БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҚУРСИ ПИОГЛИТАЗОН

Унвони мақола

Қурси Пиоглитазон: ҳалқаи тиллоии гумшудаи занҷираи дармони диабети навъи II дар кишвари Тоҷикистон

 

Аббос Таваккулиёни Арҷманд: интернист, эндокринолог, диабетолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

*Каримова Фарзона: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон 

Диловар Маҳмадёров: кардиолог, Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон

 

Унвони кўтоҳ

Қурси Пиоглитазон: доруи дар ҳадду андозаи Метформин, аммо ношинохта дар Тоҷикистон

 

  *Нависандаи тарафи мукотибот: Каримова Фарзона, www.ibnisino.tj, Бемористони Байналмиллалии ибни Сино, Душанбе, Тоҷикистон, Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">Хулосаи мақола (Abstract)

Пасзаминаи таҳқиқ (background): Дармони ҳар бемории хос, бояд дар асоси сабаби он ё худ механизми физиопатологии он беморӣ устувор бошад. Сабаби асосии бемории диабети навъи II, муқовимати генетики ҳуҷайраҳои бадан бар асароти (таъсири) ҳормони инсулин аст, яъне «Insulin resistance». Пас, калиди дармони бемории диабети навъи II доруест, ки ин мушкилиро аз сари роҳ бардорад. Аз байни беш аз 30 навъ доруи хўрокии зидди диабети навъи II -и мавҷуд  дар «бозори» фармакологӣ, фақат ду навъ доруе ҳастанд,  ки амали онҳо ислоҳи муқовимати ҳуҷайраҳо ба асари инсулин мебошад. Доруи аввал дар ин замина Метформин аст ва дуввум Пиоглитазон. Метформин дар дорухатҳо ва дорухонаҳо ба фаровонӣ пайдо мешавад, аммо ҳеҷ асаре аз доруи Пиоглитазон, ки дар ҳадди Метформин аст ва ҳамеша кўмаки он дар танзими қанди хун беназир аст, дар кишвари Тоҷикистон ва дар дорухатҳои ҳамкорони табиб аслан ба назар намерасад. Ҷиҳати баррасии ин масъалаи муҳим, мутолиаи дар пешруйистода ба анҷом расид.

Равиши анҷоми мутолиа (Materials and method): Ба манзури баррасии мизони шинохти ҳамкорони табиб дар Тоҷикистон ва чигунагии истифодабарӣ аз қурси Пиоглитазон, 135 нафар бемори мубтало ба диабети навъи II, ки ба шӯъбаи эндокринологии Бемористони Байналмиллалии ибни Сино дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуданд, ба таври тасодуфӣ (random) ва ба сурати пай дар пай (consecutive) дар мутолиа ворид шуданд. Зимни мусоҳибаю муоинаи комил ва баррасии дақиқи мушаххасоти куллии ашхоси мавриди мутолиа, тавассути табиби эндокринолог, тамоми доруҳои масрафӣ аз оғози дармон то рӯзи муроҷиат ба мо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Натичаҳои мутолиа (Results): Аз маҷмӯи 135 бемор, 58 нафар (43%) мард ва 77 нафар (57%) зан буданд. Синни миёнаи беморон 58±12 сол ва тӯли муддати миёнаи мубталоӣ ба бемории диабети навъи II дар онҳо 7±6.1 сол ба даст омад. Беш аз 80%-и беморон собиқаи авлодии (ирсияти) диабети навъи II -ро нишон доданд. 75%-и беморон ба фишори хуни боло, 65%-и беморон ба ихтилолоти чарбӣ ва беш аз 50%-и беморон бемории ишемикии муайянгардидаи дилро доштанд. Дар мутолиаи дақиқ ва ҷузъ ба ҷузъи дорухатҳои қаблӣ ва ҷадиди беморон, фақат 0.4%-и беморон собиқаи масрафи қурси Пиоглитазонро доштанд.

Натиҷагирии ниҳоӣ (Conclusion): Мутолиаи мо нишон медиҳад, ки ба таври  таҳаммулнопазир, доруи Пиоглитазон дар Тоҷикистон аз қатори доруҳои хӯрокии зиддидиабет дур мондааст.

Калимаҳои калидӣ (Keywords): Диабети навъи II, муқовимат ба инсулин, доруҳои хӯрокии зиддидиабет, қурси Пиоглитазон, Тоҷикистон.

Муқаддима (Introduction)

Равиши дармони ҳар беморӣ, бояд дар асоси механизмҳои физиопатологии муайян гардидаи он сурат гирад. Дар диабети навъи I ё ҳамон диабети кўдакону навҷавонон, ихтилоли аслӣ ин аз байн рафтани ногаҳонии β-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда (Pancreas) ва камбудии шадиди инсулин ё набудани комили он дар бадани шахси бемор аст. Бинобар ин дармони диабети навъи I фақат Инсулин аст ва бас. Аммо дар диабети навъи II ва бахусус дар даҳаи аввали мубталогардӣ ба ин беморӣ, ҳеҷ камбудие дар сатҳи инсулини хун дида намешавад ва ҳатто дар ин маврид баъзан миқдори инсулини хун аз ҳадди меъёр ҳам болотар аст. Мушкили аслӣ дар диабети навъи II, ихтилол дар иттисоли ҳормони инсулин ба ресептори инсулин дар сатҳи ҳуҷайраҳои бадан ва вуҷуди нуқсон дар интиқоли қанд аз хун ба дохили ҳуҷайраҳо мебошад, яъне чизе, ки онро муқовимати ҳуҷайраҳо ба асароти биологии инсулин яъне «Insulin resistance» меноманд. Бо ҳамин муқаддимаи кӯтоҳ равшан мегардад, ки калиди дармони диабети навъи II, доруе аст, ки  муқовимати бадан ба асари инсулини вуҷуд доштаро ислоҳ кунад. Аз даҳҳо навъ доруҳои мавҷудбудаи зидди диабети навъи II  фақат ду доруе ҳаст, ки ин ихтилолро ҳадаф қарор медиҳад. Аввал Метформин аст ва доруи дуввум Пиоглитазон.

Ба унвони як асли асосӣ, дармони доруи диабети навъи II  бо Метформин шурӯъ мешавад ва миқдори (дозаи ) он ба тадриҷ то ҳудуди 2000 - 2500 мг дар рӯз изофа мешавад. Чунон, ки пас аз 4 то 6 ҳафта қанди хуни бемор то ба миқдори дар ҳадаф буда коҳиш наёбад, дуввумин доруе, ки ба дорухатти беморон изофа мешавад қурси Пиоглитазон  хоҳад буд. Бино бар асоси тибби исботшуда (Evidence-based-medicine) дар марҳалаи аввали дармони диабети навъи II , муқовимат ба инсулин, ки мушкили аслӣ мебошад, бояд тавассути доруи Метформин ё Метформин бо ҳамроҳи Пиоглитазон ислоҳ шавад. Агар  муддате пас аз талош ва пайгирӣ, ин ду дору дар дармони диабет муассир набуданд, дар марҳалаи баъдӣ доруи сеюм ба ин ду дору изофа мешавад. Чунон ба назар мерасад, ки дар кишвари Тоҷикистон ва дар дорухатҳои ҳамкорони табиб, ин доруи калидӣ, ки қудрати таъсири бисёр матлуб дорад ва қиматаш нисбат ба доруҳои ҷадиди диабет низ бисёр арзонтар мебошад аз назар дур мондааст[1,2,3,4,5].

Равиши таҳқиқ (Materials and method)

Ба манзури баррасии сатҳии иттилооти ҳамкорони табиб аз доруи қадимӣ ва шинохташудаи Пиоглитазон, 135 бемори мубталои диабетинавъи II,  ки ба шўъбаи диабетологии Клиникаи Байналмиллалии Ибни Сино дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуданд, ба таври тасодуфӣ (random) ва ба суръати пай да рпай (consecutive) ба мутолиа ворид шуданд. Ин мутолиаи оянданигар (prospective) ва мушоҳидавӣ (observational), дар фосилаи солҳои 2018-2019 ба анҷом расид. Дар ин мутолиа, аввал хусусиятҳои эпидемиологии беморон ба мисоли: син, ҷинс, нажод, вазъи оилавӣ, синни мубталошавӣ ба бемории диабет ва тўли муддати диабет ва ҳамроҳии соири риск – факторҳои синдроми метаболикӣ (фишори хуни боло, дислипидемия), қад, вазн, ва индекси вазни бадан (BMI) баррасишуданд. Пас аз такмили иттиолоти асосӣ, тамоми дорухатҳои қаблӣ ва доруҳои масрафшудаи хӯрокии зиддидиабет дар ҷараёни мусоҳибаи дақиқ, ки тавассути пизишки эндокринолог ба анҷом расид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иттилооти ҷамъовардашуда бо истифода аз бастаи омории SPSS навъи 25 мавриди таҷзияву таҳлил қарор гирифт. Натиҷаҳои миқдорӣ (quantitative) ба сурати Mean±SD ва range ва параметрҳои категориявӣ ба таври % (percentage) гузориш шуданд.

Натиҷаҳо (Results)

Аз маҷмўи 135 бемор, 58 нафар (43%) мардва 77 нафар (57%) зан буданд. Синни миёнаи беморони мубтало ба диабет 58±12 сол бо ҳудуди синнашон аз 32 то 85 сола ва тӯлонияти муддати гирифторӣ ба диабет 7±6.1 сол ва бо доманаи аз 1 то 22 сол ба даст омад. 75%-и беморон фишори хуни баланд ва 65%-и беморон ихтилоли чарбии хун доштанд. Дар мутолиаи ҷузъ ба ҷузъи дорухатҳои мавҷудбуда ва баррасии шифоҳии доруҳои масрафшудаи қабли, 30%-и беморон дармони диабетро бо Метформин, 20%-и беморон бо Глибенкламид, 22%-и беморон бо Амарил, ва боқимондаи онҳо аз Ситоглиптин, доруҳои гурӯҳи Глифлозин ё таркибе аз ин доруҳоро истифода карда буданд. Аз маҷмўи 135 бемори гирифтори диабет, ки солҳо ба табиби эндокринолог муроҷиат намудаанд, фақат 1 нафар бемор , яъне 0.4%-и беморон собиқаи масрафи Пиоглитазонро дар табобати пешинаи худ доштанд, ки дар баррасиҳои бештар мушаххас гардид, ки ин ҳам 1 нафар беморе буд, ки дар Ҳиндустон ба пизишки эндокринолог муроҷиат карда дар онҷо дорухат бо иловаи қурси Пиоглитазонро доро мегардад [Table 1,2 ].

 

 

 

Мардон

Занон

Синни миёнаи беморон

Тӯли муддати гирифторӣ ба диабети қанд

Теъдоди беморон:

135 нафар

58 нафар

(43%)

77

нафар

(57%)

58±12 сол

Ҳадди синнӣ (32-85) сол.

Бештарин синни шурӯъи беморӣ 58 солагӣ

8.1±6.5 сол

Ҳадди муддати беморӣ (1-22) сол.

Бештарин синни шурӯъи беморӣ # 1 сол

 

 

Ҷадвали 1. Иттилооти тавсифии гурӯҳи мутолиашуда

 

 

 

 

Metformin ба унвони интихоби якум

Glibenclamide,

Gliclazide ва

Amarуle ба унвони интихоби якум

Gliptins ва Gliglozines ба унвони интихоби якум

Pioglitazone ба унвони интихоби якум

Теъдоди беморон

135

41 нафар

 

(30%)

58 нафар

(43%)

12 нафар

(9%)

1 нафар

(0,4%)

 

 

Ҷадвали 2. Дарсади доруҳои мухталифи зиддидиабети истифодашуда дар Тоҷикистон.

 

 

Баҳс (Discussion)

Диабети навъи II, як бемории генетикӣ аст, ки дар баробари баъзе омилҳои муҳити атроф, масрафи ғизоҳои пурҳаҷм, истеъмоли рӯзмарраи хурокҳои тезтайёр, бетаҳаррукии ҷисмӣ, стресси дарозмуддати шуғлӣ бахусус камхобӣ (sleep debt) ва ё бадхобӣ (дер хобравӣ) пайдо мешавад. Диабети навъи II  дар ҳақиқат марҳилаи охирини як фоҷиаи ҷаҳонӣ таҳти унвони Синдроми метаболикӣ мебошад. Синдроми метаболикӣ иборат аст аз маҷмӯаи ихтилолоте, ки беморро даст дар даст дар синни 40-50 солагӣ ба тарафи бемории диабет, гирифтории рагҳои дил ва сактаи қалбию мағзӣ пеш мебарад. Синдроми метаболикӣ иборат аст аз фарбеҳии шикам, фишори хуни баланд, ихтилол дар миқдори чарбиҳои хун ва дар охир диабети навъи II. Сабаби Синдроми метаболикӣ бо ҳамаи ихтилолоти сершумораш дар як нуқтаи илмӣ хулоса шудааст ва он пайдоиши  муқовимати ҳуҷайраҳои бадан ба асари ҳормони инсулин яъне «Insulin resistance» мебошад. Бадани инсон барои мубориза бар зидди ин нуқси генетикӣ фақат як роҳро мешиносад ва он тавлиди бештари инсулин тавассути β-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда (ҷазираҳои Ланҳерганси ғадуди зери меъда) мебошад. Дар натиҷа  тарашшуҳи зиёди инсулин, ки «hyperinsulinemia» номида мешавад ба амал меояд.

Афзоиши вазн ва бахусус фарбеҳии ноҳияи шикам, стеатози ҷигар, фишори хуни баланд, ихтилолот дар чарбиҳои хун ва дар ниҳоят диабети навъи II,  њамагӣ бар сабаби ҳамин пуринсулинии бадан мебошанд.  Бо ин тавсиф метавон гуфт, ки сабаби диабети навъи II  на камбудии инсулин дар хун, балки боздошти  посухи ҳуҷайраҳои бадан ба инсулин аст, яъне «Insulin resistance». Вобаста ба ин механизм, доруҳои аслии дармони диабети навъи II, он гурӯҳ доруҳое ҳастанд, ки бояд  муқовимати ҳуҷайравӣ  бар инсулинро дармон кунанд. Дақиқ маълум гардидааст, ки дар байни зиёда аз 30 навъ доруи бемории қанд, ки дар давохонаҳо мавҷуд аст, фақат Метформин ва дар марҳилаи дуввум Пиоглитазон давоҳое ҳастанд, ки таъсири онҳо ба воситаи ислоҳи муқовимати бадан ба инсулин мебошад. Бақияи доруҳо ҳамагӣ аз механизмҳои мутафовити дигар,  асароти зидди диабетии худро нишон медиҳанд. Аз ин ду доруи шинохташудаи қадимӣ ва ҳамзамон арзон, Метформин каму беш дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, албатта на дар ҷойгоҳи дақиқи худ ва аксаран на дар миқдори кофӣ. Аммо он чизе, ки қобили таваҷҷӯҳ аст беиттилоъ  будани тамоми афкори умумӣ ва ҳам ҳамкорони табиб аз доруи дуввуми ин гурӯҳ  яъне Пиоглитазон мебошад. Ҳайратовар аст, ки дорухонаҳо ва дорухатҳои беморон пур аз доруҳои ба истилоҳ «ҷадид»-и диабет аст, ки маъмулан доруҳои камтаъсир ва камхосият, аз ҷиҳати таъсири дарозмуддатӣ  исботнашуда ва бисёр гаронқиммат мебошанд. Дар  «сабад»-  и доруии беморони диабети навъи II  дар Тоҷикистон то ҳар қадаре, ки хоҳед аз доруҳои гаронқиммат ва ҳанўз ношинохта мисли Янувия, Зептин, Зипмет, Галвус, Галвус Мет, Гварденс ва Фарксига бо он қимматҳои ваҳшатнок дида мешавад, аммо аз қурси калидӣ ва арзонқиммат яъне Пиоглитазон ҳеҷ нишоне нест. Тааҷҷуб хоҳед кард агар бигўем, ки доруҳои зидди диабет ҳарчи ҷадидтар кашф ва арза шудаанд, камхосияттар аз доруҳои қадимӣ ва ба таври боварнакарданӣ гаронтар ҳастанд. Ба унвони мисол Метформин, ки ҷузъи арзонтарин доруҳои диабет ва калидитарини онҳо дар дармони ин беморӣ аст, ҳемоглобини A1c (қанди миёнаи чандмоҳа)-ро 1.5 то 2% коҳиш медиҳад, дар ҳоле, ки ду гурӯҳ доруҳои ҷадид яъне Зептин, Галвус ва Гварденс фаќат 0.5 то 0.8% қанди миёна (HbA1c)-ро коҳиш медиҳад. Тааҷҷуб мекунед агар бигӯем, ки қиммати ин доруҳои ҷадид 30 баробари қиммати Метформин аст. Яъне ба ҷои як қутии 30 ададии Галвус ё Гварденс метавон 1000 дона қурси Метформини 1000мг-и харидорӣ намуд. Ин нуктаи бориктар аз мӯй, чизе нест магар кулоҳбардориҳои ширкатҳои дорусозӣ. Чунин ба назар мерасад, ки доруҳои арзонқиммат мисли Метформин алорағми тамоми бартариҳои мавҷуд, кофӣ барои пур кардани ҳисобҳои молии он ширкатҳо нест. Агар бихоҳем, ки доруҳои зидди диабети мавҷуд дар пизишкиро аз назари қудрати асарашон радиф кунем чунин хоҳад буд:

 

Метформин, Глюкофаж

Гликлазид, Глимепирид (Амарил)

Пиоглитазон

Ситаглиптин (Янувиа, Зептин), Вилдаглиптин(Галвус)

Эмпаглифлозин (Гварденс), Дапоглифлозин (Фарсига)

ҳоло агар бихоҳем, ҳамин доруҳоро аз назари қиммат аз гаронтарин ба арзонтарин радиф кунем, комилан баръакс хоҳад шуд:

Эмпаглифлозин (Jardiance), Депаглифлозин (Фарсига)

Ситаглиптин (Янувиа), Зептин, Галвус

Пиоглитазон

Метформин, Глюкофаж

Гликлазид, Глимепирид (Амарил)

Новобаста аз таблиғотњои каркунандаи ширкатҳои доруӣ, ҳамкорон бояд бидонанд, ки Метформин ҳанӯз ҳам бемислтарин доруи зидди диабет аст, ки ғайр аз қанди хун, тамоми аворизи (оризаҳои) диабети навъи II, фарбеҳӣ, стеатози ҷигар, ихтилоли чарбиҳои хун ва дар ниҳоят гирифтории атеросклерозии рагҳои қалбро низ беҳбуд мебахшад. Дар канори Метформин, Пиоглитазон бо миқдори кучаки аз 7.5мг то 15мг дар рўз на танҳо муфидтарин дору барои коҳиши ќанди хун аст, балки  яке аз беҳтарин авомили  доруӣ барои дармони ихтилол дар чарбиҳо ва инчунин стеатози ҷигари беморони диабетӣ низ хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки Пиоглитазон бо миқдори болотар аз 30мг дар рӯз метавонад боиси варам ва андаке изофаи вазн шавад. Ин мушкилӣ  бо миқдори 7.5мг то 15мг дар рӯз аслан пайдо намешавад. Аз ин лиҳоз хуб мешавад  вақте ки Пиоглитазонро тавсия мекунед, як ваъдаи пешакӣ аз бемор оиди риояти режими бенамак бигиред.

Қиссаи иртиботи Pioglitazone бо саратони масона низ, ки як дурӯғи таблиғотии ширкатҳои дорусозии доруҳои ҷадид буд,  баъд аз муддате ба дасти фаромўшӣ супорида шуд. Агар китобҳои аслии пизишкӣ яъне ба мисоли Harrison ва Cecil ро нигоҳ кунед хоҳед дид, ки доруҳои зидди диабетии пизишкӣ дақиқан бо ҳамон шакле, ки дар мақола табақабандӣ шуданд, муаррифи мешавад.Ҷадвали доруҳои хӯрокии зиддидиабет, аз ҷумла Thiazolidinediones (Pioglitazone ва Rosiglitazone) дар китобии “Тибби дохилии Harrison’s”, ки китоби маъхаз дар ҳамаи донишкадаҳои тибби дунё мебошад, дар зер оварда шудааст. Агар хуб диққат кунед, мебинед, ки қудрати таъсири ин дору аз ҳамаи доруҳои ҷадид ва гаронқиммати зиддидабет бештар аст. Нуктаи муҳим ин ҷост, ки ин дору мисли Метформин, диабети намуди II-ро аз реша табобат мекунад ва нуқсони асосиро, ки муқовимати бадан ба инсулин мебошад, ислоҳ менамояд. Бояд бигӯям, ки ҳамаи оризаҳое, ки барои Pioglitazone гуфта мешавад дар миқдорҳои болотар аз 15мг рӯзонаро дар бар мегирад. Бинобар ин миқдорҳои аз 15мг болотари дору тавсия дода намешавад. [Table 3].

 

 

 

 

 

 

                                                                                                                                                                                       

Ҷадвали 3. Рӯйхати доруҳои хӯрокии зиддидиабет, ки мавриди қабули охирин чопи китоби Harrison (2018) мебошад. 

Яке аз ҳадафњои  ин мутолиа, баррасии тўли муддати гирифтор будан ба бемории диабет буд. Ҳамин тавр аз натиҷаҳои нишондодашуда дар ҷадвали 1 дида мешавад, ки муддати мубталошавӣ ба диабет аз 1 то 22 сол ба даст омад бо баррасии 'MODE' (дар ин робита адади 1 солро нишон дод). Мазмуни ин дарёфт ин аст, ки бештари теъдоди беморони муроҷиаткунанда камтар аз як сол пас аз гирифторӣ ба диабет муроҷиат намудаанд. Ин як нишондиҳандаи хуб аз огаҳии мардум ва таваҷҷӯҳи онҳо ба муроҷиати саривақтӣ барои пайгири ва дармони диабет мебошад.  Ин як нуктаи зарифест, ки метавонад бароҳандозии шўъбаи эндокринологӣ ва метаболизм дар Бемористони Байналмиллалии ибни Сино дар шаҳри Душанбе бошад[1,2,3,4,5].

Натиҷагирии куллӣ (Conclusion)

Мутолиаи пешорўи Шумо нишон медиҳад, ки ба таври  таҳаммулнопазир, доруи Пиоглитазон, ки дар кулли дунё ҳанўз ба унвони доруи дуввум баъд аз Метформин дар дорухатҳо навишта мешавад, дар кишвари Тоҷикистон ношинохта монда ва мавриди истифода қарор намегирад.

Мо умедвор ҳастем  бо ин мутолиа боби наве (арзандае) дар дармони бемории диабети навъи II  кушода шавад ва беморон бо ҳазинаи камтар асароти дармонии беҳтаре аз доруҳо дошта бошанд.

Тазоди манофеи нависандагон (Conflict of interests)

Нависандаи масъули ин мақола даъво дар ин заминаро рад мекунад.

Қадрдонӣ ва ташаккурот (Acknowledgment)

Аз кўмакҳои пайвастаи бедареғ ва ҳамаҷонибаи идораи раёсати мӯҳтарами Бемористони ибни Сино, ҷаноби Абдухалил Холиқзода сипосгузорӣ менамоем.

Ба худ лозим медонем, ки аз ҳамаи беморони мубталои диабети навъи II, ки дар анҷоми ин таҳқиқот бо гурӯҳи мо ҳамкории самимона доштанд мамнун ва сипосгузор бошем.

Барои анҷоми кори таҳқиқотӣ, ҳеҷ навъ кўмаки молӣ аз ҳеҷ як созмон ё муассисаи доруӣ ё хайриявӣ дарёфт нагардид.

Манбаъҳо ва маъхазҳо (References)

1-Waugh J, Keating GM, Plosker GL,etal. Pioglitazone: a review of its use in type 2 diabetes mellitus. Drugs. 2006;66(1):85-109

2-Pfutzner A, Forst T. Pioglitazone: an antidiabetic drug with the potency to reduce cardiovascular mortality.Expert Opin Pharmacother. 2006 Mar; 7 (4 ) : 463-76

3-Schondorf T,  Pfutzner A, Lubben G, etal. Pioglitazone improves metabolic markers in patients with type 2 diabetes: results from IRIS study. J Diabetes Sci Technol. 2008 Mar; 2(2):244-9

4-Fahmida Alam, Asiful Islam, Imran Ahmad et al. Efficacy and safety of pioglitazone monotherapy in type 2 diabetes mellitus:A systematic review and meta-analysis of randomized controlled trials. Scientific Reports 2019. 5389

5-untram Schernthener, Craig J. Currie, Gerit- Holger Scherenthener. Do we still need pioglitazone for the treatment of type2 diabetes? A risk-benefit critique in 2013

ФОТО

 

ВИДЕО