БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бахши ангиопластикаи Бемористони Ибни Сино дар минтақа мавқеи аввалро ишғол менамояд.

  28-01-2013 Ба Бемористони Ибни Сино як нафар бемори  76 сола, бо нишонаҳои бемории стенокардия бо иллати дарди қафаси сина ва беҳушшавӣ муроҷиат намуд. Ин бемор каблан ба яке аз марказхои тиббии кишвар муроҷиат намуда, дар он ҷо амали ангиографияи шараёнҳои дил, шараёнҳои гардану мағзӣ бо номи коротит ва шараёнҳои гурда  шудааст

ва  тибки натиҷаи он дар ин шахс  бемории 3 раги коронарӣ (хунгарди дил) ва тангии шадиди шараёнҳои хоби дохилии чапу рост муайян шудааст. Ба бемор сипас амали эндартерэктамия, яъне тариқи ҷарроҳии боз тоза намудани дохили рагҳо тавсия дода мешавад. Бемор ба ҷарроҳии боз розӣ нашуда ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намуд. Дар ҳамон рӯз амали ангиопластикаи марҳилавӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳилаи аввал ангиопластикаи шараёни хоби дохилии рост (коротит) анҷом дода шуд ва тарики стендгузорӣ тангии раг боз карда шуд. Дар марҳилаҳои баъдӣ ангиопластикаи рагҳои хоби дохилии чап ва рагҳои коронарӣ дар назар аст. Аллакай пас аз як рӯзи ин амал бемор аз Бемористон мураххас гардид.

ФОТО

 

ВИДЕО