БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАБОБАТИ САРАТОНИ ПРОСТОТ ДАР МАРОҲИЛИ ГУНОГУН ВА УСУЛҲОИ САМАРАНОКИ ТАБОБАТ.

Саратоншиноси Бемористони  Ибни Сино,

доктор Зарипов Асадулло  Гадоевич.  

 

 Саратони ғадуди простат мушкилест, ки ба он ҳар як мард метавонад дучор шавад. Дар ҳоли ҳозир усули боэътимоди пешгирии ин беморӣ вуҷуд надорад ва фаҳмидани хатари дучор шудан ба онро ҳам касе наметавонад пешгӯӣ кунад.

Бо вуҷуди ин, табибон имрӯз қодиранд саратони ғадуди простатаро дар ҳамон давраҳои аввалия ошкор кунанд ва табобати дурустро ба роҳ монанд. Бинобар ин, агар табиби саратоншинос вуҷуди саратони простатро дар касе ташхис кунад, набояд рӯҳафтода шуд. Имрӯз тибби муосир саратони ғадуди простотро бомуваффақият табобат мекунад.

Марҳалаҳо ва хусусиёти ҷараёни саратони ғадуди простат.

Ғадуди простат - узви хурд буда (ба андозаи тӯби пинг-понг мебошад), дар пояи масона ҷойгир шудааст. Вазифаи асосии он синтези тарашшуҳоти таркиби нутфа (манӣ) ва ширкат дар тарашшӯҳи манӣ мебошад.

Саратони ғадуди простат қобилияти рушди зуд ва метостазиро (интиқоли ҳуҷайраҳои бадхим ба узвҳо ва бофтаҳои дигари бадан) дорад. Ин беморӣ бисёр хатарнок буда, дар ҳар синну сол метавонад пайдо шавад. Аммо бештар ба мардони аз  60- сола боло хос аст.

Тибқи омори мавҷуд, солона тақрибан як миллион нафар дар ҷаҳон гирифтори саратони ғадуди простат мешавад  ва ҳар севум аз ин теъдод дар натиҷаи ин беморӣ мефавтанд.

Табибон рушди бесобиқаи ин бемориро ба тағйир дар вазъи ҳормонӣ, тамоюлоти ирсӣ, тағзияи номуносиб ва таъсири як қатор авомили дигар, ки нақши онҳо то ба ҳол пурра муайян нагардидааст, рабт медиҳанд. Аз оғози пайдоиши аввалин ҳуҷайраи саратонӣ то рушди алоими беморӣ, ки мардонро маҷбур мекунад ба табиб муроҷиат кунанд, одатан чанд сол мегузарад. Маҳз бо ин сабаб, маризон бештар ба назди саратоншинос алакай бо варами бузургшуда, ки табобаташ бисёр душвор аст, ҳозир мешаванд.

Роҳу равиши табобати саратони простат

Табобати саратони ғадуди простат на танҳо ба марҳалаи беморӣ, балки ба навъи варам ҳам вобаста аст. Навъи варамро бо биопсӣ муайян мекунанд.

Баъзе аз навъҳои саратон, барои мисол саратони ҳуҷайраи чандшаклии (полиморфӣ) ғадуди простат, ба рушди зуд ва пархошгарона тамоюл доранд ва рушди навъҳои дигар бошанд, таҳти таъсири ҳормонҳо қарор доранд. Саратоншиноси пуртаҷриба пеш аз интихоби усули табобат ҳамаи ин шароит ва инчунин назари худи беморро ба инобат мегирад.

Таҷҳизоти техникии бемористон ҳам дар табобати саратони ғадуди простат нақши муҳим дорад. Пӯшида нест, ки имрӯз фанновариҳо ва дорувории замонавӣ барои бештари марказҳои саратоншиносӣ дастнорас мебошанд ё акнун дар марҳилаи роҳандозӣ қарор доранд. Ҳатто равишҳои клоссике, монанди бо роҳи ҷарроҳӣ дур кардани простат, метавонанд мутафовит бошанд ва ин дар муваффақияти табобат ва сифати зиндагии бемор асаргузор аст.

Табобат бо роҳи амали ҷарроҳӣ

Ғадуди простат узви муҳим мебошад, аммо як марди болиғ ба осонӣ метавонад бе он ҳам зиндагӣ кунад. Ба ҳамин хотир, агар саратон ба узвҳо ва бофтаҳои ҳамсоя таъсир накарда бошад ва саломати бемор баргузории амали ҷарроҳиро имкон диҳад, саратоншиносон  ҷарроҳиро ба бемор тавсия медиҳанд. Ин ҷарроҳӣ дар истилоҳи тиббӣ простатэктомии родикол ном дорад ва пурра дур кардани простатро дар назар дорад.

Дар баробари ин, бояд дар назар гирифт, ки сухан сари дахолати ҷиддӣ ба кори организм меравад, ки метавонад барои ҳаёти бемор хатар эҷод кунад ва оқибатҳои нохушеро ба бор орад. Барои мисол баъзе аз беморон баъди ҷарроҳӣ, муддати тӯлонӣ ҳангоми пешобкунӣ дучори мушкил мешаванд ва наздики нисфи мардон аз кам шудани нерӯи шаҳвониашон шикоят мекунанд.

Равиши эҳтиёткоронаи табобати саратони ғадуди простат бо усули ҷарроҳӣ- дахолати лапороскопӣ ба шумор меравад, ки ҳангоми он дур кардани простат тариқи сӯрохиҳои дорои дарозии чанд миллиметр, амалӣ мегардад. Дар натиҷа, хатари аворизи баъдиҷарроҳӣ кам гардида, бемор ҷарроҳиро сабуктар пушти сар мекунад.

Амали ҷарроҳӣ бо усули крио (Криоҷарроҳӣ)

Дар тибби муосир, криоҷарроҳӣ метавонад ҷойгузини амали ҷарроҳии анъанавӣ гардад. Равиши мазкур дар давраҳои аввалияи беморӣ, вақте саратон ҳоло ба беруни простат исобат накардааст, мавриди истифода қарор мегирад. Дар чанд марҳала ба простатаи бемор сӯзанҳои махсус ворид карда мешаванд, ки тавассути онҳо аргон ва азоти моеъ интиқол меёбад. Ҳароратҳои паст бофтҳои ғадудро вайрон мекунанд ва тавассути соногрофӣ (УЗИ) назорат мекунад, ки ин дахолат ба узвҳои ҳамсоя осеб нарасонад. Ин усул имкон медиҳад, ғадуди простат маҳфуз бимонад (гарчанде кори он сахт халалдор мешавад). Солҳои охир, криоҷарроҳӣ ҳарчи  бештар ба сифати усули асосии табобати саратони простат ба кор меравад ва ин усул ба синну соли беморон ҳам бастагӣ надорад.

Усули ҷарроҳӣ  бо радиатсия ё тобиши шуоъ (Радиаҷарроҳӣ)

Радиаҷарроҳӣ яке аз самтҳои муосири табобати фаврии саратони простат ба шумор меравад. Ин усул истифодаи системи "Кибер-корд"-ро дар назар дорад. Асоси онро  таъсири партоби мутамаркизи шуоъ (радиатсия) ба варам (омос) ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин таъсир омос дар маҳалли простат ба куллӣ дафъ мегардад ва бофтаҳои наздикаш ҳам осеб намебинанд. Яке аз бартариҳои муҳимми ин усул, тамоман бе дард ва бе ҷароҳат буданаш мебошад: бемор дарҳол баъд аз ҷарроҳӣ метавонад бемористонро тарк кунад.

Радиадармонӣ

Радиадармонии берунӣ дар навбати худ боз чанд навъ дорад.  Саратоншиносон мекӯшанд таъсири марговари радиатсияро ба бофтҳои бадан то ҳадди имкон кам кунанд ва бинобар ин,  талош ба харҷ медиҳанд, ки партоби шуоъи радиатсиониро ба простата то ҳадди имкон дақиқ анҷом диҳанд. Усулҳои муосири замонавӣ, монанди муолиҷаи шуъоии 3D тайидшуда, муъолиҷаи шуъоии шиддаташ андозашуда  (IMRT), муолиҷаи шуъоии истериосамъӣ (калишаӣ) (SBRT) ва муолиҷаи шуъоии протонӣ. Ҳар як аз ин равишҳо бартарӣ ва камбудиҳои худро дорад.  Бисёр вақт радиадармонӣ ба халал дар пешобкунӣ ва ихтилоли эрикталӣ мунҷар мегардад.

Шимидармонӣ ( Кимиёдармонӣ)

Маъмулан вақте саратон дар организм паҳн мешавад, равиши шимидармонӣ мавриди истифода қарор мегирад. Табибон барои табобати саратони бадхими простат, доруҳои лозимаро  давра ба давра таъин намуда, натиҷаҳои муолиҷа ва рушди асароти музирри ин доруҳоро назорат мекунанд. Доруҳои шимидармонӣ дар қатори ҳуҷайраҳои саратонӣ ба ҳуҷайраҳои солим ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Ба ҳамин хотир бемороне, ки бо ин усул  муолиҷа мешаванд, бисёр вақт аз халал дар кори узвҳои ҳозима, заъфи бадан, рехтани мӯй ва бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.

Муолиҷа ё тавонбахшии системи эманӣ (иммунӣ)

Ин навъи табобат ба фаъол кардани системаи дифоъии (иммунитет) бадани бемор равона гардидааст. Ҳуҷайраҳои саратонӣ барои бадани мо бегона мебошанд, аммо ба туфайли меконизмҳои махсуси мутобиқшав аз вокуниши системи дифоъии (иммунитет) бадан мегурезанд.

ФОТО

 

ВИДЕО