БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАВСИЯҲОИ БИСЁР МУҲИМ БАРОИ ТАБОБАТИ ДИАБЕТИ ҚАНДИ НАВЪИ 2

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                                               

Асоси табобати диабети қанди намуди-2 истифодабарии дуруст ва беандоза аз таблети Метформин аст. Метформин аввалин доруест, ки табобати диабети қанди навъи 2 бо он шурӯъ мешавад ва ҳатто замоне, ки  маҷбур ба сӯзандоруи инсулин мешавем, Метформин дар канори инсулин лозим аст.

Дар асл, Метформин диабети қандро аз реша табобат мекунад, аз ҳамон ҷое ки хатои асосӣ дар бадан падид омадааст. Хушбахтона, Метформин аз ҳама доруҳои диабети қанд арзонтар ва аз ҳама созгортар ва ба бадани инсон мувофиқтар аст. Агар бемор хеле лоғар шуда бошад ва Метформин ба танҳои кофӣ набошад, дуввум дору ки дар канори Метформин истифода мешавад таблети Пиоглютазон мебошад. Метформин танҳо доруест, ки нӯшидани он пас аз хӯрок мебошад, яъне пас аз хӯрок нӯшида мешавад.

Ёдатон бошад, ки Метформин ҳадди аққал ду бор дар рӯз нӯшида мешавад.  Беҳтарин ҳолат он аст, ки дору 3 бор дар рӯз, яъне пас аз субҳона, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ва шом нӯшида шавад. Камтарин миқдори истифодабарии Метформин 1 қурси 500мг 3 бор дар рӯз мебошад. Агар вазни бемор аз 80 кг боло бошад, миқдори дурусти дору қурси 1000мг 3 бор дар рӯз мебошад. Хушбахтона, Метформин бо 95% одамон мувофиқ буд ва ба бадани инсон ягон аворизе намерасонад. Танҳо мушкилии масраф, дамиши шикам, зардаҷӯш ва дарунравӣ, ки ба тадриҷ беҳтар мешавад ва бемор ба он одат мекунад. Нуқтаи бисёр муҳим он аст, ки Метформин қандро он кадар паст намекунад, ки бемор азият шавад. Паст шудани шадиди қанд (гипогликемия) ба дунболи масрафи доруҳои мисли Глибенкламид, Гликлозид ва Амарил иттифоқ меафтад. Бинобар ин агар 2 ё 3 намуд қурс барои табобати диабети қанд менӯшед ва қанди шумо беш аз ҳад паст мешавад миқдори Метформинро паст накунед, балки миқдори доруҳое, ки ҳамроҳи Метформин менӯшед кам кунед. 3 намуд аз қурси Метформин (Глюкофаж) дар дорухонаҳо мавҷуд аст: қурси 500мг, 850мг, 1000мг. Маъмулан табобат бо 1 қурси 500мг 3 бор дар рӯз оғоз мешавад ва баъд аз 1 моҳ агар қанди хун ба андозаи лозим поён наомада бошад, 850мг 3 бор дода мешавад ва 1 моҳ баъд агар лозим шуд 1000мг 3 бор дар рӯз дода мешавад. Метформин танҳо доруи диабети қанди намуди 2 аст, ки пас аз хӯрок нӯшида мешавад бақияи доруҳои диабет хар чӣ, ки бошад бояд 15 дақиқа пеш аз хӯрок нӯшида шавад. Чунончи бемор бо қурси 500мг Метформин дар оғози дармон нишонаҳои мушкилоти системаи ҳозимаро изҳор кунад, дар он сурат таблети метформин нисф мешавад ва баъд аз 10-рӯз ба як таблет баргардонда мешавад.

Доруҳое, ки хатари паст кардани қандро надоранд(гипогликемия):

1. Метформин                                6. Зепмет

2. Глюкофаж                                  7. Галвус

3. пиоглютозон                               8. Галвусмет

4. Янувио                                        9. Чордиянс 

5. Зептин.                                      10. Фарсиго

Доруҳое, ки метавонанд қанди хунро хеле паст кунанд:

Глибенкломид ва ҳар доруе, ки дар таркиби он Глибенкломид дошта бошад мисли Глюкованс.

Гликлозид ё ҳар доруе, ки дар таркиби он Гликлозид дошта бошад.

Амарил (Глимепрайд) ё ҳар доруе, ки дар таркиби он Амарил дошта бошад.

Инсулин

Диққат: Ёдатон бошад, ки Метформин баъзе вақт барои табобат кофӣ нест ва мо чорае ба ҷуз истифода аз доруҳои гурӯҳи дуввум надорем. Агар доруе қанди шуморо паст кард, шумо набояд аз пеши худ онро қатъ кард, балки бояд бо табиби худ машварат кунед ва табиб доруҳои шуморо танзим кунад ё дастуроти қазоии шуморо ислоҳ намояд.

Диққат: Ёдатон бошад, ки ҳар доруи гаронқиммат ва ё ҳар доруи ҷадид ҳатман доруи беҳтаре нест. мутаассифона бояд бигӯям, ки харчӣ доруҳои диабети қанд ҷадидтар шуданд, таъсирашон камтар ва қимматашон зиёдтар мебошад. Ба унвони мисол якчанд доруҳое, ки нархашон гарону таъсирашон кам мисол мебарем:

1. Янувио

2. Галвус

3. Фарсиго

4. Зептин

Ҳамаи ин доруҳоро ба хотири таъсирашон хубтар шавад бо метформин омехта карданд, ки  бехосиятии онҳо  рӯйпӯш шавад. Доруҳое,  ки бо метформин омехта мебошанд : 

1. Зипмет 

2. Галвусмет

3. Янумет 

ФОТО

 

ВИДЕО