БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАРМИМИ ПЛАСТИКИИ БЕРУНИИ БИНӢ (РИНОПЛАСТИКА)

Сартабиби бахши  гӯшу гулӯю бинӣ,

доктор Нозим Шодиев.

 

Деформатсияи (тағйири шакл)   бинӣ чеҳраро тағйир медиҳад ва ба чашми дигарон  бармехӯрад.  Чунин ҳол  шахсро маҷбур менамояд,  барои  бартараф намудани ин нуқсон ба табиб муроҷиат намояд.

Ринопластика  ҷарроҳии пластикиест бо   мақсади  бартараф  намудани нуқсонҳои берунии бинӣ.  Ин  ҷарроҳӣ айни ҳол дар кишвари мо рӯз то рӯз рушд мекунад ва  бисёре аз бонуувон, дӯшизагон  ва писарбачагон низ майл доранд аз он истифода бикунанд.  Ин аст, ки лозим медонам чанд  нуктаи асосиро дар ин маврид зикр намоям:

Аввал,  зарурати ин амал ё ба таъбири дигар, киҳо ба  ринопластика ниёз доранд?

Пластикаи берунии бинӣ, аз тарафи мутахассиси гӯшу гулӯю бинӣ  (ЛОР)  ё ортопед тавсия дода мешавад.  Ин навъи ҷарроҳӣ аз нигоҳи эстетикӣ (зебошиносӣ) ба афроде, ки нуқсони модарзодии берунаи бинӣ доранд,  пас аз осеб ва ё ҷарроҳии миёндевори бинӣ (сепо-пластика), ба  касоне, ки бинии бузург доранд, дорои  баландии пуштаки бинӣ ё  фурӯхамидагии пуштаки бинӣ  ҳастанд ва ғ. тавсия дода мешавад.

Дувум,  оё синнусол дар  анҷоми  ринопластика таъсир  дорад?

Бояд гуфт,  барои анҷоми  ринопалстика синни муносиб аз 16 сола боло,  ё ин ки синни булуғ, пас аз пурра инкишоф ёфтани узвҳои бадан мебошад.

Сеюм, навъҳои ҷарроҳии ринопластика  кадомҳоянд ва давраи барқароршавӣ баъди ҷарроҳӣ чанд рӯзро дар бар мегирад.

Асосан ду навъи ҷарроҳии пластикии бинӣ вуҷуд дорад: пӯшида ва кушода.  Дар шароити Бемористони Ибни Сино амали ҷароҳии ринопластикаи кушода гузаронида мешавад ва беморон дар бемористон пас аз амал ҳамагӣ як рӯз бистарӣ мегарданд. Пас аз амал, рӯи бинӣ бо гипсиселикон (нимпласт) пӯшонида шуда, ин нимпласт 7 рӯз нигаҳдорӣ мешавад.  Ба ҳамаи беморони ҷарроҳишуда, ҳудуди 3 ҳафта дар  рӯи бинӣ часпонидани биничасп тавсия дода мешавад, ки яке аз шартҳои асосӣ пас аз амал мебошад.

ФОТО

 

ВИДЕО