БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЧӢ ГУНА ВА ЧӢ МИҚДОР БАДАНРО БОЯД ШУСТ?

Мудири бахши физиотеропии

Бемористони Ибни Сино,                                                                 

доктор Каримов Муҳибулло Маҳмадалиевич.

 

Дар гузаштаи на он қадар дур, ҳатто шоҳони аврупоӣ низ танҳо чанд маротиба дар як моҳ худро мешустанд.  Албатта имрӯз меъёрҳои гигиенӣ тағйир ёфтаанд. Зеро қариб барои ҳамаи афрод  души ҳар рӯза ба меъёр табдил ёфтааст. Ҳоло мо ин масъаларо ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард.

 Саволе мубраме, ин ҷо дар зеҳнҳо пайдо мешавад ин аст, ки оё шустани ҳаррӯзаи бадан зарур аст?  Албатта ин назария низ ”тарафдор” ва “муқобил” ҳои худро дорад.

Маъмулан ҳафтае 2 маротиба шустушӯи бадан бо истифода аз шомпун ва собун тавсия мегардад. Аммо аз маводди кимиёвӣ набояд сӯиистифода шавад. Бу вуҷуди ин, тез тез шустани бадан метавонад таъсироти зараровар низ дошта бошад. Зеро маводи кимиёвии мавриди истифода, тавозуни кислота-ишқорҳоро вайрон мекунанд ва ин, дар навбати худ масуниятро коҳиш дода, ба сироятҳои гуногуни пӯст роҳ мекушояд. Илова бар ин, афроди зиёде имрӯз аз норасоии витамини D азият мекашанд. Ин витамин бештар дар пӯст шакл мегирад ва души зуд-зуд ва ваннаҳо онро шуста мебарад.

Умуман миқдори шустушӯи бадан аз хусусиёти инфиродии он вобастагӣ дорад.. Масалан, ба одамони дорои навъи мӯйи равғанӣ лозим аст, ки мӯйҳои худро ҳафтае ду маротиба ё зиёдтар бишӯянд. Аммо афроде, ки бо кори вазнин машғуланд ва ҳангоми кор зиёд арақ мекунанд ё  нафароне, ки ба машқҳои вазнини варзишӣ машғуланд, бояд ҳар рӯз шустушӯ кунанд, аммо ҳангоми шустан набояд ҳаррӯз собун ё дигар маводҳои кимиёвиро истифода баранд. Бо ин роҳ, шахс таъсири маҳсулоти гуногуни кимиёвиро ба бадан кам мекунад ва витамини D-ро ҳам то ҳадди зарурӣ ҳифз менамояд.

Инчунин, қабати болоии пӯст аз кислотаҳои органикӣ, равғани пӯст ва боктериҳо иборатаст. Он моро аз таъсироти беруна, микробҳои зарарнок ва аз хушкшавии пӯст муҳофизат мекунад. Шустани зуд-зуд бошад, системи масъуниро халалдор мекунад, пӯст хушк шуда, бо мурури замон шахшул мегардад ва дар он нишонаҳои пиршавии бармаҳал пайдо мешаванд. Пӯсти ҳифз нашуда, ба сироятҳо бештар осебпазир аст ва баъди ҳар шустан, барои барқарор кардани хусусиятҳои муҳофизатии он ҳаддиаққал 8-10 соат лозим аст.

Пас чӣ бояд кард, агар пӯст пас аз душ хушк шавад?

Дар ин ҳолатҳо аз истифодаи гел ва собун худдори намоед.Беҳтар мебуд аз маводҳои тозакунанда - синдетҳо истифода баред. Ин маводҳои шустушӯӣ дар таркибашон ишқор надоранд ва дорои миқдори зиёди кислотҳои равғанозоданд ва аз равғанҳои табиӣ истеҳсол шудаанд, ки ҳангоми шустан хушк шудани пӯстро пешгирӣ мекунанд ва рН-и дурустро дар пӯст нигоҳ медоранд. Баъд аз ҳар як шустушӯ, маҳлулҳои ширию равғании маҳинкунанда истифода баред. Ин маводҳо пӯстро нарм нигоҳ дошта, онро аз хушкшавӣ муҳофизат мекунанд.

Барои шустани мӯй беҳтар аст аз оби пешакӣ тайёршуда истифода баред. Барои бехлоргардонии об, онро аввал ҷӯшонида каме сирко ё кислотаи лимӯ илова кунед. Маводҳои шустушӯии сару бадан бояд бо pH 5,5 интихоб шаванд, ё ин ки ба истифодаи  маводҳои гигиенаи кӯдакона бартарӣ диҳед. Ҳангоми оббозӣ кунонидани кӯдакон метавонед аз равғанҳои обнармкунанда истифода баред.

Бобати миқдори шустушӯи бадан, ба одамони аз 20 то 50 сола тавсия дода мешавад, ки дар як ҳафта се маротиба шустушӯ кунанд. Ва барои онҳое, ки синнашон аз 50 боло аст, як маротиба шустани бадан тавсия мегардад, зеро бо пиршавӣ пуст хушк мешавад ва душ вайро боз ҳам хушктар мекунад.

Бобати чӣ замон шустани бадан низ назарҳо гуногунанд.

Барои мисол “Души субҳ боқимондаи хобро аз тан бадар мекунад ва души шом мондагиро бартараф ва баданро ором мегардонад. "

"Души шомгоҳон бошад пӯстро гарм карда, барои хоби зуддтар кумак мекунад. Аммо муйро бояд комилан хуш кард, чаро ки хобидан бо муйи тар ба фолликулаҳои муй зарар мерасонад. Бартарии дигари души шомгоҳӣ дар он аст, ки дар давоми рӯз ҷисми мо, хусусан мӯй, намудҳои гуногуни аллерген ва доғҳоро гирд меорад, Агар шумо бо ҳамаи инҳо ба хона омада, душ накарда  хоб равед, шумо метавонед ҳам дар фасли зимистон ва ҳам дар мавсими хуруҷи аллергияҳои мавсимӣ мушкилии бузурге дошта бошед.”

Инчунин вақте, ки намии ҳаво паст мешавад, алахусус дар фасли зимистон, пӯсти хушк ба як мушкили ҷиддӣ мубадал мешавад. Аз ин рӯ, дар ин ҳангом аз души ҳаррӯза худдорӣ кунед. Истифодаи маводҳои  пустнармкунандаро ​​низ фаромӯш накунед."

Барои саломатии бадан чи беҳтараст ванна ё душ?

Ваннаи гарм, сабабҳои пайдоиши диабети қандро пешгирӣ карда, фикрро ором мекунад ва ҳатто раванди пиршавиро низ суст мегардонад. Аммо дар ин амали гуворо дигар хусусиятҳои муфид низ мавҷуданд. Ҳангоми гирифтани ванна, баданро пурра зери оби гарм кардан бисёр муҳим аст. Танҳо сар бояд аз об берун бимонад. Ваннаи гарм, инчунин сатҳи қанди хунро ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардонад ва гардиши хунро беҳтар мекунад. Ғайр аз ин, оби гарм барои кам кардани ҳормонҳои истрессӣ дар бадан кӯмак мекунад ва ҳамин тариқ онро ҷавон менамояд.

Гирифтани душ бошад, назар ба ванна дуюмдараҷа буда, хусусияти оромкунанда ва истресс бартарафкунии баданро дорост.

Умуман бояд дар хотир дошт, ки об танҳо як  омилест ва ба воситаи он  барангезандаҳои гуногун (ҳароратӣ, механикӣ, кимиёвӣ) ба пӯсти инсон таъсир мерасонанд. Дар навбати худ, пўсти инсон як майдони калони ретсепторист, ки ин барангезандаҳоро ҳис мекунад. Оби хунук таъсири тонусббаландкунанда ва барангехташавӣ дорад ва оби гарм бошад ба пӯст таъсири оромбахшӣ дорад. Давомнокии истифодаи душ ва ванна набояд аз 15-20 дақиқа зиёд шавад.

ФОТО

 

ВИДЕО