БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Боз як амали ҷарроҳии мураккаб дар Бемористони Ибни Сино бомуваффақият анҷом ёфт!

   21-01-2013 Таи як ҳафтаи охир дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино  амалҳои  зиёди ҷарроҳии мураккаб,  аз қабили PCNL,TURP, TUL , пиеропластика ва як амали кушодани кистаи семеновезикалӣ анҷом дода шуд. Бояд қайд намуд, ки аз байни ин намуди бемориҳо бемории  кистаи семеновезикалӣ аҳён-аҳён ба назар мерасад. Пас аз муроҷиати ин бемор ба Бемористони Ибни Сино, барои мушаххас

намудани беморӣ ва ташхиси он бемор ба утоқи амал гирифта шуд ва тавассути дастгоҳҳои нодир мисли уретроскоп (дастгоҳ барои муоина намудани маҷрои пешоб) ва сонография бо дастгоҳи огоҳкунанда (датчик)-и ректалӣ маълум гардид, ки бемор мубталои кистаи семеновезикалӣ аст, ки барои хориҷ шудани нутфа монеа пайдо мекунад. Бо истифода аз резетоскоп киста бартараф карда шуда, бемор дар ҳолати қаноатбахш пас аз як шабонарӯз ба хонааш мураххас шуд. Бояд зикр намуд, ки ин амале, ки  давоми 30 дақиқа дар ин бахш анҷом дода шуд, дар Осиёи Миёна назир надорад.

ФОТО

 

ВИДЕО