БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДИАБЕТИ ҚАНД

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббос Тавакуллиён.

 

Бемории қанд ё диабети намуди II аз 15 то 20 дарсади аҳолии болои 40-соли дунёро мубтало кардааст. Инчунин арзёбӣ мешавад, ки ин адад дар Тоҷикистон болoтар аз инҳо низ бошад.

Диабети қанд як касалии бисёр мушкилсоз, ки ҳам зиндагии бемор ва ҳам зиндагии  бастагон ва авлоди наздики ӯро вайрон мекунад. Диабети  қанд ба сабаби проблемаҳои бешумор, ки дар дил, гурдаҳо, чашмҳо, пойҳо ва рагҳои асъоби бадан эҷод мекунад,  хатарнок мебошад. Ин аҷоиб аст, ки ҳеч беморӣ ба андозаи диабет ва проблемҳои кӯҳнаи он дар назди одамҳо шинохташуда ва маъмултар нест, аммо бо далели номушаххас афроди ҷомеа аз муолиҷаи сари вақт кӯтоҳӣ  ва ғафлат мекунанд. Ё вақте назди табиб меоянд, ки маъмулан дер шудааст ва кори табиб, табобат ва истифодабарӣ аз дармон caхт хоҳад буд. Ҳар як рӯз, ки аз дармон дер шавад, осебҳои чашмҳо, дил, гурдаҳо ва захмҳои пойҳо як рӯз зудтар оғоз мешавад. Осебҳое, ки ҳам касалро бошиддат хаста мекунад ва ҳам хароҷоти бисёр берун аз тавони оила ва авлод ба вуҷуд меоварад.

Пас аз ҳама кор хатарноктар он аст, ки диабети  қандро дер ташхис кунем ва ба дармони дарозмуддати он таваҷҷӯҳи кофӣ накунем. Пас ишораи мо бояд ин бошад, ки диабети қанд дар аввали кор пешгирӣ шавад ва муолиҷаи он ҳеҷ гоҳ дер нашавад ва пас аз шурӯъи муолиҷаҳо дармон қатъ нашавад.

Нуктаҳои бисёр муҳим дар диабети қанд

Ҳар шахсе ки дар авлод ва хешу табори наздики худ мисли падар, модар, падарбузург ва модарбузург, бародарҳо ва хоҳарҳо, амак, амма ва тағоҳо ягон касе дорад, ки ба диабети қанд мубтало аст, бояд бидонад ки эҳтимоли он ҳаст, ки гени касалии қанд ба ӯ сироят карда бошад. Агар ин кас фарбеҳ шудааст ва хусусан аз қисмати шикам чоқ(фарбеҳ) шуда бошад, эҳтимоли мубтало шудан ба диабет дар ӯ хеле зиёдтар аст. Ҳамин кас агар дар УЗИ –и ҷигар, ҷигараш равған ҷамъ карда бошад, бояд бидонад, ки ҳатман дер ё зуд ба бемории қанд ва бемории фишори хун ва дар охир ба бемории баста шудани рагҳои дил ва инфаркти дил мубтало хоҳад шуд. Пас аз ҳамон нигоҳи аввал маълум аст, ки чӣ касоне метавонанд ба диабети қанд гирифтор шаванд. Ин маъно, ки мо огоҳ шавем, ки хатари бемории  қанд дар мо вуҷуд дорад, оғози пешгирӣ аз як фалокати бузург  дар зиндагии мо хоҳад буд, бинобар ин ҳамин имрӯз бояд вориди амал шавем. Агар собиқаи диабети қанд  дар авлоди шумо ҳаст ва шумо ҳам дар ҳоли фарбеҳ шудан аз қисмати шикам ҳастед, як анализи қанди хуни ношто ва як УЗИ – и ҷигар таклифи шуморо барои ҳамеша равшан мекунад, ки оё дар оянда ба бемории  қанд ва фишори хун мубтало мешавед ё не?

Албатта аломатҳо ва нишонаҳое ҳам дар ҷисми шумо пайдо мешаванд, ки табиб бо муоина ба роҳатӣ метавонад  бидонад, ки ҷисматон барои мубтало шудан ба касалии қанд тайёрӣ дорад ё не?

Ҳамкорони ман дар кишвари бо тамаддуни ҳафт ҳазорсолаи Тоҷикистон, ки 800 то 1000 соли қабл маркази бузургтарин донишгоҳҳои дунё будааст ва ҳамчунин аҳолии дӯстдоштании он бояд бидонанд, ки касалии қанд 3 марҳала дорад ва бештари истифодабарӣ аз дармони ин касалӣ марбут ба 2 марҳалаи аввал ва дуввуми он мебошад.

1. Марҳалаи аввали эҷоди диабет вақтест, ки гени диабет дар бадани бемор фаъол мешавад ва ӯро фарбеҳ мекунад ва дар ҷигараш равған ҷамъ мешавад. Дар ин марҳала дар озмоиши хун, қанди ношто зери 5,5 ммол/л  мебошад. Вале мумкин аст холестерин ва ин қабил равғанҳо дар хун изофа шуда бошад. Фишори хун ҳам мумкин аст каме баланд шавад. Ин марҳала аз диабети қанд дар воқеъ ҳамон “синдроми метаболик” аст, ки дар хабарҳо ва маҷаллаҳои илмӣ мешунавед. Ман ин марҳала аз диабети қандро “ғавғои қабл аз бемории қанд” номидаам. Замони идеал барои оғози дармон ҳамин ҷост. Вақте шумо дармонро аз ин марҳала оғоз мекунед, аз фарбеҳ шудани бештари худ пешгирӣ карда, аз гирифтор шудан ба фишори хун ва баста шудани рагҳои дил ва вайрон шудани ҷигар низ пешгирӣ мекунед.

2. Марҳалаи дуввуми диабети қанд вақтест, ки дар озмоиши хун, қанди ноштои шумо аз 5,5 ммол/л  болотар рафтааст, вале ҳанӯз ба 7 ммол/л нарасидааст. Ба ин марҳала ҳолати пешдиабет (предиабет) гуфта мешавад. Шурӯъи дармон ва пайгирии табобат дар ин замон метавонад пеши мубтало шудани шумо ба диабети хатарнокро бигирад. Агар дармони марҳалаи якро аз даст додаед  ва ба марҳалаи пешдиабет ворид шудаед, бетаваҷҷӯҳӣ ба дармони он гуноҳи нобахшуданист.  Чаро ки беҳтарин фурсатро барои наҷот аз диабет аз даст медиҳед. Имрӯза дар тамоми дунё дармони пешгиронаи диабетро замоне, ки қанди хуни ношто байни 5,5 то 7 ммол/л  мебошад оғоз мекунанд. Агар шумо дар ин марҳала дармонро шурӯъ кунед, ҳеҷ вақт ба касалии фалокат барои диабет мубтало нахоҳед шуд ва як зиндагии нормолро пушти сар хоҳед гузошт.

3. Марҳалаи севумин диабети қанд вақтест, ки қанди хуни субҳи ношто аз 7.0 ммол/л болотар рафта бошад. Бояд бидонед, ки болотар рафтани қанди хун аз 7.0 ммол/л яъне шурӯъи зараррасонии қанд дар бофтаҳои бадан ва оғози оризaҳои дерраси диабет мисли бемории гурдаҳо, чашмҳо ва пойҳост. Дар ин марҳала ҳадафи мо аз дармон поин овардани қанди хуни ношто ба камтар аз 7.0 ммол/л  ва қанди хуни 2 соат пас аз хӯрок камтар аз 10 ммол/л  мебошад.

4. Аввалан коре, ки дар ин марҳала аз диабет бояд анҷом бидиҳед, ҳамин контроли қанди хун ба миқдори камтар аз рақамҳои боло мебошад то мушкилии ҷиддӣ ба бадани шумо пеш наояд.

Нуктаи муҳим:

Аз ҳар 10 бемори мубтало ба касалии қанд, 8-тои онҳо ошкоро фарбеҳ ҳастанд ва даври камари онҳо болотар аз миқдори нормол ҳаст. Аммо аз ҳар даҳ кас, ки диабет доранд, 2 кас дар зоҳир хеле  фарбеҳ  ба назар намеоянд. Равиши дармон ва илоҷи ин ду гурӯҳ то ҳудуде бо ҳам фарқ дорад.

Як нуктаи бисёр муҳим дар бораи доруҳои хӯрокии диабети қанд:

Аз миёни 30 намуд доруҳои диабет фақат як намуди он диабетро аз бех илоҷ мекунад ва он Метформин ё Глюкофаж мебошад. 29 доруи дигар, ҳамa бо Метформин истифода мешаванд. Ба иборати дигар, доруи Метформин асли дармони диабети намуди II мебошад ва бақияи доруҳо дар марҳалаҳои баъди дармон истифода мешаванд. Пас ҷойгоҳ ва аҳамияти ин доруро дар дармони  бемории  қанд ба хубӣ ба хотир бисупоред.

Аз 30 намуд доруи зидди диабет фақат Метформин метавонад аз эҷоди диабети қанд пешгирӣ кунад.

Маънои ин ҷумла ин аст, ки агар дар канори диет ва пиёдагардӣ Метформинро дар касе ки гени диабет дорад, фарбеҳ шудааст ва ҷигараш равған ҷамъ кардааст оғоз кунем, ин фард метавонад бо таври куллӣ аз гирифтор шудан ба диабет наҷот пайдо кунад.

ФОТО

 

ВИДЕО