаи сохторҳои анатомиро меноманд, ки моъеи ашкиро ҳосил мекунанд.

Узвҳои ашк аз 3 бахш иборатанд:

1. Бахши ашк тавлидкунанда - моеъи ашкӣ.

2. Бахши ашк қабулкунанда - ба ин бахш кисаи ашк, ҷӯйбори ашкӣ, гӯштпораи ашкӣ ва кӯлчаи ашкӣ дохил мешаванд.

3. Бахши ашкгузарон - ба ин бахш нуқтаҳо ва роҳҳои ашкӣ, кисаи ашкӣ ва ҷараёни ашкӣ дохил мешаванд.

Моеъи ашкӣ дар 97,8 дарсад аз об ва 1,8 дарсад аз намакҳо таркиб ёфтааст. 0,4 дарсади дигараш аз сафедаҳо, ҷарбиҳо, глюкоза, муко-полисахаридҳо ва минералҳо иборат мебошад.   Барои намнок кардани чашмҳо ва фаъолияти солими онҳо дар як шабонарӯз 0,5 - 1 милиграмм моъеи ашкӣ лозим аст.

Бемориҳои узвҳои ашкӣ дар 3-6 дарсади одамони гирифтор ба бемориҳои чашм дида мешаванд.

Бемориҳое, ки аломати асосиашон ашкрезӣ аз чашмон мебошад иборатанд аз: илтиҳоби роҳҳои ашк, илтиҳоби кисаи ашкӣ, нодуруст ҷойгир гаштани нуқтаҳои ашкӣ, танг шудан ё маҳкам гардидани роҳи ашкгузарон. 

Бемориҳои мазкур сироятӣ ва аллергикӣ мешаванд:

Канакуллит - илтиҳоби зардобии роҳҳо.

Дакриотсистит - илтиҳоби ғадуди ашкӣ.

Ноҳинҷориҳои модарзодӣ

Омосҳо (варамҳо)

Усули ташхиси ин навъи бемориҳо:  муоинаи беруна; намунаи Ширмер ( рахе, ки намро ба худ мекашад); намунаи конолӣ (пайдошудани рангкунанда дар кисаи ашкӣ ҳангоми фишор додан);  шустани роҳҳои ашкӣ ва сӯрох кардани кисаи ашкӣ ба шумор меравад.

Табобати бемориҳои узвҳои ашкӣ ҳам бо роҳи консервативӣ (бо дорӯ) ва ҳам бо роҳи ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад.

ФОТО

 

ВИДЕО