БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЗОФАИ ВАЗН, ФАРБЕҲӢ, ЧОҚӢ

Эндокринологи бемористон,                           

Доктор Аббоси Таваккулиён.

 

Фарбеҳ шудан ё ҳамон чоқӣ, як мушкили наслӣ ё женетикӣ аст. Ба ҷуз намуди хоси фарбеҳӣ, ки он ҳам бисёр кам дида мешавад, бештари мавориди фарбеҳӣ ба иллати вуҷуди женӣ диабети қанд  дар бадан, ба вуҷуд меояд.

Вақте касе, жени диабети қанди навъи II ро аз падар ё модар ба ирс бурда бошад, ин одам ҳатто бо миқдори ками хӯрок ҳам ба тарафи изофаи вазн ва фарбеҳӣ пеш меравад.

Ин як нуктаи бисёр муҳим аст, ки ҳамаи мардум ҳатто бисёре аз табибон низ аз он ғофил ва беэътино ҳастанд.

Изофавазн ва фарбеҳӣ фақат ба иллати хӯрдани зиёд ва истироҳати беш аз андоза нест, ки бо парҳез ва пиёдагардӣ барои ҳамеша хуб бишавад.

Фарбеҳӣ (чоқӣ) ба иллати женетикӣ аст ва жени он, ҳамон жени диабети қанд мебошад. Жени диабети қанд аз падар ё модар ё бобову бибӣ ва ҳатто аз аҷдоди хеле дур ба таври ирсӣ вориди бадани бемор мешавад. Ин жен тағйироте дар ҷисми бемор ба вуҷуд меорад, ки як ҳормон бо номи "инсулин" дар хуни бемор бо шиддат изофа мешавад. Ин ҳормони "инсулин"  изофа бар эҳтиёҷҳои физиологии бадан аст, ки беморро барои фарбеҳӣ омода мекунад.

Пас чоқӣ як беморӣ аст, ки ғайр аз парҳез ва пиёдагардӣ ба баъзе аз доруҳо, ки ҳормони инсулинро танзим мекунанд, эҳтиёҷ дорад. 

Дар тибби ҷадид, чоқӣ ва фарбеҳиро аз рӯи вазни бадан ё BMI ташхис намекунанд, балки бо андозагирии даври шикам дар ноҳияи ноф маълум мекунанд, ки ба бемор хатари чоқӣ таҳдид мекунад ё не.

Агар даври камари занҳо аз 82 см ва даври камари мардҳо аз 92 см бештар шуда бошад, ташхиси фарбеҳӣ гузошта мешавад. Чизе, ки шумо бояд бидонед ин аст, ки фарбеҳӣ хусусан вақте дар ноҳияи шикам бошад, заминасози ҳамаи бемориҳои хатарноки инсони имрӯз мешавад.

Фарбеҳӣ аввал ҷигарро аз равған пур мекунад, ҳамон чизе, ки бо номи стеотози ҷигар маъруф аст. Дар марҳалаҳои баъд холестерин ва равғанҳои дигари хун зиёд мешаванд. Баъд аз он, фишори хун баланд мегардад. Фарбеҳии шикам дар занон, бачадон ва тухмдонҳоро ҳам осеб мезанад. Маҳкам шудани рагҳои дил ва сактаҳои дил ва мағз низ бештар ба иллати ҳамин фарбеҳии шикам аст.

Теъдоди бисёр зиёди саратонҳои ҷигар, меъда ва рӯдаҳо, бачадон, тухмдонҳо ва пистонҳо (сина) ҳам аз ҳамин жени чоқӣ ва фарбеҳшавии шикам вобаста аст. Дар охир ин фарбеҳии шикам ба бемории диабети қанд хатм мешавад. 

Бинобар ин, фарбеҳ шудан, хусусан дар ноҳияи шикам фақат аз назари зебоии зоҳир муҳим нест, балки як тӯфон ё гирдоб аст, ки тандурустии инсонро бо худ ба фано мебарад.

Агар мехоҳед маънии "синдроми метаболик" ро, ки ҳар шаб аз телевизион ва ҳам дар мобайлҳои (интернет) худ аз он бисёр мешунавед бидонед, дақиқан ҳамин қиссае ҳаст, ки барои шумо гуфтам.

Ин фарбеҳии шикам ҳазор бор муҳимтар аст аз ҷоғар, ки бо шунидани он ваҳшат мекунед. Пас аз ҳамин рӯз даври камари худро бо диққат андоза гиред ва агар аз он миқдоре, ки болотар гуфта шуд, зиёд буд, ҷиҳати чанд муъоинот,  озмоиш ва сипас дармони муносиб иқдом кунед.

Дармони чоқӣ ва фарбеҳии шикам:

Ҳамон тавр, ки қаблан гуфта шуд, фарбеҳӣ як ихтилоли женетик ва наслӣ мебошад, ки ба эҳтиёт ва муроқибати ҳамешагӣ ниёз дорад. Дар дармони фарбеҳӣ на фақат вазни изофӣ бояд кам шавад, балки бақияи бемориҳое, ки ба иллати женӣ эҷод мешаванд, бояд шинохта ва муолиҷа шаванд. Усули куллии дармони фарбеҳӣ ва сипас нигоҳ доштани вазни муътадил ба таври хеле хулоса шомили мавориди зайл аст:

1) Режими ғизо ё парҳез. Аввлин чизе, ки табиб ё бемор бояд бидонанд ва биомӯзанд ин аст, ки тамоюл ба фарбеҳӣ як қиссаи тамоми умр аст, на як сирояте дар гулӯ ё гурда, ки бо чанд дорӯ ё сӯзандору барои ҳамеша бартараф шавад. Фарбеҳӣ як ихтилоли давомдор аст. Бинобар ин дастуроте, ки дар бораи парҳез медиҳем бояд тавре бошанд, ки барои ҳамаи умр қобили анҷом бошад.

Пас парҳезҳои ғизоии хеле сангин ва аҷибу ғариб, мумкин аст дар муддати кӯтоҳ вазни баданро кам кунанд, вале давом додани онҳо барои ҳамаи умр мумкин нест ва ашхос, пас аз муддате хаста ва монда шуда, парҳезро раҳо мекунанд ва бо суръат вазни қабл аз парҳез ва ҳатто болотар аз он бармегардад.

Бинобар ин, лозим нест худро бо парҳез азият диҳед. Аввалин коре, ки бояд кард ин аст, ки як ҷо ва дар як вақт хеле хӯрок нахӯред. Ба ҷои 3 бор хӯрок хӯрдан, 4 ё 5 бор хӯроки камтар бихӯред ва то ҷое, ки мумкин аст ҳамроҳи ғизоҳое, ки дар манзил мехӯред, миқдори зиёди салад ва кабудиро қабл ва баъд аз ғазо истифода баред.

Нуктаи дуввум, ки шояд аз миқдори ғизо ҳам муҳимтар бошад, кам кардани миқдори намаки масрафӣ аст, ки тавассути хӯрок ва дигар маводи хӯрданӣ (аз қабили чипс, ҷуворимакка ва туршиҷот)  истеъмол мекунед. Парҳези фарди фарбеҳ то ҳадде, ки мумкин аст бояд бе намак ё кам намак бошад.

Вазни бадани шумо аз 2 қисм ташкил шудааст. Якум аз гӯшт ва чарбӣ ва дуюм об. 10 то 15 кг аз вазни афроди фарбеҳ об аст, ки дар бадани онҳо ҷамъ мешавад. Парҳезӣ камнамак ва нахӯрдани ғизоҳои сангин ва пиёдагардии давомдор пас аз муддате, бадани шуморо аз шарри ин варам ва оби изофа халос мекунад.

Нӯшидани шарбатҳо ва нӯшобаҳои гоздори ширин ва кейк ва кулчаҳои (кекс ва торт) пуршакар бояд кам шаванд ва онҳо дар реҷаи ғизоии парҳезӣ набошанд.                                          

2) Қоида ё асли дуюм, ки дар дармони фарбеҳӣ асаргузор аст ва табобат бидуни он намешавад, варзиши мунтазами рӯзона аст. Беҳтарин варзиш, ки ҳамеша муҳайё ва омода аст, пиёдагардӣ мебошад. Лозим нест 3 соат рӯзона пиёдагардӣ кунед, муҳим ин аст, ки ҳар рӯз бошад ва қатъу васл нашуда, тӯлони идома ёбад. Аз 30 то 45 дақиқа пиёдагардии нисбатан тез, агар ҳамарӯза бошад, кофист.

Барои фарди ҷавон пиёдагардӣ дар ҳар вақти рӯз мумкин аст, аммо барои афроди болотар аз 40 сол, пиёдагардӣ беҳтар аст бегоҳирӯзӣ бошад. Ёдатон бошад, ки охири шаб ва наздики хоби шабона, вақти муносиб барои варзиш ва пиёдагардӣ нест (намебошад), чунки кайфияти хоби шабонаи шуморо ба ҳам мезанад ва асари пиёдагардиро аз байн мебарад. Пиёдагардии бефосила пас аз хӯрок хурдан ҳам аз назари физиологӣ кори саҳеҳ намебошад.

3) Асли саввум хоби сари вақт ва кофист. Дар илми имрӯз собит шудааст, ки яке аз муҳимтарин далелҳои чоқӣ ва фарбеҳ шудан, хоби нокофӣ ва дер хобидан аст. 7 то 8 соат хоб, ки аз соати 9:30 то 10 и шаб шурӯъ шавад, беҳтарин равиши хобидан аз назари саломатии бадан ва назорати вазн аст. Хобе, ки аз нимаҳои шаб ё баъд аз нимаи шаб, он ҳам бо шиками пур бошад, яке аз далелҳои шинохташудаи фарбеҳӣ, фишори хуни боло ва диабети қанд аст.

Ҳамаи ҳамкорони пизишк ва умуми мардум бояд бидонанд, ки ҳормони аслии бадан, ки вазифаи он тамиз кардани бадан аз равғанҳо ва чоқӣ аст, ҳормони рушд (Grocoth Hormone) мебошад. Ин ҳормон фақат дар хоби амиқ ва он ҳам хобе, ки аз соати 9 то 10 и шаб шурӯ шавад ва ақалан 7 то 8 соат давом ёбад, сохта мешавад. Ин ҳормон дар равшании рӯз абадан озод намешавад. Бедор мондани шабҳо то нимашаб ва ғизо хӯрдан наздики хоб, моро аз ин ҳормони бисёр қавии зидди фарбеҳӣ маҳрум месозад.

4) Асли чаҳоруми дармони изофавазн ва чоқӣ доруҳо ҳастанд, ки бояд тавассути пизишки эндокринологи пуртаҷриба ва огоҳ ба улуми ҷадид тавсия гарданд. Ёдатон бошад, ки ҳеҷ дору ё моддаи хурокиро, ки дар таблиғоти моҳвораӣ ё фазои маҷозӣ муаррифӣ мешаванд, истифода накунед. Дармони доруии фарбеҳӣ бояд зери назари як мутахассиси эндокринолог сурат гирад. Имрӯз намудҳои мухталифи доруҳо барои кам кардани вазн вуҷуд доранд, ки пас аз муоина ва анҷоми баъзе озмоишхо таҳти назорати пизишк бояд масраф шаванд.

ФОТО

 

ВИДЕО