БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Раиси Бемористони Ибни Сино: “Кормандони мо омодаанд, ҷони мардумро наҷот диҳанд”

”Касоне, ки дар бахшҳои хатарнок кор мекунанд, бояд ҷубронпулӣ бигиранд” - изҳор дошт Абдухалил Холиқзода. 

Ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуданд. 

Ба ҳолати шоми 3-юми май дар муассисаҳои табобатии мамлакат 3084 нафар зери назорати табибон қарор дошта, 128 кас бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардиданд. Ҳамзамон ду ҳолати фавти шаҳрвандон аз Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар як шабонарӯзи охир 274 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шуданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо раиси ҳайати мудирони Бемористони байнулмилалии Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар бораи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии минбаъдаи бемории мазкур гуфтугӯ кард.

- Ба назари шумо, ҳоло мақомот барои таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ бояд кадом чораҳо андешад? 

- Бо назардошти он, ки марзҳо бастаанд, ҳукумат бояд таъминоти васоили ҳифозати шахсӣ, доруворӣ, василаҳои масрафӣ ва таҷҳизоти тиббиро бо назардошти эпидемия ва ниёзи бемористонҳо таъмин бикунад. Дао ҳолати камбуди васоили ҳифозати шахсии кормандони тиб, онҳо худашон сироят меёбанд ва камбуди шадиди нерӯи инсонӣ пеш меояд. Дар ҳолати набудани дору ва масрафиҳо аз дасти пизишкон коре намеояд ва маризон ба авориз дучор хоҳанд шуд.

Дар ин ҳод давлат бояд бемористонҳои хусусиеро, ки ба муборизаи зидди бемории Covid- 19 шарик мешаванд, аз пардохти ҳама намуд молиёт озод кунад. Ҳамчунин тамоми дорую васоили тиббӣ фавран аз боҷи гумрукӣ ва дигар молиёт озод карда шавад.

- Бемористони байнулмилалии Ибни Сино имрӯз бо кадом таҷҳизоти тиббӣ таъмин аст? Бо кадоме аз онҳо эҳтиёҷ доред? Кӣ ва чӣ тавр бемористонҳои шуморо бо дастгоҳу ашёи зарурӣ (ниқоб, либосҳои корӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ)) таъмин мекунад?

- Бемористони байнулмилалии Ибни Сино барои қабули маризони сироятӣ тарроҳӣ нашудааст. Бемористони сироятӣ аз даромадгоҳаш сар карда, то бахшҳояш тарроҳии махсус мехоҳад. Мо аз рӯзи 15- уми апрел ба омодашавӣ сар карда, як қатор бозсозиро анҷом медиҳем, то дар ҳоли қабули беморони уфунӣ кормандон сироят нашаванд. Мо бо дӯзандагиҳо либоси ҳифозатӣ ва моск супориш додем. Умедворам, ба зудӣ омодагии аввалия ба охир расад. Вале мо камбуди таъминот дорем ва ин масъаларо дар вохӯрӣ бо вазорати тандурустӣ матраҳ карданӣ ҳастем. Тест барои ташхиси Covid-19 надорем. Хушбахтона, бемористон бахши муҷҷаҳази эҳё дорад, ки дорои дастгоҳҳои навини нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) аст, вале тестҳои озмоишгоҳӣ ниёз хоҳем дошт. 

Бемористони байнулмилалии Ибни Сино аз ҷиҳати персонал дар ҳолати эпидемӣ омодагб надошт, вале тамоми кормандони мо омодаанд, ки ду баробар кор кунанд ва ҷони мардумро наҷот диҳанд. Бубинем, чӣ тавр хидмати онро ҷуброн карда метавонем. 

- Тибқи маълумоти мо, кормандони соҳаи тиб, алалхусус мутахассисони бемориҳои сироятӣ дар беморхонаҳои кишвар кофӣ нестанд. Оё баланд бардоштани моҳонаи кормандони соҳаи тиб дар шуъбаҳое, ки бо гирифторони коронавирус кор мекунанд, пешбинӣ шудааст?

- Албатта, касоне, ки дар бахшҳои хатарнок кор мекунанд, бояд ҷубронпулӣ бигиранд. Мо ҳатман саъй мекунем, ки персонал аз дастмуздашон розӣ бошанд. Табиист, ҳар корманде, ки сироят мешавад, ба таври ройгон ба пуррагӣ табобат карда мешавад.

- Оё номбар карда метавонед, ки мақомот дар ояндаи наздик кадом чораҳоро бояд биандешанд?

- Ростӣ, мушкилоти кории худам зиёд аст ва бояд кори худамро анҷом диҳам. Ҳар кас бояд дар ин марҳалаи ҳассос кори худашро хубу саривақт анҷом диҳад.

- Пешгӯии шумо оид ба шумораи сирояти коронавирус дар оянда чӣ гуна аст?

- Бубинед, ин вирус дар ҷомеа рафт ва бо назардошти гузарандагии хеле болояш ба зудӣ паҳн мешавад. Шояд дар ду-се моҳ 60-80% мардум олуда шаванд. Пешбинии Бонки Ҷаҳониро хондам ва муттаассифона, бо ҳамон мувофиқам. Бисёр мехостам, ки он пешбинӣ хато барояд.

Ин вирусро 85 фисади одамон хеле ба осонӣ аз сар мегузаронанд, бинобар дар ҳоли бурузи аломатҳои он аз қабили ҳарорати баланди бадан, беҳолӣ, сулфаи хушк ва ғайра набояд ба таҳлука афтод, балки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ худро кунҷнишинӣ кард, то наздикон олуда нашаванд ва бо пизишк тамос гирифт. Ин беморон метавонанд бо тавсияи мутахассисон табобатро дар хона бигиранд.

ФОТО

 

ВИДЕО

Холиқов Абдумурод ibnisino.tj

Тақвими рӯз

<< < Сентябр 2036 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30