БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ПОЙҲО АЗ ЧИ БЕМОРИЕ МЕТАВОНАНД ХАБАР ДИҲАНД?

Вуҷуди ҳар гуна тағйири зоҳирӣ дар ноҳияи пойҳо, метавонад аз бемории хосе дар бадан хабар диҳад. Тағйир дар зоҳир ё ранги пӯсти пой, метавонад нишонаи вазъи саломатии баданро баён кунад ва мо чанд аълоимӣ муҳимро, ки нишон медиҳанд, бадани инсон дар чи вазъе қарор дорад инҷо меорем.

 1. Эҳсоси сармо дар пойҳо.

Агар ангушти бузурги пой ҳамеша сард бошад, далели он кам хунӣ ё мушкили дасгоҳи гардиши хун хоҳад буд, ки маъмулан бо сигоркашӣ, фишори хуни боло ё бемориҳои қалбӣ алоқамандӣ дорад. Инчунин харобшавии системи асабӣ бо сабаби дибети қанд ҳам, метавонад омили сард будани пойҳо бошад.

2. Дарди шадид дар ноҳияи кафи пой.

Дард дар ноҳияи кафи пой метавонад ба навъи пойафзоли шумо бастагӣ дошта бошад. Маъмулан 80% хонумҳо ба далели навъи пойафзол дучори подард мешаванд. Аммо мавориде ҳам пеш меояд, ки дард дар кафи по ба пойафзол бастагӣ надорад ва гоҳе мушкилоти устухонӣ ва истресс омили он мегарданд. Анҷоми варзишҳои сангин монанди баскетбол ё пиёдаравии тӯлонӣ ҳам метавонанд сабаби дард дар кафи пой гарданд.

3. Дард дар қисмати пошнаи пой.

Паҳнгаштатарин иллати дард дар ноҳияи пошнаи пой, илтиҳоб аст ва ин навъ дард ба далели пайвастагии пошна ба раги ишиас бисёр азиятдиҳанда мешавад. хусусан ҳангоми бедор шудан аз хоб ин навъи дард озордиҳанда мебошад. Албатта артроз, варзиши беш аз ҳад ва пойафзоли номуносиб ҳам, метавонанд омили дард дар ноҳияи пошнаи пой гарданд.

4. Хориши по.

Хориши по маъмулан барои варзишкорон иттифоқ меуфтад ва омили он ҳам уфунатҳои қорчӣ (грибок) мебошанд. Албатта вокуниш (аллергия) ба маҳсулоти гуногуни фармокологӣ барои муроқибат аз пӯст ҳам метавонанд ин навъ оризаро эҷод кунанд. Агар пӯст дар ноҳияи хориш захмдор шуда бошад, метавонад омили бемории псориоз гардад ё ин ки дастгоҳи эманӣ (иммунитет) нисбат ба шароити муҳити вокуниш нишон диҳад.

5. Рагкашии (ихтилоҷ ё спазми) по.

Дарди ногаҳонӣ ва шадид дар қисмати по, ношӣ аз ихтилоҷи азлонӣ (рагкашӣ) аст, ки мумкин аст чанд дақиқа ҳам тӯл накашад. Хастагии беш аз ҳад, ношӣ аз гадиши хуни заъиф метавонад омили ин ориза бошад. Инчунин камбуди об, набудани таъодули маводи маъданӣ, камбуди витаминҳо ва тағйироти ҳормонӣ дар хонумҳои бордор низ, метавонанд боиси ин ориза гарданд.  

ФОТО

 

ВИДЕО