БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

УСУЛ ВА РАВИШИ МУАЙЯН КАРДАНИ ГУРӮҲИ ХУНИ ОДАМӢ

Мудири озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино,

Хуросон Набиева

 

Сурми хунӣ дорои ин ё он оглутинин, барои тасдиқ ё радди вуҷуди оглутиногени муносиб дар эритротситҳои (галбули сурх) мавриди таҳқиқ, ба сифати вокунишдиҳанда (ректив) комилан муносиб аст.

Барои мисол, агар бо сурми хунӣ гурӯҳи дуввум, ки дорои оглутининӣ зидди (анти) -В мебошад, бо равиши шинохташуда, чанд намунаи эритротситҳои хуни одамони гуногунро коркард намоянд, вокуниши (реаксияи) оглутинин танҳо бо намунаи эритротситҳое иттифоқ меуфтад, ки дорои оглутиногени муносиб (дар маврди мазкур оглутиногени В) мебошанд. Дар намунаҳои дигари хун, ки дорои оглутиногенӣ ба ҷуфти оглутинатсионии дигар таалуқдошта мебошанд (яъне оглутиногени А), ё умуман оглутиноген надоранд, оглутинатсия ба вуқӯъ намепайвандад.

Агар як қатор намунаҳои эритротситҳои хунро, бо сурми хунӣ гурӯҳи аввал, ки дорои ҳарду оглутинин мебошад таҳқиқ намуд, вокунишӣ (реаксияи) оглутинатсия, бо тамоми намунаҳои эритротситҳои хун, ки дорои ин ё он он оглутиноген мебошанд ё ҳарду оглутиногенро дар якҷоягӣ доранд, ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳамин тариқ ҳеҷ як аз сурми хунии дорои ин ё он оглутинин ё дорои ҳарду оглутинин дар якҷоягӣ, ҳангоми истифодаи ҷудогона, барои муаян кардани таалуқи гурӯҳиии эритротситҳо ношоям мебошанд.

Дар баробари ин, ҳангоми истифодаи ҳамзамони сурми хунии дорои омили (фактори) зидди -А ва суруми хунии дорои омили зидди -В, мешавад ҳар кадом аз 4 гузинаи тақсимбандии изооглутеногенҳо дар эритротситҳои хуни одамиро ошкор кард. Ҳеҷ ҷуфти дигари сурми хунӣ, наметавонад ин натиҷаро бидиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, сурмҳои хунии гурӯҳи сеюм ва чорум, сурмҳои қолибии (истондортии) изогемаглутинӣ номгузорӣ гардиданд.               

Агарчӣ барои муайян кардани таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо, истифодаи ҳамзамони сурмҳои истондортии гемоглутинӣ, яъне сурмҳои гурӯҳи дуввум ва саввум пурра кифоя мекунад, аммо дар амал равиши муаян кардани таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо ба василаи се суруми хунӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.  Дар ин навъ таҳқиқ, дар қатори сурми хунӣ гурӯҳи дуввум ва саввум, сурми хунӣ гурӯҳи аввал низ ҳамроҳ карда мешавад. Сурми хунӣ гурӯҳи аввал аз рӯи хусусиёти серологии худ, қолибӣ (истондортӣ) намебошад, аммо ворид кардани сурмҳои хунии корӣ барои муаян кардани таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо ба ин сурми хунӣ, арзиши амалии воло дорад. Сурми хунӣ гурӯҳи 0 ( I ) дар ин маврид назоратчӣ ба шумор меравад, чаро ки натиҷаи ҳамкории ин сурми хун бо эритротситҳои таҳқиқшуда, на бояд бо натиҷаи ба даст оварда бо ёрии сурмҳои истондорт, таноқуз дошта бошад.

Ба ин васила, равиши муайян кардани таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо бо ёрии се сурми хунӣ, имкон барои қиёси натиҷаҳои таҳқиқ бо сурмҳои истондорт ва сурми назоратчиро муҳаё мегардонад. Ин навъи қиёси маълумотҳо, имкон медиҳад дар ҳолатҳои ҷудогона  натиҷаи нодурустро,  бобати таъалуқи гурӯҳии эритротситҳои таҳқиқшуда бо сурмҳои истондорт ошкор намоянд. Дар натиҷа, равиши таҳқиқ ба василаи се сурми хунӣ, дар баробари равиши таҳқиқ танҳо бо ду сурми хунӣ (истондортӣ) бартарият дорад.

Барои муайян намудани формули комили таъалуқи гурӯҳии хун, муаян кардани омилҳои гурӯҳии эритротситҳо кофӣ нест. Дар ин росто ҳатман бояд омилҳои гурӯҳии сурми хун низ муаян карда шаванд. Сурми хун, монанди эритротситҳои хун, хусусиёти гурӯҳии ба худ хос дорад ва барои муаян кардани онҳо, вокунишдиҳандаҳои (реактив) истондортии хос лозиманд. Ва эритротситҳои истондорт, ки монанди сурми хунӣ истондорт ба гурӯҳи дуввум ва саввум таъалуқ доранд, чунин вокунишдиҳанда (реактив) мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир, таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо ва сурми хун дар ҳар як ҳолат, ба василаи равиши се қатраӣ анҷом мегирад. Равиши се қатраӣ, имкони арзёбии муқоисавии натоиҷи таҳқиқотро бобати эритротситҳои истондорт ва назоратӣ фароҳам месозад. Ба шарофатии ин, дар як қатор ҳолатҳо оглутинатсияи дурӯғинро ( ба иллатӣ вуҷуди оглутининҳои дурӯғин ) мешавад сари вақт ошкор кард. Барои муаян намудани таъалуқи гурӯҳии хун, таҳқиқотҳои дахлдорӣ ҳам эритротситҳо ва ҳам сурми хун (ё плазмаи хун) ҳатмӣ мебошанд. Ҳангоми муаян кардани таъалуқи гурӯҳии хунӣ эҳдокунанда (донор), гузаронидани ҳар дуи ин озмоиш (тест) ҳатмӣ мебошанд. Ҳангоми муаян кардани таъалуқи гурӯҳии хунӣ дарёфткунанда (ретсипиент) бошад, одатан бо таҳқиқи қатраи хуни бемор бо сурми хунии истондорт ва назоратӣ маҳдуд мегарданд. Дар зимн, ҳангоми ин таҳқиқ, бояд аз ду маҷмӯъаи сурми хунӣ ҳамаи се гурӯҳ истифода намуд ва сурмҳои хун дар ҳар як маҷмӯъ бояд аз силсилаҳои гуногун бошанд.

Муайян кардани таъалуқи гурӯҳии сурми хун (ё плазма) аз рӯи эритротситҳои истондорт ё назоратӣ, табқи дастурамал ба тарзи зерин анҷом мегирад: аз ангушти шахси мавриди таҳқиқ хун гирифта мешавад. Ин хун ба колбади хурде, ки миқдоре маҳлули 4-6%  и сулфати натрий дорад, интиқол дода мешавад. Моеъи бадастомада, сентрифужӣ ё ба муддати 20-30 дақиқа таҳшин карда мешавад. Сипас се қатра плазмаи таҳшиншударо рӯи як саҳфа (зарф) мекашанд ва ба ҳар қатраи плазма (дар наздаш) бо чакрарез қатраи хурди (ба андозаи сари сӯзан) эритротситҳои гурӯҳи 0 ( I ), А (II) ва В (III) ро, ки аз хуни тасбиятшуда, баъди аз он гирфитани плазма ба даст меоранд, зам мекунанд. Таносуби миқдории қатраи эритротситҳо, нисбати плазмаи таҳқиқшаванда, бояд тақрибан 1:20 бошад. Ҳар як қатраи эритротситҳоро дақиқ бо плазма омехта мекунанд ва зарфро муддати 5 дақиқа алвонҷ медиҳанд. Баъд аз ин, ба ҳар қатраи омехта, 1қатра маҳлули шӯр (физраствор)  ҳамроҳ мекунанд ва баъд арзёбии ниҳоии таҳқиқро анҷом медиҳанд (расм.5).

Ҳангоми муайян кардани гурӯҳи хун бо сурмҳои истондорт, бояд аз ду маҷмӯъи сурмҳои хун истифода кард, ки ҳар кадом дорои се ҷуфт сурми хун мебошад. Ҳар як аз ин сурми хун (бо теъдоди шаш адад) бояд рақами силсиливии худро дошта бошад, ки дар ҳар ду маҷмӯъ такрор нашавад. Дар сурати хушсифат будани сурмҳои хунӣ ва дуруст гузаронидани озмоиш, натоиҷи таҳқиқ дар ҳар ду маҷмӯъ, бояд пурра ба ҳам мувофиқ оянд. Истифодаи ду маҷмӯъи сурми хунӣ, имкони арзёбии муқоисавии натоиҷи таҳқиқро нисбати маҷмӯъаҳои ҷудогонаи сурмҳои хунӣ фароҳам мегардонад. Ва ин, унсури нави худназораткуниро ҳангоми муаян кардани таъалуқи гурӯҳии хуни мавриди таҳқиқ, ба вуҷуд меорад.

Ҳамин тариқ, равиши муосири муаян кардани гурӯҳи хун, дар рафти муаянкунӣ чор шакли худназоратиро пешбинӣ мекунад: 1) ворид кардани сурми хунӣ назоратии гурӯҳи 0 (1) ба ҳар маҷмӯъи сурмҳо, барои арзёбии муқоисавӣ бобати сурмҳои истондорт ва сурми назоратӣ; 2) ба равиши таҳқиқ ворид кардани маҳлули шӯр (физраствор), ки бо ёрии он имкони ташхис додани оглутинатсияи ҳақиқӣ аз аглутинатсияи дурӯғин фароҳам мегардад; 3) ба равиши таҳқиқ, ворид кардани маҷмӯъаи дуввуми сурми хунии ҳар се гурӯҳ, барои арзёбии муқоисавии натоиҷи таҳқиқ; 4) муаянкардани мутақобили таъалуқи гурӯҳии эритротситҳо ва сурми (ё плазама) хуни мавриди таҳқиқ.

Ҳангоми муайянкунии оммавии таъалуқи гурӯҳӣ, хуни гурӯҳи 0 (1) тақрибан дар 40 % таҳқиқотҳо, гурӯҳи А (II) дар 45 %,  гурӯҳи В (III) дар 10 % ва гурӯҳи АВ (IV) бошад дар 5 % муаян карда мешавад. Ҳамин тариқ омили (фоктур) А мутобиқи рақамҳои овардашуда, тақрибан дар 50 %  ва омили В дар 15 % одамон муаян мегардад.     

Сурмҳои истондорт бояд дар утоқи хушк ва торик (дар қутӣ ё ҷевони маҳкам) нигаҳдорӣ шаванд. Ҳарорати утоқ бояд сард бошад ва аз 20* С таҷовуз накунад. Агар омпули сурми хунӣ бозшуда бошад ва сурмро барои таҳқиқи баъди бояд нигаҳдорӣ намуд, онро бо пахта пӯшонида аз болояш коллодиюм мерезанд. Барои пешгирии хатогиҳо дар таҳқиқотҳои оянда бошад, бояд мунтазам, баъди ҳар 15 рӯз сурмҳои хунии нагаҳдошташударо санҷиш намуд. Ин сурмҳо дар муассисаҳои табобатӣ бо хунӣ гурӯҳи 0 (I), A (II) ва B (III), санҷида мешавад. Ин хун аз миёни кормандони муассиса, ки таъалуқи гурӯҳии хуни онҳо пешакӣ муаян ва чанд даъфа санҷидашудааст, гирифта мешавад.    

 

ФОТО

 

ВИДЕО