БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЧИ ГУНА ОЗМОИШИ ХУНРО МЕШАВАД ХОНД?

Мудири бахши  озмоишгоҳи

Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино,

Хуросон Набиева.

 

Хондан ва фаҳми озмоиши хун барои афроде, ки маълумоти тиббӣ надоранд мушкил эҷод мекунад. Чаро, ки ин озмоиш барои табибон тартиб дода мешавад.

Аммо фаҳми умумии маълумоти дар озмоиши хун овардашуда, метавонад барои афроди оддӣ ҳам муфид қарор гирад. Ҳоло мо чанд нуктаро дар ин маврид пешкаши азизон мегардонем.

1. Ҳемоглабин (Hb)

Ҳемоглобин сафедаи мураккабест, ки ҷузъи аслии эротротситҳоро ташкил дода, вазифаи асосии он интиқоли оксижен аз шуш ба бофтаҳо ва берун кардани диоксиди корбон (СО2) аз онҳо ба шумор меравад.   

Меъёри он барои мардон - 130 160 г/л ва барои занон - 120-140 г/л. ро ташкил медиҳад.

Сатҳи поёни ҳемоглобин метавонад нишонаи камхунӣ ва сатҳи болои он, метавонад нишонаи беобгардии бадан, бемориҳои хун ва баъзе намудҳои норасоии кори дил бошад.

2. Эритротситҳо. 

Эритротситҳо, селюлҳои хуние мебошанд, ки дар таркибашон ҳемоглобин доранд.

Меъёри он барои мардон - 4,0-5,1* 10 (12) ҳуҷайра/л ва барои занон - 3,7-4,7*10(12) ҳуҷайра/л ро ташкил медиҳад.

Дар бадани одамони солим, меъёри зиёди эротротситҳо дар баландкӯҳҳо дида мешавад. Аммо одатан ин меъёр нишони эҳтимолии бемориҳои найчаҳои шуш (бронхҳо), шуш, гурда, ҷигар ё дил метавонад бошад.

Камбудии эритротситҳо бошад, нишонӣ камхунӣ, хунравии зиёд ва раванҳои музмини илтиҳобӣ метавонад бошад. Баъзан эритротситҳо дар давраҳои охири ҳомиладорӣ низ метавонанд зиёд гарданд.

3. Лейкотситҳо

Лекотситҳо селюлҳои сафеди хунӣ буда, дар мағзи устухон ё ғадудҳои лимфавӣ барои муҳофизати бадан аз самъҳо, вирусҳо ва боктерияҳо шакл мегиранд.

Меъёри лейкотситҳо дар хун 4,0-9,0 * 10 (9) ҳуҷайра/л ро ташкил медиҳад.

Сатҳи болои лейкотситҳо нишонӣ илтиҳоб ё сирояти бактериалии бадан мебошад. Инчунин сатҳи лейкотситҳо аз истресс, кори зиёди ҷисмонӣ ва ҳангоми ҳомиладорӣ низ метавонад боло равад.

Сирояти вирусӣ ва истеъмоли муссакинҳо ва маводи зидди ташаннуҷӣ, метавонад боиси коҳиши сатҳи лейкотситҳо дар хун гардад.

4. Тромботситҳо

Тромботситҳо ҳуҷайраҳоеанд, ки дар бадан ҷавобгӯи лахташавии хун мебоашнд.

Меъёри онҳо дар бадан 180-320 * 10(9) ҳуҷайра/л ро ташкил медиҳад.

Сатҳи болои тромботситҳо метавонад нишонаи бемории сил, колит ё серрози ҷигар бошад.

Сатҳи поини тромботситҳо бошад, ҳангоми истеъмоли алкул, сироят бо филизоти сангин, бемориҳои хун, норасоии кори гурдаҳо, бемориҳои ҷигар ва испурч ва халалҳои ҳормонӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

5. Суръати таҳшиншудани эритротситҳо дар колбад (СТЭ)

Меъёр барои мардон - 2 - 10 мм/с., ва барои занон - 2 - 15 мм/с.

Сатҳи баланд ҳангоми сироятҳо, илтиҳобҳо, камхунӣ, бемориҳои гурдаҳо, ихтилолҳои ҳоромонӣ, ҳолати шоки баъди ҷароҳат ё ҷарроҳиҳо, ҳомиладорӣ ва одати моҳона, мушоҳида мегардад. 

Сатҳи поин бошад, ҳангоми норасоии гардиши хун ва шоки анафилактикӣ мушоҳида мегардад.

6. Глюкоза (қанд)

Қанди хун.

Меъёр: 3,5 - 6,5 ммол/л.

Сатҳи баланди қанд метавонад нишонгарӣ диабети қанд бошад.

Сатҳи поини қанд, метавонад нишонгарӣ тағзияи номуносиб ё ихтилолоти ҳормонӣ бошад.

7. Сафедаи (протеини) умумӣ.

Меъёр: 60 - 80 г/л.

Баъди парҳезҳои шадид ва халал дар кори ҷигар ва гурдаҳо поин меравад.

8. Билирубини умумӣ

Нишондиҳандаи кори ҷигар мебошад.

Меъёр: 20,5 ммол/л.

Ҳангоми ҳепотит, бемории санги талха ё вайроншавии эритротситҳо ин меъёр боло меравад.

9. Кротинин

Нишондиҳандаи кори ҷигар мебошад.

Меъёр: 0,18 ммол/л. 

Сатҳи болои кротинин нишонгарӣ норасоии кори ҷигар маҳсуб меёбад.

ФОТО

 

ВИДЕО