БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ФАРЗАНДАТОНРО АЗ БОЗИЧАҲОИ ҲАҶМАН ХУРД ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кунҷкобии кӯдакон дар аввали ҳаёт водор мекунад, ки онҳо ба омӯзиши бадани худ машғул шуда, узвҳои баданро ламс кунанд ва  ҳиссиётҳои нав водор месозад, ки кӯдаки Шумо бори аввал ба ковокии биниаш ангушт занад. Рӯзе дар сари ӯ савол ба миён меояд: «Оё ба дохили ковоки бинӣ чизе ҷой кардан мумкин аст???».

Ин боис мешавад, ки  баъзан кӯдакони то 5- сола ба ковокии биниашон қисмҳои хурди бозичаҳо ба монанди: чашмак, бинича, тугмаҳо, батарейкаву тирчаи бозичаҳо, нигин ва ҳатто танга, писта, нахӯд ва гайраҳоро ворид кунанд.

Аломатҳое ки дар асари ворид шудани ҷисми бегона ба бинии кӯдак ворид мешавад: алоими аввал ва шоеъ атсазанӣ ва резиши оби бинӣ, ки дар соатҳои аввал мушохида шуда, баъдан душвории нафаскашӣ бо бинӣ, резиши оби бинӣ омехта бо фасод ва хун илова мешаванд.

Ҳангоми дучор шудан ба ин ҳолат набояд кӯдакатонро сарзаниш кунед! Ин боис мегардад, ки минбаъд ӯ чунин ҳолатро аз Шумо пинхон кунад ва сабаби оризаҳои дигар шавад. Ҳаргиз худсарона саъй накунед, то ҷисми бегонаро берун биёред. Ҳангоми мутмаин шудан, ки ҷисми дар ковокии бинӣ буда ҳаҷман хурд аст, метавонед ба фарзандатон омӯзиши дурусти афшонидани биниро ёд диҳед ва бо ин кор ҷисми дар дохили бини бударо берун орад. Ҳатман пеш аз он ки ин корро анҷом дихед, бояд бовар дошта бошед, ки фарзанди Шумо метавонад биниашро худсарона афшонад, зеро бисёре аз кӯдакон  ин корро нодуруст анҷом медиханд. Ба ҷои ба берун афшонидан ба дохил нафаси сахт мекашанд ва ин боиси дарунтар рафтани ҷисми бегона мегардад.  Дар ҳоли берун наомадани ҷисм ҳатман ба духтури Гӯшу Гулӯ ва Бинӣ муроҷиат намоед, то ин ки пурра ковокии биниро аз назар гузаронад ва ҷисми бегонаро берун орад. Баъзан кӯдакон ду ва ё якчанд ҷисми бегонаро паи ҳам ба ковокии биниашон ворид мекунанд. Аз ин лиҳоз пас аз гирифтани ҷисми дар ковокии бини буда, бояд ҳатман ковокии бини пурра аз назар гузаронида шавад.

Оризаҳо дар ҳоли сари вақт нагирифтани ҷисм аз бинӣ:

1.            Ба санг мубадал гаштани ҷисми бегона (ринолит).

2.            Душворшавии нафаскашӣ тавассути бинӣ.

3.            Илтиҳоби ҷавфхо (гайморит, этмоидит ва гайра).

4.            Хунрезӣ аз бинӣ.

5.            Сӯрохшавии миёндевори бинӣ.

6.            Воридшавӣ ба роҳи поёнии нафас (бронхҳо ва шушҳо).

Пешгирӣ аз чунин ҳолат бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва дар дастраси кӯдак нагузоштани бозича ва ашёҳои хаҷман хурд амалӣ мешавад.

Табобат: гирифтани ҷисми бегона аз тарафи духтури Гӯшу Гулӯ ва Бинӣ.

ФОТО

 

ВИДЕО