БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Одоби аёдати бемор дар бемористон

Маъмулан вақте яке аз пайвандонамон дар бемористон бистарӣ мешавад, мехоҳем ҳамеша канораш бошему аз ӯ муроқибат кунем ва зуд-зуд ба дидораш биравем. Боздидкунандагон дар раванди беҳбуди бемор нақши муҳиме доранд ва бо ҳузур ва дилдории худ ба беморон кӯмак мекунанд, то зудтар шифо ёбанд.

Бо ин ҳол, аёдаткунандагон набояд фаромӯш кунанд, ки аёдати беморон дар бемористон қонуну қоидаҳои махсус дорад ва бояд онҳоро риоят кард.

Боздидкунанда сараввал қоидаҳои беҳдоштиро (санитариро)  бояд риоят кунад. Бемор ҳангоми бистарӣ шудан системи эмании (имунная система) заъиф дорад ва бинобар ин бояд бо либос ва дасту рӯи тамиз ва моск вориди утоқ шуд. Аз бо даст салом кардан, бӯсидан ва оғӯш гирифтани бемор бояд худдорӣ кард.

Пеш аз ҳама бояд ба фикри саломатии бемор ва ҳамутоқиҳои дигари ӯ буд, на ба фикри худнамоӣ ва ё иҷрои қарзи аёдат. Зимни аёдат тавре бояд рафтор кард, ки ҳамутоқиҳои беморро бо ҳузури худ нороҳат насозед. Бо садои баланд сӯҳбат кардан ва ба муддати тӯлонӣ пеши бемор нишастан метавонад бемор ва ҳамутоқиҳои ӯро нороҳат ва хаста кунад. Қабл аз вуруд ба утоқи бемор телефони мобилиро бояд хомӯш нигаҳ дошт. Аёдат бояд кӯтоҳ ва муфид бошад.

Вақту соати таъиншуда барои боздиди бемор ва қонунҳои дигари бемористонро бояд қатъан риоят кард. Кори пизишкон ва истироҳати бемор набояд халалдор шавад.

Бурдани хӯрок ва лавозимоти дигар бояд бо мувофиқаи пешакӣ ва тавсияи масъулини бемористон ва худи бемор ё наздикони ӯ сурат бигирад. Маврид ба зикр аст, ки дар Бемористони Ибни Сино доруҳо, хӯрок ва васоили тахти хоби бемор аз рӯзи бистарӣ шуданаш аз ҷониби бемористон таъмин мешавад. 

Аз рафтан ба аёдати бемор худдорӣ кунед, вақте худ бемор ҳастед ва ё ҳатто сармохӯрдагии маъмулӣ доред. Риояти ин қоида барои ҳифзи саломатии Шумо ва ҳам бемор бисёр муҳим аст.

Бисёре аз хешовандони бемороне, ки дар бахши эҳё бистарӣ мешаванд, аз он нигаронанд, ки чаро пизишкон намегузоранд бемори худро пас аз амали ҷарроҳӣ бубинанд. Албатта, ташвишу нигаронии онҳо қобили дарк аст, аммо бояд гуфт, ки бахши эҳё ё утоқҳои пас аз амали ҷарроҳии бемористон қоидаҳои қатъӣ дорад. Бемороне, ки дар ин бахш қарор доранд, лаҳзаҳои сарнавиштсози умрашонро паси сар мекунанд. Одатан ҷисми онҳо пас аз амали ҷарроҳӣ заъиф ва вазъи саломаташон вахим мешавад. Ҳатто баъзе аз онҳо муддати тӯлонӣ зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор мегиранд.  Аз ин рӯ ниёз ба муроқибати вижа ва оромиши комил  доранд. Ин бахш аз лиҳози беҳдоштӣ (санитарӣ) комилан пок аст ва вуруди афроди ғайр ба ин макон метавонад барои сиҳатии беморон хатарзо бошад. Ҳеч сироят ва уфунате набояд ба бахш роҳ ёбад, то саломатии бемор зери хатар қарор нагирад. Беморон шабонарӯзӣ зери назорати пизишкон ва дигар масъулони навбатдори бемористон қарор мегиранд. Наздикони маризонро лозим аст дар ин ҳолат пеш аз ҳама оромиши худро ҳифз кунанд, ба таҳлука наафтанд ва то замони интиқоли бемор ба утоқи умумӣ аз роҳи тамос бо пизишкон аз аҳволи ӯ бохабар шаванд. Риояти қоидаҳои боло ба беҳбуди саломатии бемор ва натиҷабахш будани кори пизишкон кӯмак мекунад. 

ФОТО

 

ВИДЕО