БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: САИДАЛИЕВ ШЕРАЛӢ

Вуҷуди пандемия дар саросари ҷаҳон, ки боиси гӯшанишинии мардумон гаштааст, дар рӯҳия ва системи асаби одамон бетаъсир нест. Мутахассисон мегӯянд, ки ин вирус ба рӯҳияи мардум таъсири манфӣ гузошта, метавонад иддаеро гирифтори афсурдагӣ ва як силсила бемориҳои асаб кунад ва онҳо ниёз ба кумаки пизишкони асаб ва равоншиносон доранд.

Дар ин шароити ҳамагирӣ доктор Шералӣ Сайдалиев, асабшиноси Бемористони Ибни Сино, дар хидмати шумост.

Агар дар даврони қарантина дучори ҳамлаи асабӣ ва ё дигар мушкилоти системи асаб шудаед, метавонед ба ин асабшиноси ботаҷрибаи мо муроҷиат кунед.

Доктор Шералӣ Сайдалиев мутахассисест, ки беш аз 30 сол таҷриба дорад. Пизишки дараҷаи олӣ ва инсоне бисёр орому ботамкин мебошад.

Вай аз таҳсил дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соли 1985 фориғ шуд. Пас аз итмоми донишгох аз соли 1985 то 1987 ҳамзамон давраи интернатура дар бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб низ ба унвони асабшинос кор кард. Баъд фаъолияташро то соли 1996 дар ҳамин бемористон идома дод. Аз соли 1996 ба хизмати ҳарби даъват шуда, ба вазифаи Муовини сардори Госпитали ҳарбии гарнизони вилояти Суғд таъин шуд ва  ҳамзамон вазифаи сардори шӯъбаи бемориҳои асабро низ ба ӯҳда дошт. Аз соли 2005 то 2014 дар вазифаи сардори шӯъбаи бемориҳои асабу рӯҳии Госпитали марказии ҳарбии ВМ ҶТ адои хизмати ҳарби намуда, аз соли 2014 то 2016 ба ҳайси Раиси Комиссияи марказии тибби-ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ фаолият намуд.

Аз соли 2016 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба пазироӣ ва муолиҷаи гирифторони бемориҳои асаб машғул аст.

Тамоми бемориҳои асаб, бахусус эпилепсия, невралгияҳо, неврозҳо, оқибатҳои сактаҳо, хунрезии мағзи сар, осеби мағзи сар, осеби сутунмуҳра, остеохондроз ва оризаҳои он, бемориҳои ирсӣ ва пайдошудаи системи асаб, дарди нимсар, бемории Паркинсонизм, алоими паркинсонизми дуюминдараҷа ва ғайраро табобат мекунад.

Рӯзҳои пазириш: душанбе то ҷумъа аз 8:00 то 15:00

Ҳамеша рӯҳи болидаю асаби ором дошта бошед!

ФОТО

 

ВИДЕО