БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: ҚОДИРҶОН НИЁЗОВ

Қодирҷон Ниёзов пизишки умумӣ ва қалби Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар заминаи дармони умумӣ (терапия) ва муолиҷаи бемориҳои дил сӣ сол таҷрибаи корӣ дорад.

Аз 1981 то 1988 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил кард. Пас аз итмоми донишгоҳ дар соли 1991 дар Донишкадаи давлатии такмили ихтисоси шаҳри Алмаато (АГИУВ) дар заминаи кардиологӣ ва соли 2002 дар Академияи пизишкии шаҳри Тюмени Русия дар риштаи пизишкии умумӣ ихтисосашро такмил кард.

Соли 2016 дар Донишкадаи омодагии пасаздипломии тиббии шаҳри Душанбе омӯзиш дид. Инчунин дар соли 2019 барои боло бурдани маҳорати касбии худ дар Донишгоҳи таълими пайвастаи тиббии Қазоқистон (КазМУНО) дар заминаи кардиологияи клиникии интервенсионӣ таҳсил кард.

Дуктур Қодирҷон Ниёзов фаъолияти худро ҳамчун пизишки ташхиси функсионалӣ ва кардиолог аз замони Шӯравӣ шурӯю карда, то ба ҳол ба дармони беморон машғул аст.

Др. Ниёзов аз соли 2015 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино дар шаҳраки Бӯстон фаъолият дорад. Ӯ бештарин вазоифи филиали суғдии Бемористони Ибни Сино, аз қабул, машварат ва муолиҷаи беморон шурӯъ карда, то анҷоми озмоиши ЭХОКГ, тести варзиш, амали анжиографӣ ва мудириятро бар уҳда дорад.

Филиали суғдии Бемористон аз бахшҳои умумӣ, анжиографӣ ва анжиопластӣ, дармонгоҳи рӯзона, озмоишгоҳ ва дорухона иборат аст. Утоқи амали анжиографӣ бо тамоми васоили замонавӣ муҷаҳҳаз аст ва амалҳои анжиографии шараёнҳои перефералӣ, шараёнҳои гурдаҳо, дил ва каротидӣ ва инчунин амали анжиопластикии ҳамаи шараёнҳо дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони бахши душанбегии Бемористони Ибни Сино анҷом мешавад.

Дар дорухонаи филиали суғдии бемористон тамоми доруҳои лозима барои табобати беморон мавҷуд аст. Ба гуфтаи др. Қодирҷон Ниёзов озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино дар шаҳраки Бӯстон яке аз пешрафтатарин озмоишгоҳҳо маҳсуб мешавад. Дар ин озмоишгоҳ ҳамеша аз реактивҳои нав истифода мешавад ва тамоми навъи таҳлилҳо, аз ҷумла таҳлили сатҳи холестерин бо фраксияҳояш, триглисиридҳо, креатинин ва азоти боқимонда дар хун, коагулограмма бо INR, ҳамчунин экспрессозмоишҳои вируси ҳепотит, HIV ва RV дурусту дақиқ анҷом дода мешаванд.

Мутахассисони филиали суғдии Бемористони Ибни Сино ҳамарӯза аз соати 8-30 то 16-30 ва рӯзҳои шанбе аз соати 8:00 то 12:00дар хидмати дармонҷӯён ҳастанд.

ФОТО

 

ВИДЕО