БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ФИШОРБАЛАНДИИ ШАРАЁНӢ (ГИПЕРТЕНЗӢ): ЧИРО БОЯД ДОНИСТ ВА ЧӢ КОР КАРД?

Кардиолог - терапевти

Бемористони Ибни Сино.

Мусоева Марҷона Мусаямовна

 

Дар илми тиб, болоравии устувори фишори шараёнӣ (артериалиро) то 140/90 мм. сутунчаи симобӣ ва болотар аз онро бемории гипертонӣ меноманд.

Бояд ки болоравии фишори шараёнӣ на кам аз ду маротиба ва дар фосилаи ду ҳафта ба қайд гирифта шавад. Дар тиби муосир болоравии фишори шараёнӣ ба се марҳила тақсимбандӣ гардидааст:  

 

Дастабандӣ

фишори шараёнии систоликӣ (болоӣ) мм ст.сим.

фишори шараёнии диастоликӣ (поёнӣ), мм ст. сим.

Мӯътадил

< 130

< 85

Мӯътадили баланд

130-139

85-89

Гипертензия

 Дараҷаи I

Дараҷаи II

Дараҷаи III

 

 

140-159

160-179

180 ва боло

 

90-99

100-109

110 ва боло

Усулҳои табобати бидуни дору (тағйири тарзи ҳаёт). Тарзи ҳаёти солим ба ҳамаи беморони фишорбаландии шараёнӣ, новобаста аз дараҷа ва доруҳои мавриди истеъмол тавсия мегардад.

Тарзи ҳаёти солим имкон медиҳад, ки сатҳи фишори шараёнӣ поён оварда шавад ва теъдоди доруҳои масрафӣ кам карда шавад. Пеш аз ҳама, беморон бояд аз одатҳои бад ва сабки зиндагии камҳаракат даст кашанд. Пеш аз ҳама бояд аз сигоркашӣ даст кашид! Зеро ҳатто кашидани як сигор фишорро барои 15 дақиқа боло мебарад ва сигоркашии доимӣ, тангшавии рагҳоро зиёд карда, самаранокии доруҳоро кам мекунад. Агар одам дар рӯз 5-то сигор кашад, хатари маргаш 40% бештар мегардад ва агар дар рӯз як қуттӣ сигор кашад, ин хатар даҳ баробар зиёд мешавад.

Роҳи дигари мубориза бо фишорбаландии шараёнӣ ғизои муносиб мебошад. Хӯрок бояд на камтар аз 4 навбат дар рӯз ва  камнамак истеъмол гардад. Намак на танҳо ба одамони гирифтор ба фишорбаландӣ, балки ба бемориҳои дигари дилу раг низ зарар дорад. Имрӯз таҳқиқотҳо собит кардаанд, ки агар истеъмоли намак кам карда шавад, хатари гирифтор шудан ба инфоркти миокорд ва дигар бемориҳои қалбӣ 25% коҳиш меёбад. Дар баробари ин, бояд дар хотир дошт, ки  масалан дар таркиби ҳасиб нисбат ба гӯшти табиӣ 10 баробар зиёд намак вуҷуд дорад. Истеъмоли маҳсулоти дорои калий ва магний низ (монанди карами баҳрӣ, мавиз, лаблабу, зардолу, кадуи сабз(кабачки), каду, ярма(гречка) ва ғ.) фоидаи зиёд дорад. Меъёри истеъмоли намаки ошӣ барои беморони гипертонӣ бояд аз 5 грамм дар як рӯз (як қошуқчаи чойхурӣ) зиёд набошад.

Дар ин росто назорати вазни худ ҳам бисёр аҳаммият дорад. Барои санҷиши вазн аз формули содаи муайян кардани индекси вазни бадан: вазн (кг) / қад (м2) истифода намуда метавонед. Агар индекси вазни бадан дар занҳо аз 28 ва дар мардҳо аз 30 болост, ба онҳо  мешавад ташхиси фарбеҳӣ гузошт. Рушди бесобиқаи фишори баланди шараёниро ҳам, маҳз бо фарбеҳӣ иртибот медиҳанд.

Барои мубориза бо фарбеҳӣ ва фишорбаландии шараёнӣ, машқи ҷисмонӣ нақши зиёд дорад. Ҳатто фаъолияти ҷисмонии сабук вале доимӣ кӯмак мекунад, ки фишори баланди шараёнӣ 10-15 мм. сут. сим поин оварда шавад. Пиёдаравӣ дар ҳавои кушод, дучархасаворӣ, оббозӣ аз ҳама фаъолияти ҷисмонии хуб барои беморони гирифтор ба фишорбаландии шараёнӣ ба шумор мераванд. Аммо пеш аз оғози ин фаъолиятҳо ҳатман бо табибатон машварат кунед.

Як мавриди дигар, ки набояд фаромӯш шавад: пизишкон тарзи ҳаёти солимро ҳамчун як роҳи асосии пешгирии фишорбаландии шараёнӣ дониста, онро на барои муддати кӯтоҳ, балки барои ҳамешагӣ тавсия медиҳанд. Волидайн ва омӯзгорони азиз, таълими тарзи ҳаёти солимро бояд аз синну соли кӯдакӣ ва навҷавонӣ таълим дод. Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки омили ирсӣ дар рушди фишорбаландии шараёнӣ нақши муҳим дорад ва дар кӯдакон, агар чораҳои зарурӣ дида нашаванд, болоравии ин фишор метавонад бармаҳал ба вуқӯъ пайвандад.

То кадом сатҳ бояд фишори шараёниро поин овард?

Олимони соҳа, баъди таҳқиқоти тӯлонӣ, сатҳи фишори матлубро, ки ҳангоми табобати ин беморӣ бояд ба он ноил гардид, муайян намудаанд. Сатҳи матлуби фишорбаландии шараёнӣ фишорест, ки хатари оризаҳо, аз ҷумла аворизи марговарро кам мекунад. Албатта ин сатҳ аз бемориҳои ҳамрадиф вобастагии калон дорад. Барои беморони гирифтор ба фишорбаландии шараёнӣ, сатҳи матлуби ин фишор бояд аз 140/90 мм. сут.сим. поин бошад. Агар фишори шараёнӣ бо диабети қанд ҳамроҳ бошад, сатҳи лозима бояд аз 130/85 поин бошад. Албатта бештари беморони гирифтор ба фишорбаландии шараёнӣ барои расидан ба ин сатҳ бояд ҳамеша доруҳои гипотензивӣ (зидди фишор) истеъмол кунанд.

Табобати доруии беморони фишорбаландии шараёнӣ. Дар ҳоли ҳозир дар бозори фармасевтии кишварамон, панҷ гурӯҳи доруҳо, ки аз ҷониби ҷамъияти Аврупоии кардиологӣ ва Лигаи Аврупоии фишорбаландии шараёнӣ барои табобати ин беморӣ тавсия шудаанд, пешкаш гардидаанд. Ин доруҳо ингибиторҳои (маҳоркунандаҳо) табдили ангеотензин, диуретикҳо, антагонистҳои коноли-калтсиюмӣ, бето-блокаторҳо, антагонистҳои гирандаи ангиотензин II.

Бояд қайд кард, ки самаранокии табобати фишорбаландии шараёнӣ, тавассути як навъи дору бисёр кам иттифоқ меуфтад. Бештари беморон барои назорати кофии фишорбаландӣ бояд 2-3 намуд дору истеъмол кунанд. Барои табобати муносиб имрӯз доруҳои омехта, ки дорои ду меканизми таъсир мебошанд, пешниҳод мешаванд. Беҳтарин доруҳо онҳое мебошанд, ки ба шакли муназзам дар тӯли шабонарӯз таъсиргузор бошанд ва ба узвҳои дигар таъсири манфӣ нарасонанд. Ин доруҳо бо нархҳои дастрас дар дорухонаи бемористони мо мавҷуданд.

Доруҳоро бояд ҳатман табиб таъин намояд ва ҳар бемор метавонад доруи хоси худашро дошта бошад. Дар давраи интихоб ва муайян кардани доруи зарурӣ, беморон бояд ҳар моҳ ба қабули табиб ҳозир шаванд ва баъди муайян кардани дору бошад, ба назди табиб мешавад ҳар 6 моҳ як бор омад. Ҳатман ҳар сол як маротиба, бояд узвҳои асосиро ташхис намуд, чаро ки маҳсулоти доругии муосир на танҳо фишорро поин мебаранд, балки ғафсии девораҳои меъдачаи чапи дилро кам карда, хосияти кашишхӯрии рагҳоро афзоиш медиҳанд ва рушди норасоии кори гурдаҳо ва дилро пешгирӣ мекунанд.

Дар хотир дошта бошем: самараи табобат пеш аз ҳама аз худи бемор вобаста аст! Бояст тавсияҳои пизишк ҳамеша ва дуруст риоя карда шаванд!

ФОТО

 

ВИДЕО