БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

СИНДРОМИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

 

Унвони аслӣ

 

Шикоятҳои пайдарпайи невропсихиатрикӣ дар занони ҷавони мубталои ҷоғари сода, дар Тоҷикистон (Синдроми занони ҷавони тоҷик?!).

 

Аббоси Таваккулиёни Арҷманд, интернист, эндокринолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

Диловар Маҳмадёров, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

*Малика Юсупова, кардиолог, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

Абдухалил Холиқзода, раиси ҳайати мудирони Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон.

 

Унвони кӯтоҳ

«Ҷоғари содаи эндемикӣ ва ҳолатҳои асабхастагии шадид; оё ин ду бо ҳам иртибот доранд?»

 

 

 

 *Нависандаи тарафи мукотибот: Малика Юсупова, Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино, ш. Душанбе, Тоҷикистон, к.  Фотеҳ. Ниёзи 34, +992446400102, +992446400103  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


 

Хулосаи Макола (Abstract)

Заминаи қаблӣ (background): ҷамъияти беҳад зиёди занони тоҷик, ба хусус дар ҳудуди синни аз 15 то 35 сола бо шикояти аслии зоб ва маҷмӯае аз аломат ва нишонаҳои  ҳамроҳ, ки одатан ба ҳолатҳои изтиробӣ ва рафторҳои истерикӣ марбут мебошанд, ба бахши эндокринологии клиникаи байналмиллалии Ибни Сино муроҷиат мекунанд. Ҳамаи ин афрод фақат як сонографияи (УЗИ) и гардан ҳамроҳ доранд, ки дар он бузургии аз хурд то миёнадараҷаи гиреҳи тиреоид муайян шудааст ва ҳамаи ин шахсон исрор мекунанд, ки тамоми ин мушкилот ва шикоятҳои онҳо  вобаста ба ҷоғар (зоб) аст. Ин мутолиа барои баррасии дақиқтари мушкилии ин беморон ва таҳлили эҳтимолияти мавҷудияти иртибот байни ин ду ихтилол, тарроҳӣ шуд ва ба анҷом расид.

Равиши мутолиа(materials and methods): теъдоди 106 нафар аз муроҷиатнамудагон ба клиникаи мазкур, ки шикояти аслии онхо зоб ва  ҳамроҳ ба он ҳолати асабӣ-хулқӣ буд,ба таври давомдор ва пай дар пай ба мутолиа ворид шуданд. Ин мутолиа дар фосилаи солҳои 2018-2019 ба анҷом расид. Аз кулли беморон тавассути як эндокринологи ботаҷрибашарҳи ҳоли дақиқ гирифта шуд ва муоинаи хамаҷониба ба анҷом расид. Озмоиши хун ба монанди ҲТТ (ҳормони тиреотропӣ - TSH) Т4-и озод, ТПО антибодӣ дар қатори озмоишҳои умумӣ (таҳлили умумии хун, оҳани зардоба, ферритин, калсий, тестхои ҷигар ва тестҳои марбут  бо ихтилоли метаболикӣ) анҷом дода шуд. Андозаи ғадуди тиреоид ва баррасии мавҷудияти гиреҳ дар он дар асоси сонография ва инчунин муоинаи болинии мутобиқи протоколҳои WНO сурат гирифт.

Натиҷаи мутолиа (results): аз маҷмӯаи 106 нафар беморони муроҷиатнамуда, 98 нафар зан (93%) ва 8 нафар мард (7%) буданд. Нишондиҳандаи миёнаи синни кулли  онҳо  35 ± 14 сол ва доманаи синни онҳо (range) байни 12 то 70 сол ба даст омад. 27  нафар (25%) муҷаррад ва 79 нафар (75%) оиладор буданд. 56%-и ин беморҳо шикоятҳои шадиди асабхастагӣ доштанд. Дар ин гуруҳ 71% фақат як ҷоғари сода ва бе ҳеҷ як ихтилоли ҳормонӣ доштанд. Бештари касоне, ки шикояти асабӣ доштанд, синнашон зери 35 сол буд яъне 75 %-и  ин беморон, ки бо шикояти зоб ва аломатҳои асабхастагӣ муроҷиат намуданд, ҷавонтар аз 35 сола буданд.  Байни ҳамаи муроҷиаткардагон,  27% камкории тиреоид, 5% пуркории тиреоид ва 3% тиреоидити зершадид (SАТ) доштанд ва боқимонда ҳеҷ ихтилолеро дар озмоишхои ҳормони тиреоид (Т4 озод, ТТГ,ТПО антибодӣ) надоштанд.

Натиҷагирии куллӣ (conclusion): Бар асоси мутолиаи анҷомшуда беш аз 70% афроде, ки бо шикояти зоб ва алоими сершумори невротикӣ, психосоматикӣ ва истерикӣ муроҷиат намуда буданд, ба ғайр аз бузургии ғадуди ҷоғар, ҳеҷ шаҳодати дигаре аз ихтилол дар фаъолияти ғадуди ҷоғар ба намуди пуркорӣ ва ё камкории тиреоид, ки битавонад ба шикояти беморон асос бошад, вуҷуд надошт. Чунин ба назар мерасад, ки таърифи ғайриилмии ҷогари эндемикӣ, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва инчунин дарки нодурусти беморон аз ҷоғар (зоб) боиси ба миён омадани як ҳолати тарси музмин (фобия) дар ҷомеа шуда ва ин синдроми шоеъи болиниро доман задаст.

Калимахои калидӣ (Keywords): ихтилолоти невропсихиатрӣ, зоб, занони ҷавони тоҷик.

Муқаддима (Introduction) 

Ғадуди сипаршакл ба ҳаҷми  тақрибии 15-20 грамм дар як фарди болиғ, дар кисми пеши гардан ва поёнтарин ноҳияи он қарор гирифтааст. Ғадуди сипаршакл яке аз муҳимтарин ғадудҳои тавлидкунандаи ҳормон дар бадани инсон аст. Ҳормони тироксин, ки ба шакли  Т3 ва Т4 тарашшуҳ мешавад, аслитарин ҳормонест, ки дар тавлиди неруи ҳуҷайра дар бадани инсон дахолат мекунад. Ҳормони тиреоид ба унвони як катализатори бисёр ҳаётӣ дар ҷараёни таркиби глюкоза бо оксиген дар дохили ҳуҷайраи зинда мушорикат мекунад. Аз таркиби глюкоза ва оксиген неру ба сурати бастаҳои АТP ва инчунин ба намуди гармову ҳарорат тавлид мешавад. Илова бар ин, ҳормони тиреоид аслитарин омили фаъол шудани (expression) гени ҳормони рушд (growth hormone) ва факторҳои дигари рушди ҳучайра аст. Ҳамин тавр калимаи рамз ё ҳамон password барои шурӯъ шудани рушд, тақсим ва инкишофиҳуҷайра (differentiation) дар бадани инсон,  ҳормони тиреоид мебошад. Аз байни тамоми бофтаҳо ва узвҳои аслии бадан, рушду такмили аслитарин қисмати мағз дар давраи ҷанинӣ, яъне қишри мағз, мағзи миёна ва хусусан ҳиппокампус, ки амали дарк ва сипас таҳлил ва пардозиши иттилооти ворид ба мағзро ба ӯҳда дорад, ба таври ихтисосӣ тавассути ҳормони тиреоид идора мешавад. Аз ин хотир камбуди ҷидии йод дар режими ғизоӣ, ки  ба камкории тиреоид дар модар ва ҷанин пеш ояд, боиси тавлиди навзод бо маълулият ва ё камтавонии зеҳнӣ ва ихтилол дар ҳофиза ва азхудкунӣ хоҳад шуд ва ин ҳолатест, ки ба он бемории кретинизм тааллуқ дорад [1,2,3,4] . Мавзӯе аст ки аксарияти одамон, хусусан хонумҳои ҷавон, ки  дар синни борварӣ (репродуктивӣ) ҳастанд, аз он огоҳии комил доранд ва асоси тарс ва ваҳшати  васвосгунаи онҳо аз калимаи зоб аз ин вобаста аст. Агар тироксин - калидитарин ҳормони тақсим ва инкишофиҳуҷайра, хусусан, мағзи сар аст, унсури йод санги бинои сохтмони ҳормони тиреоид ба ҳисоб меравад. Дар сурате, ки бадан  наметавонад йод тавлид кунад,  кулли ниёзи бадан ба ин моддаи ҳаётӣ бояд аз хориҷи бадан ва аз тариқи ғизо таъмин шавад. Бар асоси мутолиёти WHO, 2 миллиард аз ҷамъияти курраи замин, (яъне аз ҳар 4 нафар 1 нафар) ба камбуди йод (iodine deficiency)  мубтало ҳастанд. Ҳатто дар Аврупо ва дар қалби кишварҳои тараққикарда низ, камбуди йод ба фаровонӣ дида мешавад. Кишварҳои куҳистонӣ, ки ба қутби шимол наздиктаранд, дар зумраи аслитарин манотиқи камбуди йод дар ҷаҳон мебошанд, ки кишвари Тоҷикистон дар маркази ин минтақа воқеъ аст[5,6,7]. Аввалин посухи бадан ба камбуди йод, ҳатто дар мавриди хафиф, ин афзоиши нисбии тарашшуҳи ҳормони ҲТТ аз ҳипофиз аст, то ба ҳамин тавр тавонад  ғадуди тиреоидро барои бардошти бештари йод, аз ҷараёни хун таҳрик намояд. Ин афзоиши нисбии тарашшуҳи ҲТТ дар давоми як ё ду даҳаи аввали умр боиси тақсими аз сатҳи табиӣ зиёди ҳуҷайраҳои ғадуди тиреоид шуда ва сабаби дараҷоти бузург шудани ғадуд мегардад. Ин ихтилоли бузургшавии хафиф то мутавассити ғадуди тиреоидро ҷоғари эндемикӣ (ҳамагир) меноманд. Ба ҳамин тариқ дар ҷамъияти зиёди мардум, ки дар манотиқи камбуди йод ба дунё омада ва бузург шудаанд, як зоби хафиф то мутавассит мушоҳида мешавад. Дар ин марҳилаи зоб ҳормонҳои ғадуди тиреоид, яъне Т3, Т4 аксари маврид  ҳадди меъёранд. Ҳамин тавр фард, ки айни ҳол зоб дорад, вале аз назари ҳормонҳои ғадуди тиреоид табиӣ ё меъёр аст, ин ҳолат ҷоғари сода гуфта мешавад, ва мушкилии хосе барои ӯ эҷод намекунад. Хатогии ҳамагир ин аст, ки бузургшавии ғадуди тиреоид ба иштибоҳ муодили ихтилол дар функсияи ғадуди ҷоғар, яъне камкорӣ ё пуркории тиреоид тахмин шуда ва ҳар гуна шикоят ва касалоти  рухӣ ва ё ҷисмие, ки аз тарафи бемор иброз мешавад, ба ин ҷоғари сода вобаста дониста мешавад.

Ин иштибоҳ вақте  бо иттилоъ аз аворизи шадиди камбуди йод ва ҷоғар ҳамроҳ мешавад, посухҳои психосоматикии ҷиддиро боис мегардад. Чизе ки мо онро «зобофобия» ё тарсу изтироби беморгуна аз бузургии ғадуди тиреоид номидаем.  Ин мавзӯе аст, ки камубеш дар ҳамаи ҷомеа дида мешавад, аммо шакли бисёр шадид ё намуди беморгунаи он эҳтимолан дар кишвари Тоҷикистон ҷой дорад. Яъне муроҷиати аксари беморон бо шикоятхои шадиди невропсихиатрӣ (руҳӣ-равонӣ-изтиробӣ) танҳо бо як сонография сурат мегирад, ки дар он ба ҷоғари дараҷаи як ё ду ишора шудааст. Ҷолиб аст, ки умдае аз ин беморон хонумҳои ҷавон ва дар синни репродуктивӣ ҳастанд, аз ин хотир мо синдромро ба таври ҳазл зери унвони « синдроми хонумҳои ҷавони тоҷик» ном мебарем. Дар ин мутолиа мо ба баррасии дақиқтари ин ҷамъият пардохтем.

Дар сурати ҷой доштани бузургшавии ғадуди ҷоғар, бидуни ихтилол дар сатҳи ҳормонҳои тиреоиди, ки набояд алоим ва шикоятҳои ҷидди дошта бошад, мо дар мадди аввал ба баррасии дақиқи озмоишҳо иқдом кардем.

Саволи калидии мо дар мутолиа ин буд, ки агар ин беморон ғайр аз як ҷоғари сода, мушкили дигаре аз назари бемориҳои ғадуди тиреоид надошта бошанд, ҷой доштани ин маҷмӯи шикоятҳои шабеҳ ба асабхастагии шадидро чигуна метавон таҳлил намуд.

Равиши мутолиа (Methodology)

Дар як мутолиаи мушоҳидавӣ-тавсифӣ (observational-descriptive) ва бо мақсади баррасии мавҷуди робитаи сабаб ва натиҷа байни ихтилолоти ғадуди тиреоид ва шикоятҳои гуногун, ки беморон, хусусан хонумҳои ҷавон дар Тоҷикистон изҳор мекунанд, теъдоди 106 бемор, ки бо шикояти аслии зоб ва ихтилолоти невропсихологӣ ба бахши эндокринологии клиникаи байналмиллалии Ибни Сино муроҷиат карданд, ба таври пай дар пай ба мутолиа ворид намудем. Як пизишки ботаҷрибаи эндокринолог аз тамоми беморон шарҳи ҳол гирифт ва онҳоро таҳти муоинаи дақиқ қарор дод. Вуҷуди ҷоғар (зоб) бо муоинаи болинӣ ва бар асоси протоколҳои WHO, ҳамчунин баррасии сонографияҳои қаблӣ ва ё анҷом додани ташхиси сонографии ҷадид дар шароити клиника мушаххас гардид ва дар сурати мавҷудияти ҷоғар, андозаи он аз дараҷаи I то III табақабандӣ шуд. Дар таърихи болинии гирифташуда шикоятҳои аслии беморон бо диққат баррасӣ ва дар парванда сабт гардид. Шикоятҳои асоситарини аз ҷониби беморон матраҳшуда ба тартиби мушоҳидаи бештар мавориди зер буданд: эҳсоси вуҷуди як тӯда дар ноҳияи гулӯ (globus hystеricus), эҳсоси тангинафасӣ дар оромӣ, эҳсоси камбуди ҳаво ё оксиген дар фазоҳои дарбаста, эҳсоси фишор дар қафаси сина аз пеш, эҳсоси сӯзиш ва дард дар як қисмати маҳдуд зери нӯги пистони чап, тапиши зиёди қалб, оҳ кашиданҳои такрорёбанда, эҳсоси изтироб ва нигаронии доимии бесабаб, ҳамалоти изтироб ва тарси шадид (acute panic attack), афсурдагӣ, камҳавсалагӣ, таҳрикпазирӣ, зуд асабонӣ шудан ва ҷанҷолии шадид, сарчархзанӣ, эҳсоси пешомадани азҳушравӣ,ҳамалоти беҳушии гузаро аз навъи ғашҳои истерик, парешонҳолӣ,  зудхасташавӣ, дардҳои мушакӣ-мафсалӣ, дилбеҳузурӣ бидуни қайкунӣ хусусан субҳи барвақт ва билохира ихтилоли хоб. Бемороне, ки аз қабл таҳти дармон бо доруҳои ба мисли Йодобаланс, Левотироксин, Метимазол ва ё доруҳои равонпзишкӣ буданд, аз мутолиа канор гузошта шуданд. Син, ҷинс, вазъи оилавӣ, қад, вазн,  ИМБ (индекси массаи бадан), даври камар, фишори хун ва муоинаи дақиқи дил ва шуш анҷом дода шуд. Муоинаи нисбатан комили неврологӣ ба ҳамаи беморон анҷом дода шуд. Кулли афрод пас аз як ноштои 8-10 соата мавриди озмоишҳои хунӣ ба лиҳози вуҷуди ихтилолоти ҳормонӣ ва инчунин бемориҳои ғайритиреоидии ҳамроҳ, ки мумкин аст манбаи ҷой доштани алоими асабӣ бошанд, қарор гирифтанд. Озмоишҳои анҷомшуда, ба мисоли таҳлили умумии хун, оҳани зардобаи хун, ферритин, қанди хун, калсий, фосфор, озмоишҳои ҷигар, Т4-и озод, ҲТТ ва ТРО антибодӣ ва  тиреоглобулинантибодӣ  буданд. Тестҳои ( озмоишҳои) тиреоид  ба равиши ЕLFА ва тавассути системаи COBAS анҷом шуд. Иттилооти ба даст омада пас аз табақабандӣ тавассути бастаи омории  SPSS Virgin 21 мавриди таҷзияву таҳлил қарор гирифт. Натиҷаҳои фарқияти  каммӣ (quantitative) ба сурати Mean ± SD  ва фарқияти кайфӣ (nominal-categorical) ба сурати дар сад гузориш кардем.

Натиҷаҳо «Results»

Аз маҷмӯи 106 бемори воридшуда дар мутолиа, 98 нафар зан (93%) ва 8 нафар мард (7%)  ва нисбати зан ба мард 10÷1 буданд. Синни миёнаи (average) беморони таҳқиқшуда 35±14 сол ва дар маҳдудаи синнӣ 12 то 70 сол буд. Нуқтаи ҷолиби таваҷҷуҳ дар натиҷаи  бадастомада ин буд, ки фақат 30%-и ҷамъияти баррасишуда дар озмоиши хун ҳипотиреоз ё ҳипертиреоз доштанд. Бо ибораи содатар, беш аз 70%-и афрод бо шикояти зоб ва аломатҳои ҷиддии асабхастагӣ муроҷиат карда буданд, ҳеҷ нишоне аз ихтилоли функсияи ғадуди тиреоид надоштанд. Аз тамоми беморҳо, ки шикоятҳои асабхастагии шадидро доштанд, фақат 25%  мубталои ҳипотиреоз ё ҳипертиреоз буданд ва бақия 75% фақат як зоби сода, бидуни ихтилоли функсияи тиреоидро соҳиб буданд. Аз 106 бемори озмоишшуда дар 20 нафар, яъне 19% антибодии зидди тиреоид (ТРО антибодӣ ё тиреоглобулин антибодӣ) дар озмоиши хун дида шуд. Бештарин теъдоди беморҳо бо шикоятҳои асабхастагӣ хонумҳои зери 35 сола буданд (75%) [Table 1&2].

Баҳси ниҳоӣ  (Discussion) 

Натиҷаҳои бадастомада аз ин мутолиа ошкоро нишон медиҳад, ки аз байни ҷамъияти калони беморони муроҷиаткунанда бо зоб ва шикоятҳои психосоматикӣ, теъдоди хеле ками мубтало ба ихтилоли воқеъӣ дар сатҳи ҳормонҳои ғадуди тиреоид ҳастанд. Ин мутолиа нишон медиҳад, ки занон ва бахусус занони ҷавон, ки дар синни репродуктивӣ ҳастанд, аксарияти ин муроҷиаткунандагонро ташкил медиҳанд. Мутолиаи мо ҳикоят аз ин дорад, ки ин афрод фақат бо як ҷоғари сода, яъне калоншавии мухтасари ғадуди тиреоид бидуни ҳеҷ ихтилол дар ҳормонҳо, шикоятҳои бисёреро изҳор мекунанд, ки мувофиқи адабиёти илми пизишкӣ ҳеҷ иртиботе бо ҷоғари сода надоранд. Зоби сода, ки дар озмоиши хун Т4, Т3 ва ҲТТ –и ҳадди меъёрро нишон медиҳад, асосан набояд ҳеҷ аломат ва шикоятеро ҳамроҳ дошта бошад. Камбудӣ ё бисёрии тарашшуҳи ҳормони тироксин ва ё илтиҳобҳои шадид, зершадид ва музмини ғадуди тиреоид метавонанд  аломатҳо ва нишонаҳои умумиро дар бадани бемор сабаб шаванд.  Бо анҷоми ин мутолиа мо ба ин эътимод расидем, ки тамоми шикоятҳои руҳӣ-ҷисмии ин беморон, на ба сабаби ҷой доштани як зоби дараҷаи I, II ё III мебошад, балки эҳтимолан бо сабаби ду падидаи дигар дар ҷомеа мебошад.

Эҳтимоли аввал ин аст, ки мавзӯи ҷоғари сода ба таври бояду шояд дар назди ҳамкорони табиб таъриф нашудааст. Ингуна ба назар мерасад, ки дар назари табибон ҳар калоншавии ғадуди сипаршакл, муодили як бемории ҷиддӣ ва як ихтилоли доманадор ҳисоб мешавад. Ва ҳамин бардошти иштибоҳ аз зоб ё ҷоғари сода дар назари одамон ба унвони як бемории харобкунандаи рӯҳ ва ҷисм  дар назар гирифта шудааст. Ин қисса ба хусус дар хонумҳои ҷавон, ба як аждаҳои ҳафтсар, ки қарор аст тамоми бадани онҳоро мавриди ҳуҷум қарор диҳад, табдил ёфтааст. Ҳолате, ки мо онро «зобофобия ё синдроми хонумҳои ҷавони тоҷик» ном кардем. Ин як тарафи масъала дар ин ҷамъияти бузург аст. Тарафи дуюми он метавонад як воқеияти физиопатологии дигарро дошта бошад.

Гуфта шуд, ки шаклгирии аввалияи қишри хокистарии мағз, ҳиппокампус ва мағзча дар даврони зиндагии ҷанинӣ ва сипас то ҳудуди 3 соли аввали ҳаёт, аз мавчудияти  йоди кофӣ дар ғизо ва инчунин сатҳи ҳормони тироксин вобаста аст. Ба ин маъно ки ҳар навъ камбуди йод дар реҷаи ғизоии модар, ки зимнан ба камбуди йод дар ҷанин меоварад, сабабсози ихтилоли васеъ ва амиқ дар сохтори қисматҳои аслитарини мағз дар кӯдак мешавад ва ин ҳамон қисматҳое аз мағз мебошанд, ки бардошти иттилоот аз муҳит ва сипас тағзияву таҳлили онро ба ӯҳда дорад. Нуқтаи бисёр муҳим ва асосӣ ин аст, ки ҳиппокампус, ки  ба унвони маркази аслии омӯзиш, тағзияву таҳлил ва ҳофиза шинохта мешавад, худ маркази танзими ҳаяҷони рӯҳӣ ва сомондиҳии эҳсосот вааҳволот низ мебошад. Ҳиппокампус ҳамон ноҳияест, ки аз камбуди йод, дар даврони зиндагии ҷанинӣ ва солҳои аввали  зиндагӣ осеби ҷиддӣ пайдо мекунад. Ба ибораи содатар, камбуди йод ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳ бо камкории  тиреоиди вобаста аз камбуди йод, ҳар ду метавонанд шаклгирӣ ва такмили ҳиппокампусро дар мағзи миёна осеб зада ба эҷоди як шахсияти хоси изтиробӣ-истерикӣ сабаб шавад. Дар канори ин шахсияти невропсихологии хос, як зоб низ ба иллати камбуди йод эҷод мешавад.  Хамин тариқ метавон гуфт, ки хар ду ин ихтилол ба иллати камбудии йод дар давраи ҷанинӣ иттифоқ афтодаанд ва бояд қайд кунем, ки якеи инҳо (зоб) иллати дигаре (ихтилолоти психоневрологӣ) намебошад. Агар саволе ба миён ояд, ки оё камбуди йод мустақилона ва бидуни ихтилоли модарзодии ҳиппокампус метавонад сабаби бемориҳои асабӣ шавад, бояд бигӯем, ки дар ин ҳолат бо додани йод ба беморон бояд ҳолати рӯҳии онҳо беҳтар шавад.  Ҳол он ки ба назар намерасад, баъд аз давраҳои дармон бо йодобаланс тағироте дар вазъи ин беморон падид ояд. Суоли баъдӣ метавонад ин бошад, ки чаро дар як муҳити камбуди йод, занҳо бештар аз мардҳо ин синдроми болиниро дошта бошанд. Ҷавоби ин савол то ҳадде равшан аст ва он ин аст, ки ба далели комилан номаълуме мубталошавии хонумҳо ба тамоми бемориҳои ғадуди тиреоид аз мардон бештар аст. Бар ҳамин асос метавон гуфт, ки осеби мағзии бо сабаби камбуди йод, метавонад дар занҳо нисбат ба мардҳо ҷилваи бештаре дошта бошад.

Натиҷагирии куллӣ  «Conclusion»

Як синдроми болинӣ, ки аз як ҷоғари сода дар якҷоягӣ бо ихтилолоти рӯҳӣ ташаккул ёфтааст, дар ҷамъияти қобили таваҷҷуҳ аз занони ҷавон дар Тоҷикистон дида мешавад. Мутолиаи мо ҷой надоштани ихтилоли ҷиддии функсияи ғадуди тиреиодро дар аксари ин ҷамъияти мавриди мутолиа исбот мекунад. Мо ба ин фикр ҳастем, ки ин синдром ё реша дар як ҳолати «зобофобия» дорад ва ё ин ки ба сабаби ихтилолоти хафиф дар  инкишофи мағзи миёна ва ҳиппокампуси ин афрод ба миён меояд. Як беморие, ки ба камбуди йод дар давраи ҷанинӣ ва солҳои аввали ҳаёт иртибот дорад.

Conflict of interests

Ҳеҷ гуна даъво ё талаби ҳуқуқии хос дар байни гуруҳи муҳаққиқини ин мақола чой надорад.

Мушорикоти муаллифон дар раванди анҷоми таҳқиқ. (Author's Contribution).

Мутолиа тавассути Аббоси Таваккулиёни Арҷманд тарроҳӣ шуд. Таҳқиқ рӯи намунаҳо ва ҷамъоварии иттилоот ва таҳлили онҳо аз ҷониби тамоми муҳаққиқон ба анҷом расид. Сохтори кулли мақола аз тарафи  Аббоси Таваккулиёни арҷманд навишта шуд. Баргардони дастнавишт ба забони тоҷикӣ, ба хатти кирриликро доктор Малика Юсупова анҷом дод.

Қадрдонӣ ва ташаккурот «Acknowledgment»

Гурӯҳи нависандагон ва муҳаққиқони ин мақола маротиби тақдир ва ташаккури худро аз ҳамаи ҳамкорон дар Клиникаи байналмиллалии Ибни Сино ва хусусан раёсати муҳтарами клиника оқои Холиқзода Абдухалил, ки ташвиқоткунандаи аслии гурӯҳ барои анҷом додани ин мутолиа буданд, изҳор медорем.

Маъхаз ва манбаъҳо «References»:

1.World Health Organization/International council for the control 0f iodine deficiency disorders. Assessment of the iodine deficiency disorders and monitoring their elimination.Geneva: World Health Organization,2007.

2.Zhong, F.G., Cao, X.M. 1983. Experimental study on influence of iodine deficiency on fetan brain in rats. Chinese J. Pathol. 12: 205-216.

3.Hetzel,B.S., AND Hay,I.D. 1979. Thyroid function, iodine nutrition and fetal brain development. Clin. Endocrinol. 11: 445-460.

4.Mano,M.T., Potter, B.J. and Hetzel,B.S. 1987. Fetal brain in response to iodine deficiency. J. Neurolog. Sciences 79: 287-300.

5.Delange,F. 2001. Iodine deficiency as the cause of brain damage. Postgrad.Med.J. 77: 217-220.

6.Kelly, F.C.,and Snedden, W.W. 1960. Prevalence of geographical distribution of endemic goiter. In Endemic Goiter. Geneva: World Health Organization Publ. 27-334.

7.Pearce,E.N., Anderson,M., Zimmermann, M.B. 2013. Global iodine nutrition: Where do we stand in 2013? Thyroid. 23(5): 523-8.

ФОТО

 

ВИДЕО