БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ФАРҲАНГИ САЛОМАТӢ

Пизишки умумии бемористон,

доктор Ҳамроалиева Ноҳида.

 

Солим будан фақат ба маънии набуди беморӣ нест, балки беҳбудии комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ ҳам ҳаст. Афроди зиёде мехоҳанд мушкилоти саломатии худро бо истеъмоли як қурс (дору) бартараф кунанд. Мардум торафт бештар аз содатарин (аммо на муассиртарин) роҳу равиш, яъне рафтан ба дорухона ва харидани дору истифода мекунанд.

Ба ҷои он ки назди пизишк бираванд, ба ҳамин содагӣ мехоҳанд қурсеро истеъмол намоянд. Бахусус, агар дору як бор  кӯмак кунад ва ба истифодаи беназорати он давом диҳанд, фикр мекунанд ҳатман бори дигар ҳам кӯмак хоҳад кард. Бо мурури замон, ин кор табдил ба як одат мешавад ва одамон ба истеъмоли торафт бештари маводи доруворӣ шурӯъ мекунанд.

Фаъолияти инсон ба вазъи саломатӣ ва меъёри истифода аз иқтидори равонию физиологии бадан вобаста аст. Тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон дар доираи васеъи ҳаёти иҷтимоӣ низ аз саломатии ӯ сарчашма мегирад. Саломатӣ на танҳо барои ҳар як инсон, балки барои тамоми ҷомеа ганҷи бебаҳо мебошад. Тандурустӣ шарти асосӣ ва кафолати зиндагии комил аст. Тандурустӣ, ки онро худи инсон оқилона ҳифз ва тақвият намуда метавонад, ба ӯ умри тӯлонӣ ва фаъолро таъмин менамояд.

Омилҳое, ки тарзи ҳаёти солимро муайян мекунанд, инҳоянд: фазои корӣ ва истироҳат, ғизои хуб, хоби солим, варзиши мушакҳо, тобовар кардани бадан, тарки одатҳои бад, донистани қоидаҳои беҳдоштӣ бо назардошти шароити муҳити зист, фарҳанги муоширати байни фардӣ, рафторҳои ҷинсӣ, танзими равонию физикӣ.

Эътиёд (вобастагӣ) ба маводи доруворӣ  аз истифодаи нодурусти дору ва худдармонӣ бармеояд. Дар натиҷаи худдармонӣ ду роҳи мӯътод (вобаста) шудан ба дору вуҷуд дорад.

Якум истифодаи маводи доруворӣ, ки танҳо ба нишонаҳои беморӣ таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат эътиёд ба доруҳои таскинбахш, доруҳои карахткунандаи асаб, доруҳои ғамбарору зидди афсурдагӣ пайдо шуда метавонад. Маъмулан, бо ин доруҳо дарди сар, дардҳои мафосил (мушак), бехобӣ, шиддати ваҳм ва ғайраҳоро табобат мекунанд. Ин қурсҳо танҳо нишонаҳои шадиди бемориро сабук мекунанд, аммо ба сабаби асосии беморӣ таъсир намерасонанд.

Дуввум истифодаи худсаронаи доруҳое, ки ба раванди мубодилаи моддаҳо дар бадан таъсир мерасонад. Ин навъи эътиёд ба дору боз ҳам ҷиддитар аст.  Маводи доруворӣ ба бахше аз метоболизм ё мубодилаи моддаҳо дар бадан табдил меёбад ва қатъи истеъмоли он боиси "алоими тарккунӣ " ба мисли тарки маводи мухаддир мегардад. Инчунин истеъмоли беназорати маводи доруворӣ ба узвҳо, хусусан, ба ҷигар ва гурдаҳо асар мекунад, ки боиси паёмадҳои ҷиддӣ мегардад.

Аз ин сабаб пеш аз истеъмоли дору,  ҳатман бояд бо пизишк машварат кард. Пизишк доруро ба миқдори дурусту зарурӣ таъин мекунад, ки дорои асароти  табобатӣ ва безарар ба саломатӣ  мебошад. 

Дар хулоса бояд гуфт, ки тандурустиро танҳо бо истеъмоли маводи доруворӣ нигаҳ доштан ғайриимкон аст. Хеле муҳим аст, ки фарҳанги саломатиро бо тарзи зиндагии дурусту оқилона риоят кунем ва маводи дорувориро ҳатман бо тавсияи пизишкон истеъмол намоем!

ФОТО

 

ВИДЕО