БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

НАМУДҲОИ МУХТАЛИФИ ИНСУЛИН ВА ТАРЗИ ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Агар бемори диабети қанд аз авал ҷиддӣ гирифта нашавад ва ба таври асосӣ бо доруҳои ҷадиди шинохташуда дар дунё табобат нашавад, ҳуҷайраҳои инсулин дар ғадуди зери меъда хаста шуда, дигар инсулини мавриди истифодаи баданро тавлид намекунад. Дар ин маврид ҳатто доруҳо наметавонанд қанди хунро паст кунанд. Дар ин ҳолат бояд ба бемор инсулин  дода шавад. Беморон ва табибон бояд бидонанд, ки ҳангоми тазриқи инсулин қурси метформин низ лозим аст.

Дар як сурат қурси метформин қатъ карда мешавад ва ин ҳам замони хеле паст шудани фаъолияти гурдаҳо ,ки креатинини хун аз 250-300 болотар рафта бошад.

Инсулинҳо 2 намуд ҳастанд:

1-Инсулинҳои қадимӣ (инсулини-NPH ва инсулини - R)  

2-Инсулинҳои  қалами худкори ҷадид (инсулини лантус ва инсулини новорапид).

Дар диабети намуди 2 ҳанӯз ҳамон инсулинҳои қадимии N ва R дар ҳама ҷои дунё истифода мешаванд. Инсулини N (NPH) ба монанди шир аст вале инсулини R (регулор) зулол ва шаффоф ба монанди об мебошад. Инсулини N пас аз тазриқ, 2 соат вақт лозим дорад то ки ба бадан асар кунад ва қандро дар хун коҳиш диҳад. Ин инсулин хело оҳиста-оҳиста аз зери пуст ба хун ворид мешавад. Бинобар ин, вақте ки қабл аз субҳона тазриқ мешавад  10 то 12 соат дар хун мемонад.

Инсулини R (регулор) хело зуд аз зери пӯст ҷазби бадан мешавад ва аз 30 то 45 дақиқа баьд аз тазриқ ба хун ворид мешавад ва ҳудуди 4 соат дар хун мемонад ва пас аз 4 соат аз хун нопадид мешавад. Ба хотир дошта бошед, ки инсулини N, чун оҳиста–оҳиста ҷазб мешавад тулонитар дар бадан мемонад ва миқдори он якбора дар хун баланд намешавад. Ба ҳамин хотир, миқдори масрафии нсулини N ҳамеша бештар аз инсулини R мебошад.  Маьмул ин аст, ки дар оғози табобат бо инсулин, аввал инсулини N, 1 бор қабл аз субҳона ва ҳудуди аз 8 то 10 воҳид тазриқ мешавад. Агар қанди хун ба контроли матлуб нарасид, миқдори он аз 4 то 6  воҳид бо назорат ба миқдори пешина изофа мешавад. Агар бо ин миқдор инсулини N қанди хуни субҳ дар шиками гурусна ба камтар аз 7,5 нарасид, аз ҳамин инсулини N дар шаб низ ба миқдори 6 воҳид дода мешавад. Агар қанди хуни ношто ба ин шаш воҳиди шаб ба наздики меьёр нарасид метавон ба миқдори инсулини N  дар охири шаб як то ду воҳид изофа кард. Агар қанди хун 2 соат пас аз хӯроки субҳ хело баланд бошад, дар ин ҳолат аз 3 то 4 воҳид аз инсулини R ҳамроҳи инсулини N ки қабл аз субҳона буд дода мешавад. Ин ду навъи инсулин   дар як суранг бо ҳам махлут мешаванд ва зери пӯст дар ноҳияи паҳлуҳо  ё болои бозу тазриқ мешаванд. Ёдатон бошад, ки ҳамеша аввал инсулини зулол ё ҳамон инсулини R ро дар сӯзан бикашед ва пас аз он сӯзанро ба шишаи инсулини N ворид карда  ва миқдори тавсияшуда аз инсулини N ро рӯи инсулини R дар сӯзан бикашед. Миқдори инсулини R ро аз рӯи санҷидани қанди хун 2 соат пас аз хӯроки субҳона танзим мекунанд. Агар қанди хуни 2 соат пас аз субҳона ба камтар аз 10 наомада бошад метавонед 1 воҳид ба инсулини R изофа кунед.

Инсулинҳои ҷадид, ки шакли қалами худкор сохта шудаанд 2 намуд ҳастанд:

1- Инсулини қалами хокистарӣ, ки лантус ном дорад. Ин инсулин  бисёр оҳиста–оҳиста ҷазби бадан мешавад. Тазриқи ин инсулин ҳадди ақал аз 10 воҳид, охири шаб зери  пӯст оғоз мешавад ва агар қанди аввали субҳ дар шиками гурусна ба камтар аз 7 наояд метавонед  2 воҳид ба он изофа кунед. Ин намуди инсулин (лантус) ҳадди ақал аз 15 то 18  соат дар хун мемонад.  Дар бештари вақтҳо лантус барои кантроли қанд кофӣ нест. Дар ин ҳолат аз инсулини новорапид, ки камари он  сурх мебошад бояд истифода кард. Инсулини новорапид як инсулини  бисёр қавӣ аст, ки хело зуд ҷазби бадан мешавад. Бинобар ин, миқдори масрафи он бештари вақтҳо ҳудуди аз 4  то 5 воҳид мебошад, ки 10  дақиқа пеш аз субҳона ва хӯроки нисфирӯзи истифода мешавад. Иштибоҳи хатарнок ин аст, ки миқдори инсулини лантус (хокистари) ро бо инсулини новорапид иштибоҳ кунед ва аз инсулини наворапид миқдори зиёд гузаронед. Дар ин ҳолат қанди хуни бемор мумкин аст хело  паст шавад. Агар қанди хуни субҳ қабл аз субҳона ва қанди хуни қабл аз хӯроки нисфирӯзи ба миқдори 7 то 8 расида бошад, андозаи инсулинҳои шумо танзим мебошад.

ФОТО

 

ВИДЕО