БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОСТЕОХОНДРОЗ ДАР СУТУНМӮҲРА!

Мудири бахши физиотерапӣ,

Бемористони Ибни Сино,

доктор Каримов Муҳибулло.

 

Ба бемории остеохондрози сутунмӯҳра бештар одамони солхӯрда гирифтор мешуданд, аммо солҳои охир остеохондроз миёни ҷавонон ҳам зиёд паҳн гардидааст. 

Ин беморӣ метавонад таъсири зиёди манфӣ ба ҳалқаҳои байнисутунмӯҳравӣ расонида, баландии онҳоро тағйир диҳад ва билохира ба баромадагӣ (протрузия) ва чурраи (грыжа) сутунмӯҳра оварда расонад. Дар бобати пайдоиши остеохондроз низ назарҳо мутафовитанд. Баъзеҳо сабаби онро ҷароҳатҳо, баъзеи дигар тағйиротҳои синну солӣ дар бофтҳо ва бархе дар бад шудани гардиши сегментарии хун медонанд. Остеохондроз, маъмулан қисмати камару чорбанди сутунмӯҳраро фаро мегирад, ки ин метавонад боиси эҷоди дарду кашиши мушакҳо, сардард, ҳолати карахтӣ дар дасту пой, халал дар гардиши хун ва кори дастгоҳи вестибулярӣ гардад.

Остеохондроз ниёз ба табобати ҷомеъ бо дору ва бо равишҳои физиотерапӣ дорад. Физиотерапӣ усули муосир ва бисёр самараноки табобати остеохондроз ба шумор меравад. Ин усули табобат дақиқан ба маҳалли илтиҳоб таъсир расонида, узвҳо ва бофтҳои умумро фаро намегирад. Ба василаи физиотерапӣ ҳисси дард аз байн бурда шуда, мӯҳраҳои зарардида дубора барқарор мегарданд ва ҳаҷми чурраҳо хурд мешавад. Инчунин истифодаи ин усул, илтиҳоби сутунмӯҳраро коҳиш дода, ҳаракати мӯҳраҳоро барқарор мекунад ва варами бофтҳоро бартараф намуда, гардиши хунро дар қисмати илтиҳобӣ барқарор мекунад. Физиотерапӣ кори тамоми узвҳои даруниро ба танзим дароварда, инчунин системаи иммунии баданро тақвият мебахшад. Ин натиҷаро ба василаи тазриқи дору намешавад ба даст овард, чун доруҳо бо хун ба тамоми бадан мунтақил меёбанд ва ба тамоми узвҳо таъсир мегузоранд.

Дар бахши физиотерапии Бемористони Ибни Сино, барои табобати остеохондроз ва чурраи сутунмӯҳра усулҳои зерини табобатӣ  мавриди истифода қарор гирифтаанд.   

1. Магнитдармонии паст ва баландбасомад (низко- и высокочастотная магнитотерапия) - ҳангоми истифодаи ин усул, импулсҳои пастбасомади майдони магнитӣ ба бофтҳо таъсир расонида, часпандагии хунро тағйир медиҳанд, варам ва кашиши мушакҳоро бартараф намуда, рагҳои хунгардро васеъ мегардонад. Ҳамаи ин, ба раванди мубодилаи моддаҳо дар бофтҳои илтиҳобӣ кӯмак мерасонад.

2. Электрофорез бо карипазим. Ин усул, роҳи пешрафтатарини бе ҷарроҳӣ кам кардани чурраи сутунмӯҳра ба шумор меравад. Доруи "Карипазим" аз шираи попойӣ омода мегардад ва зиёда аз 10 сол аст, ки барои табобати чурраи ҳалқаҳои сутунмӯҳра бо муваффақият мавриди истифода қарор гирифтааст.

Аммо аз ҳама бештар истифодаи ин усул, дар давраҳои аввалияи беморӣ самараи хуб медиҳад.

Ин усул 3 давраи табобатро, ки ҳар кадом аз 30 рӯз иборат мебошанд, дар бар мегирад. Миёни давраҳо танаффуси 1-2 моҳа дар назар гирифта мешавад.

Бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки табобати чурраи сутунмӯҳра ба василаи карипазим метавонад вокунишҳои аллергениро дар баъзе афрод ба бор орад. Дар ин ҳолат истифодаи доруҳои зиддигистаминӣ тавсия мегарданд. Вақти табобати электрофорез низ камтар карда мешавад (аммо аз 10 дақиқа набояд камтар бошад).

Миёни рӯзҳои 5-ум ва 8-уми табобат, бемории аслӣ метавонад ташаннуҷи муваққатӣ пайдо кунад, аммо баъди 3-5 амал одатан ташаннуҷ паст мешавад.

3. Баъди итмоми давраи аввали табобати электрофорез бо карипазим, ки аз 30 амал иборат меёбад, мустаҳкам кардани искелети мушакии камар тавсия мешавад. Табобати мазкур аз 10-12 амал иборат буда, ҳафтае 1-2 амал гузаронида мешавад. Баъди анҷоми ин табобат, бемор бояд ҳолати мушакҳоро бо машқи махсус мувозибат диҳад. 

4. Тамриноти физиотерапӣ - шояд яке аз усулҳоест, ки дар физиотерапӣ барои табобат ва пешгирии остеохондроз дар давраи аввалияш мавриди истифода қарор мегирад. Барои ҳар як бемор, маҷмӯаи вежаи тамринот (машқҳо) интихоб карда мешавад. Истифодаи усули лозимаро, албатта бо маслиҳати пешакӣ бо бемор ва баъди гузаронидани таҳқиқотҳои ҳолати саломатии ӯ, табиб интихоб мекунад. Муолиҷаи физиотерапиро танҳо ҳангоми имтиёд (ремиссия) ва беҳбудии беморӣ таъин мекунанд.

Зиддият барои физиотерапӣ:

-беморони онкологӣ;

-ашхосе, ки мубтало ба бемориҳои шадиди бадан мебошанд;

-афроде, ки мубтало ба бемориҳои системи дилу-раг ва роҳҳои нафаскашӣ мебошанд;

-афроде, ки халал дар кори ҷигар ва гурдаҳояшон доранд;

-занони ҳомила;

-афроди дорои бемориҳои пӯст;

-афроде, ки халалҳои равонӣ доранд.

Ногуфта намонад, ки сари вақт ошкор кардани беморӣ ва муроҷиат ба мутахассиси ҳирфаӣ, имкон медиҳад сутунмӯҳраро пеш аз он, ки мубтало ба мушкилоти ҷиддӣ гардад, табобат намуд.                   

ФОТО

 

ВИДЕО