БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

Пизишки умумии бемористон,

Ҳамроалиева Ноҳида.

 

Ятрогенӣ (аз юнонии қадим ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё равонии бемор аст, ки  бо сабаби саҳлангории мутахассиси соҳаи тибб рух медиҳад.

 

Пизишкон, аввалин шуда хатари фаъолияти касбии худро барои ҳаёт ва саломатии одамон дарк карданд. Ҳанӯз дар асри IV пеш аз милод миёни табибон савганди Гиппократ маъруф буд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: "Ман беморонро аз ҳама омилҳои зараровар ва барои онҳо номатлуб ҳифз менамоям." Ва тақрибан 2 ҳазор сол қабл, ин усули табобат гардид: "Primumnоnnосеrе"  (пеш аз ҳама осеб нарасон), "Nihilnосеrе"  (дар  ҳеҷ сурат осебе нарасон), ки ҳамчун васияти аввалиндараҷаи пизишк қабул шуда буд. Баъдтар, бемориҳое, ки марбут ба муроқибатҳои беҳдоштӣ буданд - ятрогенӣ , яъне, беморие, ки пайдоиши пизишкӣ дорад (дар натиҷаи фаъолияти пизишкон буруз кардааст) номида шуданд.

Бемориҳои ятрогениро ба 5 гурӯҳ тақсим мекунанд:

- ятрогении равоншинохтӣ  (психогенӣ);

- ятрогении дорӯӣ;

- ятрогении осебӣ;

- ятрогении сироятӣ;

- ятрогении омехта.

Ятрогенияи равоншинохтӣ. Ин навъи ятрогенӣ дар шакли невроз, равонпарешӣ(психоз), заъфи асабӣ (неврастениӣ), ғашён (истерия), тарсу ҳарос (фобия), рӯҳафтодагӣ(депрессия), изтироб, ихтилоли рӯҳӣ ва ипохондрӣ (савдо) зоҳир мегардад. Боиси ин ҳолатҳо, аксар вақт бе диққатии пизишк ва нодуруст фаҳмидани бемор суханони ӯро дар бораи вазъи саломатиаш, шиносоӣ бо таърихи бемории худ ва мутоллиаи адабиёти махсуси тиббӣ мегарданд.

Илова шудани ятрогенӣ  ба бемории асосӣ, ҷараёни онро вазнин гардонида,  эҳтимоли пайдоиши бемориҳои навро  зиёд мегардонад. Мутаассифона, сабт ва баҳисобгирии ятрогении равоншинохтӣ гузаронида намешавад.

Ятрогенияи дорӯӣ. Сабаби ин беморӣ дорӯҳое мегарданд, ки онро пиизишк таъин кардааст. Мафҳуми "бемории дорӯи"-ро мешавад нисбати ҳамаи шаклҳои клиникии бемориҳо, ки бо зарари мустақим ё ғайримустақими баъзе ҷузъҳои дорӯҳо ва таркибҳои онҳо алоқаманданд, истифода бурд.

Таснифи зиёде аз бемориҳои дорӯӣ вуҷуд дораднд. Масалан, Андерсон миёни бемориҳои дорӯӣ (тибқи истилоҳи ӯ - вокуниши дорӯӣ) вокунишҳои хоси баданӣ (пӯст, хун, ҷигар, сар ва ғ.); вокунишҳои умумӣ (онофилоксии системавӣ, вокунишҳои онофилоксӣ, каҳири густурда, омоси Квинке, табларзаи дорӯӣ, вокунишҳои худэманӣ (аутоиммунӣ), воскулити ношӣ аз дорӯ, вокунишҳо мушобеҳ ба бемории зардоба); ва вокунишҳои шабеҳ ба аллержӣ (аллержии дурӯғин) - ро тасниф мекунад. Сабт ва бақайдгирии ҳатмии бемориҳои дорӯи вуҷуд надорад.

Ятрогенияи осебӣ. Барои бемориҳое, ки бар асари омилҳои осебрасони тиббии хусусиёти физикӣ ё меконикӣ дошта, рух додаанд, одатан истилоҳи “осебҳои тиббӣ ва оқибатҳои онҳо”истифода бурда мешавад. Ба ин гурӯҳ осебҳои ҷарроҳӣ, дасткорӣ ва тасодуфии пизишкӣ, сӯхтагиҳо (шуъоӣ, ҳароратӣ, кимиёвӣ) ва оқибатҳои ҷароҳатҳо дохил мешаванд.

Ятрогении сироятӣ (сироятҳои ятрогенӣ). Ба ин гурӯҳ ҳамаи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ, ки сироятёбӣ ба онҳо дар раванди расонидани ҳар навъ ёрии тиббӣ рух додааст, дохил мешаванд.

Ятрогенӣ - мушкили бисёр дардноки соҳаи тибб ба шумор меравад.  Зараре, ки ҳангоми табобат ба бемор расонида шудааст (масалан, вокуниши потоложик  ба маводи дорӯӣ, иштибоҳ  ҳангоми амали ҷарроҳӣ, осебрасонӣ дар раванди истифодаи таҷҳизоти тиббӣ ва ғайра) ҳамеша аз тарафи беморон ва хешовандони онҳо, ҳамчун зарар ва тахриби ахлоқӣ ва равонии ҷиддӣ қабул карда мешавад (!). Ин ба хотири он аст, ки ятрогенӣ то андозае зарари ду ҷониба ба шумор меравад: зарари ҷисмонӣ (азиятрасонии иловагӣ ба ҳолати ибтидоии бемор) ва инчунин нақзи таъаҳудод (ӯҳдадориҳо) ва интизориҳои ахлоқӣ. Ин ҷузъи дуввум, яъне ҷузъи ахлоқии зарар бо он алоқаманд аст, ки ҳангоми ятрогенӣ, зӯроваӣ ба худи мавқеи бемор ҳамчун шахсе, ки дар ҳолати ранҷу азоб қарор доршта, ба кӯмак ниёз дорад содир карда мешавад: дар посух ба ҳолати осебпазир ва эътимоди ӯ ба табиб, оне ки бояд ба ӯ кумак мекард, баръакс ранҷу озори нав мерасонад.

ФОТО

 

ВИДЕО