БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ОКСАЛАТУРИЯ ЧИСТ?

Мудири бахши урологии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Аминов Мубин.

 

Оксалатурия бемориест, ки бо болоравии туршии шавел (намаки оксалат) дар пешоб зоҳир мешавад.

Истеъмоли нодурусти хӯрок, ки боиси баландшавии ғилзати туршии шавел дар бадан мешавад,  метавонад аз сабабҳои пайдоиши оксалатурия гардад.  Дар сурати саривақт табобат нашудан, ин беморӣ муҷиби пайдоиши санг дар организм мешавад, ки таркибаш шавел ва калтсий дорад. Ин беморӣ вобаста ба сабаби пайдоиш ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

1. Аввалия

2. Сонавия

Оксалатурияи аввалия хусусияти ирсӣ дошта, дар натиҷаи норасоии ферменти α-КГГК рух медиҳад, ки боиси зиёд хориҷшавии оксалат аз гурда мешавад.

Оксалатурии сонавия бошад, бар асари бемориҳои узвҳои ҳозима, ки ба норасоии витаминҳои В1 ва В6 боис мешаванд, пайдо  мегардад.

Бемориҳое, ки боиси зуҳури оксалатурия мешаванд, инҳоянд: диабети қанд, захми меъдаву рӯда, ихтилоли мағзӣ, илтиҳоби музмини масона ва гурдаҳо, собиқаи ҷарроҳӣ дар узвҳои сисеми пешоб ва ихтилол дар мубодилаи моддаҳо.

Оксалатурия дар кӯдакон бар асари кори нодурусти рӯдаҳо пайдо мешавад.  Аммо кори нодурусти рӯдаҳо ё  дар натиҷаи патологияи модарзодии меъдаву рӯда ва ё бар асари истеъмоли нодурусти хӯрок метавонад  бошад.

Нишонаҳои ин беморӣ дар кӯдакон то синни 6-солагӣ возеҳ нестанд ва беморӣ дар ин син ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ ифшо мешавад. Дар синни мактабӣ нишонаҳои аввал,  ба мисли дарди кӯтоҳмуддате дар камар ва шикам, зуд-зуд тақозои пешоб намудан, зуд-зуд беҳолу бемадор шудан ва аҳёнан халаи гурда пайдо мешаванд. Дар синни балоғат  бошад, нишонаҳои беморӣ дар марҳилаи аввал алаккай возеҳанд: зуд-зуд халаи гурда, камшавии миқдори пешоби шабонарӯзӣ ва тағйирёбии ранги пешоб ва дар марҳилаи охири беморӣ бошад,  баъзан қабзи пешоб, ки оксалатурия ба санг мубадал мешавад, мушоҳида карда мешавад. Вақте ки мубталоёни оксалатурия табобат намегиранд,  дар гурда санг пайдо мешавад ва ин санг дар дохили гурда доимо ҳаракат намуда, деворҳои гурдаро мехарошад ва дар гурда бофтҳои бегона пайдо мешаванд, ки боиси норасоии фаъолияти кори гурдаҳо мешавад.

Табобати ин беморӣ  мисли дигар бемориҳо ба риояти истеъмоли хӯрок бастагӣ дорад. Ин беморон набояд маводи мева ва сабзавоти дорои мизони болои  оксалатро истеъмол намоянд. Маводе, ки оксалати зиёд доранд инҳоанд: какао, шоколод, туршак (шавел), ревоҷ, ҷаъфарӣ, помидор, сабзӣ ва чойи талх.  Мубталоён бояд маводи дорои мизони поини оксалатро кабул намоянд. Аз ҷумлаи онҳо инҳоянд: бодинҷон, занбурӯғ ё қорч, гулкарам, бодиринг, нахӯд, каду, зардолу, муз (банан), зиришк... . Хӯрдани гӯшт, оби гӯшт (бульон) ва моҳӣ, ҳасиб, консерва,  сабзавот ва меваҳои турш, нушокиҳои спиртӣ, каҳва ва маҳсулоти ширӣ манъ аст. Дар сурати пайдо шудани  кристалҳои оксалатӣ дар гурда ва маҷрои пешоб бояд доруҳои шулкунанда ва пешобовар исеъмол намоянд. Ҳамчунин истеъмоли магний ва калтсий тавсия дода мешавад, ки аз таҳшиншавии оксалатҳо пешгирӣ менамоянд. Дар бемороне, ки оксалатурия бар асари норасоии витамини В6 пайдо шудааст, истеъмоли қурси витамини В6 тавсия дода мешавад. Хоҳишмандони дармони беморӣ метавонанд барои маълумоти пурра ва табобат ба бемористони Ибни Сино муроҷиат намоянд.

ФОТО

 

ВИДЕО