БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОТИТИ ТОБИСТОНА

Мудири бахши Гӯшу Гулӯ ва Бинӣ - и

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Нозим Шодиев.

 

Бемориҳои илтиҳобии ЛОР - узвҳо дар фасли гармӣ ҳам хеле зиёд ба назар мерасанд. Яке аз чунин бемориҳо отит ба шумор меравад, ки бо фарорасии гармӣ ва мавсими оббозӣ, хатари гирифтор шудан ба ин бемории гӯш ба маротиб боло меравад.

Отити тобистона бештар дар натиҷаи оббозӣ ва зиёд мондан дар оби хунук буруз мекунад. Инчунин зиёд истодан зери ҳавосардкунак (конденсионер) ва зиёд истеъмол намудани нӯшокиҳои хунук сабаби сар задани отит мегарданд. Дар фасли гармо ба отит бештар кӯдакон гирифтор мегарданд.                                     

Отит бемории илтиҳобии гӯш буда, дар натиҷаи ворид шудани сироят ба гӯш рушд мекунад. Бактерияҳои сироятӣ ба осонӣ аз дигар ЛОР-узвҳо, монанди бинӣ ва ҳалқ ба гӯш интиқол меёбанд. Отит хусусан барои кӯдакон хатари зиёд дорад ва агар сари вақт табобат нашавад ба шакли музмин гузашта, метавонад ба ношунавоӣ оварда расонад.                    

Аломати асосии отит -дарди нолишкунанда ё сихзананда дар гӯш ба шумор меравад. Инчунин ҳангоми отит ҳарорати бадан метавонад баланд шуда, ҳисси шунавоии инсон поин равад. Дар оғоз инсони гирифтор ба отит аз дарди гӯш азият мекашад ва баъди як чанд рӯз аз гӯши бемор моеъи зардобгин берун мерезад. Қабл аз сӯрох шудани пардаи гӯш, аз ҳама вақти қулай барои муроҷиат ба пизишки ЛОР ба шумор меравад.

 Агар беморон ин ҳангом ба мутахассис муроҷиат накунанд, моеъи зардобгин боз дар дохили гӯш ҷамъ мегардад. Инчунин дар баъзе маворид моъеи зардобгин наметавонад мустақилона берун оянд ва ин ҳолат барои бемор хатари ҷонӣ ба бор меорад. Инсон гирифтори абстсесси мағзи сар ё илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) мегардад.

Барои ташхиси отит, табиби ЛОР  ба василаи отоскоп гӯши беморро муоина карда, ташхиси хун, моъеи зардобгин ва рентгени устухонҳои чаккаиро таъин мекунад.  Инчунин томография компютерии гӯши бемор низ дар ташхиси отит муфид қарор мегирад.

Табобати отит аз навъи ин беморӣ вобастагӣ дорад. Отит метавонад шадид ва музмин бошад. Табобат бо роҳи дорӯи амалӣ мегардад. Гӯш ба василаи маҳлули зиддиуфунатӣ шуста мешавад. Дар баъзе маворид мудохилаи пархошгарона - поротсентез ё сӯрох кардани пардаи гӯш тавсия мегардад.                   

Ҳангоми дарди гӯш ба ҳеҷ ваҷҳ гӯшро гарм накунед, чаро ки ба ин васила раванди илтиҳобиро суръат мебахшед ва сироят боз бештар паҳн мегардад. Муоинаҳои гармкунӣ танҳо баъди бартараф кардани раванди шидиди илтиҳобӣ ва табобати зиддибактериявӣ тавсия мегарданд . Дар фасли гармо кӯшиш кунед худ ва кӯдаконатонро аз саромхӯрдагӣ, оббозии тӯлонӣ дар оби сард ва нишастан зери ҳавосардкунак  ҳифз намоед. Ба ин васила хатари гирифтор шудан ба отитро дар тобистон, барои худ ва кӯдаконатон поин мебаред.

ФОТО

 

ВИДЕО