БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

Эндокринологи бемористон,

Доктор Аббоси Тавакуллиён.

 

Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

Дар воқеъ агар пистон бо диққат муоина карда шавад ва бо УЗИ, МРТ ё маммография баррасӣ шавад, 50% аз кулли ҷамъияти занон ин тӯдаҳо ва кистаҳои хурд ва калонро дар пистонҳои худ мушоҳида мекунанд. Ин мавзуъ то ба андозае дар тиб камаҳамият шудааст, ки пизишкон ин навъ ихтилоли пистонҳоро беморӣ ҳисоб намекунанд, ва ба ҷои калимаи бемории фиброкистоз истилоҳи тағйироти фиброкистозиро ба кор мебаранд. Бештари ин занҳо шикояте аз ин тағйироти пистон надоштаанд ва бори аввал дар УЗИ-и пистонҳо мутаваҷҷеҳи он мешаванд. Албатта теъдоди ин занҳо, аломатҳо ё шикоятҳое изҳор мекунанд, ки баъзе аз онҳо ба шарҳи зер мебошанд:

Дард, варам ва ҳассосияти ҳарду пистон, хусусан ҳангоми ламс ва дар вақти роҳ рафтан;

Тӯдаҳои пистонӣ, ки дар тӯли давраи ҳайз (одати моҳона) хурд ва калон мешаванд;

Тарашшӯҳи моддаҳои ранги сабз ё сиёҳ аз нӯги пистонҳо;

Аз хусусиятҳои ин аломатҳо ва нишонаҳо, кам ё зиёд шудани онҳо дар тӯли давраи одати моҳона аст. Маъмулан ин тӯдаҳо ва кистаҳо баъди як ҳафта пас аз хунрезии занона калонтар шуда, дардмандиашон зиёдтар мешавад, баъдан бо шурӯъи одати моҳона  пистонҳо ором мегиранд;

Ин тағйироти пистонҳо дар синни аз 20 то 50 сола дида мешавад.

Иллати ин тағйиротҳо дар пистони баъзе занҳо дида намешавад. Муҳим он аст, ки ин тағйиротҳо ҳеҷ вақт ҷиддӣ ва хатарнок намешаванд. Саволи асоси ин аст, ки чи вақт ин занҳо ба табиб бояд муроҷиат кунанд, ё бо ибораи дигар пайдо шудани ин нишонаҳо метавонад муҳим бошад:

Пайдо шудани як тӯдаи ҷадид, ки пеш аз ин набуд ва пас аз тамом шудани ҳайз ҳамчунон калонтар шаванд;

Пайдо шудани як дард ва ҳассосият дар як қисмати хос дар пистон, ки беш аз чанд ҳафта давом ёбад ва рӯз ба рӯз шадидтар шавад;

Пайдо шудани тағйирот дар пӯсти рӯи пистон, дар ҳамон ҷое, ки тӯда пайдо шудааст.

Нуқтаи бисёр муҳим ин аст, ки занҳое, ки пистонҳои фиброкистоз (мастопатия) доранд, назар ба дигар занҳо саратони пистон намегиранд. Бо ибораи дигар, мастопатия ҷузви иллатҳои саратони пистон намебошад. Хатари пайдо шудани саратони пистон дар занҳое, ки мастопатия доранд, бо занҳое, ки мастопатия надоранд, хеч фарқе надорад. Бинобар ин, тарс, ваҳм ва хавотирӣ, ки дар байни занҳои тоҷик, дар мавриди мастопатия зиёд дида мешавад, як нигаронии ғайривоқеӣ аст. Агар бихоҳем ин матлабро бо як ҷумлаи кӯтоҳ хулоса кунем, бояд бигӯем, ки мастопатия як беморӣ нест, балки як тағйири хушсифат ва бехатари пистон дар баъзе занҳо аст. Ташхис кардани тағйироти фиброкистозӣ пистонҳо бо ин сурат мебошанд:

муоинаи пистонҳо тавассути мутахассиси пуртаҷриба;

анҷоми як УЗИ-и пистонҳо дар ҳолате, ки духтур лозим донад;

анҷоми як акси маммографӣ дар вақте, ки УЗИ нишонаҳои ҷиддӣ будани тӯдаҳоро дар пистонҳо нишон диҳад;

дар баъзе маворид, гирифтани каме биопсия аз пистон.

Дармони мастопатия

Мастопатия дармони ҷиддӣ ва тӯлони лозим надорад. Агар дард ва ҳассосияти пистонҳо шадид бошад, аз доруҳои маъмулӣ мисли Асетоменофен (Парасетамол) ё ибупрофен мешавад истифода кард. Капсула витамин Е дар вақти хоб низ, метавонад кумаккунанда бошад.

Чунончи, ин табобатҳои содда асарбахш набошад ва бемор аз дарди пистон азият бинад, метавонад аз доруи Тамоксифен 10 мг, як қурс дар шаб дар мӯхлати 30 то 60 рӯз истифода барад. Истифодабарӣ аз ин дору зараре надорад, лекин бояд дар ҳолати лозима дода шавад.

Саволи охири ҳамаи беморон ин аст, ки оё ин мушкили худ ба худ бартараф мешавад ё не?!

Ҷавоби ин савол ин аст, ки тағйирот ва нороҳатиҳо то замоне, ки зан одати моҳона мешавад, идома хохад дошт. Ин гирифтори баъд аз менопауза худ ба худ бартараф мешавад. 

ФОТО

 

ВИДЕО